Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба даст овардани ғолибият дар V-умин Спартакиада

248

Имрӯз (24.05.с.2018) дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ маросими кушодашавии мусобиқаҳо аз намуди шоҳмот, сангбардорӣ ва тенниси рӯйи миз бо иштироки намояндагони V-умин Спартакиадаи ҳарсолаи Ассотсиатсияи мактабҳои олии ВКД-политсияи кишварҳои аъзои ИДМ оид ба тайёр намудан, баланд бардоштан ва такмили ихтисоси ҳайати роҳбарикунанда баргузор гардид. 
Дар мусобиқаи мазкур намояндагони Академияҳои Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, роҳбарият ва курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.

371372

Дар оғози мусобиқа суруди миллӣ садо дода, мусобиқаи варзишӣ ҳусни оғоз ёфт. 
Нахуст меҳмонон ва ширкаткунандагони Спартакиадаро дар толори Маҷамааи варзишӣ муовини аввали раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД, подполковники милитсия Аслиддин Шоҳиён ба сарзамини Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, иброз дошт, ки соҳаи варзиш яке аз соҳаҳои муҳимми ҷомеа ба шумор рафта, баҳри боз ҳам рушду нумӯъ ёфтани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ тамоми тадбирҳо андешида мешавад. 
Боиси хушнудист, ки соҳаи варзиш муносибатҳои дӯстонаро байни тамоми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва берун аз он тақвият дода, ин соҳа сол то сол рӯ ба пешравӣ меорад.
Сипас, мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди шоҳмот, сангбардорӣ ва тенниси рӯйи миз оғоз гардида, доварон аз рафти ин бозиҳо бо майли беандоза назорат менамуданд. Ҳамин тавр дар бозии шоҳмот ҷойи аввалро омӯзгори калони кафедраи ташкили фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯии Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия, подполковники политсия Ханнанов Радмил Рафкатович гирифта, ҷойи дуюм ба сардори шуъбаи таълимии Академияи ВКД, полковники милитсия Абдуғаффор Одиназода насиб гардид. Ҷойи сеюмро дар ин намуди бозӣ омӯзгори калони кафедраи мурофиаи ҷиноятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон, майори политсия Рахимов Серик Сапарович сазовор гашт.

373374375

Дар ҷараёни мусобиқаи варзишӣ аз намуди тенниси рӯйи миз курсанти Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия Толибов Наврӯз ғолиби ҷойи аввал гардида, дар ин намуди мусобиқа ҷойи дуюмро ёрдамчии сардори Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, роҳбари гурӯҳи равобити байналмилалӣ, майори политсия Агафонов Михаил Вячеславович ба даст овард. Курсанти курси дуюми Академияи ВКД, милитсияи қаторӣ Баёзов Амир дар мусобиқаи мазкур ҷаҳду талоши бештаре дошта, сазовори ҷойи сеюм гардид.
Дар мусобиқаи варзишӣ аз намуди сангбардорӣ муаллими кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонии Академияи ВКД, лейтенанти милитсия Раззоқов Неъмат бо нишон додани маҳорати баланди касбӣ ҷойи аввалро ишғол намуда, шунавандаи факултети тайёр намудани роҳбарони мақомоти корҳои дохилии минтақавии Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия, майори политсия Радионов Димитрий Валерович ба гирифтани ҷойи дуюм сазовор гардид. Инчунин, дар ин намуди мусобиқа курсанти курси чоруми Академияи ВКД, милитсияи қаторӣ Неъматов Мансур ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф гардид.
Қобили қайд аст, ки V-умин Спартакиадаи ҳарсолаи Ассотсиатсияи мактабҳои олии ВКД-политсияи кишварҳои аъзои ИДМ оид ба тайёр намудан, баланд бардоштан ва такмили ихтисоси ҳайати роҳбарикунанда дар сатҳи зарурӣ доир гардида, иштирокчиён ва ҳаводорони соҳаи варзиш аз баргузории ин чорабинӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

377

Ҳамин тавр, миёни се дастаи варзишӣ сабқат ҷамъбаст гардида, мақоми аввал насиби варзишгарони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойи дуюм ба намояндагони Академияи ВКД Федератсияи Россия ва ҷойи сеюм ба варзишгарони Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон муяссар гардид.
Дар охири Спартакиада ба иштирокчиён аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷом, медал ва Ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
Рухшона Шукурова
София Шоикова

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...