Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Анҷоми марҳилаи дуюми курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос дар Академияи ВКД

255561

Дар асоси супориши роҳбарияти ВКД, баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, дар заминаи кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 Академияи ВКД, бо фарогирии 28 нафар кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аз санаи 14 то 26 майи соли равон, курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос гузаронида шуданд. 

562

Аксарияти шунавандагони курсҳои такмили ихтисос, ки аз дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштанд, ба тарз ва усули гузаронидани чунин дарсҳо, вохӯриҳо баҳои хуб дода, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Онҳо баргузор гардидани чунин курсҳоро барои кормандони дигар мақомотҳо муҳим арзёбӣ карданд.
Дар марҳилаи дуюми курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос, бо иштироки муовини аввали сардори Академия ВКД, генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ. ба шунавандагони курсҳои такмили ихтисос шаҳодатномаҳо супорида шуд.

Сардори кафедраи такмили
ихтисоси факултети № 3
подполковники милитсия 
Д.Д. Ҳалимзода

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...