Оилаи солим-такягоҳи давлат
Оила ва оиладорӣ пеш аз ҳама дар асоси ишқи пок ва садоқату ватандорӣ устувор мебошад. Дар зиндагии оилавӣ сабру таҳаммул ва муросову мадоро мавқеи муҳим дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: «Мо ин сиёсатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароғи оила, нерӯи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем ва дар сохтору мақомоти давлатӣ сафи онҳоро бештар мегардонем».
Хулоса, оилае, ки пояаш ба муҳаббат асос ёфтааст, оилаи хушбахт аст. Дар мазраи диле, ки муҳаббат парварида мешавад, гули вафо, устуворӣ, матонат ва фазилатҳои неки инсонӣ бояд шукуфон бошад. Ишқ одамро дар роҳи мурод пухтаву мубориз мегардонад.
Бахшида ба «Рӯзи оила» 24 майи соли 2018, аз тарафи кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №4 Академияи ВКД конференсияи илмӣ – назариявӣ бахшида ба «Рӯзи оила» таҳти унвони «Оилаи солим шоҳсутуни асосии давлатдорист» ташкил ва гузаронида шуд.
Конференсияи мазкурро муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД, подполковники милитсия Хушвахтзода Х.Х., ҳусни оғоз бахшида, оид ба мавзӯи зикргардида андешаҳои худро иброз дошт.
Сипас, суханро сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, полковники миилитсия Муллобоев М.Р. , идома дода, дар хусуси рукнҳои асосии оиладорӣ баромад намуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд Сангинова М.А., дар мавзуӣ «Нақши оила дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон», корманди иҷтимоии маркази занони «Гулрухсор» Эшонова Ш.И., дар мавзуӣ «Оила макони меҳру муҳаббат», устоди ҳамин кафедра, майори милитсия Ҷӯраева Д., дар мавзӯи «Оилаи солим такягоҳи давлат » баромад намуда фикру ақидаҳо хешро иброз намуданд.
Дар чорабинии мазкур ҳамчунин курсант духтарони курси 1-уми Академия Давлатова Ш., Давлатова Ҷ., Нуруллоева М.Н., Ҳасанова Н., шеърҳоро дар васфи модар, падар ва оила қироат намуданд.
Дар хотима доир ба мавзӯҳҳои баррасишаванда иштироккунандагон саволҳо дода, ба он посухҳои мушаххас гирифтанд.
Сардори кабинети кафедраи
ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти
маъмурӣ, сержанти калони милитсия
Маруфзода М.М.