Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ – амалӣ дар Академияи ВКД

256

Имрӯз аз тарафи кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ дар Академияи ВКД конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ислоҳоти милитсия дар робита бо ҷомеаи шаҳрвандӣ» баргузор гардид.
Дар он Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти рушди милитсия, ҷомеаи шаҳрвандӣ, устодони Академия, мутахассисон ва курсантон иштирок намуданд.
Конференсияи мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал–майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки имрӯз вобаста ба пайдо шудани хатарҳои нави ҷаҳонӣ вобаста ба инсоният, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус мақомоти милитсияро мебояд баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, нигоҳдории якпорчагии Тоҷикистон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҷамъиятӣ, ҳушёрӣ ва зиракии миллиро аз даст надода, пайваста бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳамкории зич қарор дошта бошад. Маҳз ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ омили пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо гардида, дар натиҷа фазои сулҳу субот ва оромии ҷомеа таъмин карда мешавад.

257
Сипас, Ҳамоҳангсозӣ миллӣ оид ба ислоҳоти рушди милитсияи ВКД, генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек Алиёрбек дар мавзӯи «Моҳияти асосии ислоҳоти милитсия барои солҳои 2014 - 2020», баромад намуда, зикр кард, ки милитсия дар сафи пеши мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ қарор дошта, новобаста аз муваффақиятҳои ба дастоварда, доимо дар инкишоф ва пешравӣ қарор дорад. Дар тақвият ба гуфтаҳои боло қайд кардан ба маврид аст, ки дар замони имрӯза низ ислоҳоти рушди милитсия ва наздик кардани он бо ҷомеа масъалаи асосии сиёсати ҳукумат ва давлат мебошад. Қабули барнома ва стратегияи рушди ислоҳоти милитсия дар давлат зинаи ибтидои дигаргуншавии сохтори ташкилӣ ва фаъолияти милитсия ба ҳисоб рафта, то кадом дараҷа бо воқеъияти ҳаёти зиндагӣ наздиқ гардонидани он аз мою шумо вобастагии калон дорад.
Дар ҷараёни конференсия, аъзои шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия Бобоназарова Сайрам Меликовна дар хусуси «Нақши шӯрои ҷамъиятӣ дар раванди ислоҳоти милитсия», сардори кафедраи ҳуқуқи граждании факултети №2, майори милитсия Қурбонов Абдулвоҳид Абдулаҳадович дар мавзӯи «Заминаҳои қонунгузор дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва дигарон суханронӣ намуда, фикру андешаҳои худро иброз намуданд.
Дар конференсияи мазкур, ҳамчунин кормандони Раёсати таҳқиқи ВКД иштирок намуда, оид ба мавзӯъҳои дахлдор андешаҳои худро баён доштанд.
Дар охир, миёни иштирокчиён баҳсҳои илмӣ сурат гирифта, фикру андешаҳо ва таклифҳои муносиб баҳри боз ҳам устувор намудани робитаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҷараёни Ислоҳоти милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод карда шуд.
Муаллими калони кафедраи
ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти
маъмурии факултети №2,
капитани милитсия
Ғафуров Д.А.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...