Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози V-умин Спартакиадаи ИДМ дар Академияи ВКД

244369

Рӯзи 23-юми май дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими оғози V-умин Спартакиадаи ҳарсолаи Ассотсиатсияи мактабҳои олии ВКД-политсияи кишварҳои аъзои ИДМ оид ба тайёр намудан, баланд бардоштан ва такмили ихтисоси ҳайати роҳбарикунанда баргузор гардид.

365
Нахуст, меҳмононро дар саҳни Академияи ВКД дар фазои тантанавӣ пешвоз гирифтанд. Сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, қайд кард, ки баргузории чунин чорабинии бонуфуз дар Академияи ВКД боиси ифтихор мебошад.
Сипас, ёрдамчии сардори Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, роҳбари гурӯҳи равобити байналмилалӣ, майори политсия Агафонов Михаил Вячеславович барои пешвозгирӣ ва меҳмоннавозии роҳбарияти Академия ва ташаббусҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оид ба баргузории ин Спартакиада изҳори сипос намуд.

251

367368

Меҳмонон аз дастовардҳои варзишӣ, намоишгоҳи китобу маҷаллаҳо ва ҳунарҳои мардумӣ боздид ба амал оварда, ба ҳунарҳои қадимаи тоҷикон ва боигариҳои табиии Тоҷикистон баҳои баланд доданд. Онҳо, ҳамчунин аз синфхонаҳои Академия дидан намуданд.
Бояд гуфт, ки Спартакиадаи мазкур то 26-уми май идома меёбад.
София ШОИКОВА

 
 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...