Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «Рӯзи ҷавонон»

242

Дар асоси Нақшаи чорабинии кори кафедраи фанҳои давлатӣ - ҳуқукӣ санаи 18 май дар факултети № 4 –и Академияи ВКД, мизи мудаввар бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «Рӯзи ҷавонон» баргузор гардид.
Мизи мудавварро сардори кафедраи фанҳои давлатӣ - хуқуқӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Ҳоҷибова З.М., ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо «Иди оила» ва «Рӯзи ҷавонон» табрик намуда, иброз дошт, ки тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ қайд намуданд, «Танзими оила барои мо амали тақлидкорона ва зоҳирпарастӣ нест, балки зарурати шадиди ҳалли маҷмӯи масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоист, ки дар назди ҷомеа қарор дорад».

243
Ҳар сол санаи 15-уми май бузургдошти «Иди Оила» бо шукӯҳу шаҳомат қайд карда мешавад. Тамоми бурду бохти зиндагӣ бо кори оила ва оиладорӣ зич марбут аст. Давлат ба оила, ҳамчун ҷавҳари ҷамъият аҳамияти ҳамаҷониба медиҳад. Аз ин рӯ оила – чун асоси ҷамъият дар ҷомеаи мутамаддин мақоми хоса дорад, ки оилаи имрӯзаи ҷомеаи демократии мо табиатан аз он оилаҳои панҷоҳ соли қаблӣ, аз нигоҳи диду фаросат фарқ мекунад. Бинобар ҳамин, солҳои охир ба масъалаи оила ва оиладорӣ ҳамчун яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа аҳамияти махсус дода мешавад.
Ҳадаф аз баргузории чунин тадбирҳо он аст, ки аҳли ҷомеа ва алалхусус ҷавонон, оилаҳои солим бунёд намоянду ҳамарӯза хушбахт бошанд, оилаҳо вайрон нашаванду решаҳои издивоҷашон мустаҳкам бошанд, давлатамон тавоною миллатамон сарбаланду пойдор, фарзандонамон солиму некбахт ва некному некрӯз бошанд.

Бояд тазаккур дод, ки устодони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ бо мақсади фаҳмонидани моҳияти оиладорӣ, тарзи ҳаёти солим, мизи мудавварро бо иштироки кормандони соҳаи тандурустӣ ташкил намуданд.
Сипас, духтур - эҳёгари таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд Юсупов Алиҷон дар мавзӯи «Тарзи ҳаёти солим, сарчашмаи оилаи солим» сухан ронда, қайд кард, ки Ҳукумати мамлакат бо сарварии Президенти мамлакат ба масъалахои оила, аз ҷумла масъалаи зӯроварии хонаводагӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд ва барои пешгирӣ намудани ин омилҳои номусоид дар ҷамъият ҳама гуна чораҳоро меандешанд. Оилаи солим метавонад заминаи ҳастии миллатро таъмин намудаву имконияти воқеии арзи ҳастӣ намудани онро ҳамчун як миллати солим устувор ва побарҷову ояндадор кафолат диҳад. Инчунин бо мақсади насли солим аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 қарор қабул карда шудааст, ки никоҳи хешу таборӣ манъ аст. Зеро ин оила дар оянда метавонад кӯдакони носолимро ба олами ҳастӣ офарад.
Сипас, духтури занонаи таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд Юсупова Дилноза Маъруфҷоновна., баромад намуда, қайд кард, ки насли солим аз модари солим сарчашма мегирад, зеро солимии оила, солимии ҷомеа мебошад.
Дар охири чорабинӣ баҳри ширкаткунандагон слайд дар мавзӯи «Тарзи ҳаёти солим» намоиш дода шуд.

Муаллимаи кафедраи
фанҳои давлатӣ- ҳуқукӣ
лейтенанти калони милитсия Тоҳирзода Ш.О.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...