Ташкили курсҳои олии академӣ
Дар асоси иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ва супориши Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., дар заминаи факултети №1 Академияи ВКД бо муовинони сардорони Шуъбаҳои ВКД оиди кор бо ҳайати шахсии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Курсҳои олии академӣ баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби профессорону омӯзгорони пуртаҷрибаи Академия дар мавзӯҳои ташкили корҳои тарбиявӣ, маданияти муошират, муқовимат бо коррупсия, ташкили кори оперативӣ-тафтишотӣ, сотсиология ва психологияи роҳбарӣ, низоъ, ва дигар фанҳои муҳим, машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуданд.
Ҳамчунин бо ташаббуси муовини сардори Академия оиди кор бо ҳайати шахсӣ, полковники милитсия Шарифзода М. ва сардори факултети №1 номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Нозиров Н.А., шунавандагони Курсҳои олии академӣ ба тамошои Осорхонаи ВКД, бинои маъмурии нави Академия ҷалб карда шуданд. Баҳри тақвияти робитаи назария бо амалияи Мақомоти корҳои дохилӣ дар таърихи 15 май вохӯрии муовинони сардорони ШВКД оиди кор бо ҳайати шахсии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо курсантони курси 1-и факултети №2 баргузор гардид.
Муовинони сардорони ШВКД ба курсантон оид ба талаботи Вазорат, риояи қонуният ва интизоми хизматӣ, донистани ҳуҷҷатнигорӣ ва чолокию ҷасурӣ нақл карда, оид ба дастовардхои МКД, ташкили корҳои тарбиявӣ, ғамхориҳои бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., дар тахкими асосҳои моддӣ ва маишии Вазорати корҳои дохилӣ сӯҳбатҳои муфид намуданд.
Рӯзи 19 майи соли ҷорӣ, ба муовинони сардорони ШВКД оиди кор бо ҳайати шахсии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир ба хатми курси мазкур аз ҷониби муовини аввали сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ., сертификатҳо супорида шуданд.
Нозиров Н.А., полковники милитсия