Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар Академияи ВКД

254

Рӯзи 25 майи соли 2018, дар Академияи ВКД конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Сиёсати ҷиноятӣ дар ҷодаи тамоюлҳои муосири ҷаҳонӣ», ки ба 20-солагии қабули Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, баргузор гардид. 
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., ифтитоҳ намуд.
Сипас, сардори Донишкадаи таҳсилоти баъди мактаби олии Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи Б.Бейсенови шаҳри Караганда, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники политсия Уметов А.У., ёрдамчии сардори Академияи ВКД Россия (оид ба робитаҳои байналмилалӣ) - роҳбари гурӯҳи робитаҳои байналмилалӣ, майори политсия Агафонов М.В., муовини сардори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Ҳайдарзода Муртазо баромад намуданд. Дар кори конференсия муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исоқӣ Амирхон Нусратулло, муовини сардори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Нурзода Т., сармутахассиси шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ш.М., профессори кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Азиззода У.А., сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Сафарзода А.И., омӯзгори калони Мактаби олии КДАМ, номзади илмҳои ҳуқуқ Гайратов Т.М., инчунин, намояндагони Прокуратураи генералӣ, судҳо, мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. 

548

Дар рафти конференсия масъалаҳои гуногуни сиёсати ҷиноятӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла, сиёсати ҷиноятӣ-ҳуқуқии ҳимоя намудани фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоюли инкишофи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷиноятҳо бар зидди сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, инкишоф ва масъалаҳои қонунгузории ҷиноятӣ дар самти мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ), масъалаҳои содир намудани ҷиноят аз тарафи ноболиғон, нақши мақомоти қонунгузорӣ дар коркард ва қабул намудани меъёрҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра баррасӣ шуданд. 

549

550

Дар охир Протокол оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмӣ байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Караганда ба номи Б.Бейсенов ва Академияи ВКД Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.
Каримова Л.М.
Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...