Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонон – таҳкимбахшандагони сиёсати давлатӣ

250

Бахшида ба «Рӯзи ҷавонон» рӯзи 23-юми майи соли 2018, аз тарафи кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №4 Академияи ВКД конференсияи илмӣ – назариявӣ бо аъзоёни ҷамъияти илмии курсантон ва аъзоёни кафедра таҳти унвони «Ҷавонон ояндаи миллат ва бунёдкунандаи давлати демократӣ» ташкил ва баргузор карда шуд.
Конференсияи мазкурро сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ полковники милитсия Муллобоев М.Р., ҳусни оғоз бахшида, оид ба нақши созгори ҷавонон дар пешрафту тараққиёти кишвар ва корҳои созандагию бунёдкории ин насли ояндасоз суханронӣ намуд.
Дар конференсияи илмӣ – назариявӣ раиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ҳуҷанд Исматҷонов Б.Ҳ., дар мавзӯи «Ҷавонон пайрави пешвои миллат», устоди кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ Абдуллозода Д.А., дар мавзӯи «Ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи давлату миллатанд» ва курсанти курси 4-ум Қулайлиева Г., дар мавзӯи «Ҷавонон пешбарандаи ҷомеа» баромад намуданд.
Дар охири конференсия миёни ширкаткунандагон мубодилаи афкор сурат гирифта, онҳо ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Сардори кабинети кафедраи
ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти
маъмурӣ, сержанти калони милитсия
Маруфзода М.М.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...