Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузор гардидани он-лайн конференсияи байналмилалӣ

234

Мутобиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмӣ байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар шаҳри Ростови лаби Дон, ки дар соли 2017 ба имзо расидааст, санаи 18 майи соли ҷорӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами татбиқкунии қонунгузории ҷиноятӣ» (Актуальные проблемы применения уголовного законодательства) дар режими он-лайн гузаронида шуд. 

235

Бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар шаҳри Ростови лаби Дон оид ба таълим, номзади илмҳои таърих, дотсент Андрей Иванович Митин баромад намуда, барои ҳамкории таъсирбахш ба роҳбарияти Академияи ВКД арзи сипос намуд.
Дар он-лайн конференсия мутахассисон ва олимони Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар шаҳри Ростови лаби Дон – муовини сардори Донишкадаи мазкур оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент А.Ю.Терехов, сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминологияи Донишкада, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Е.В.Безручко, номзади илмҳои ҳуқуқ Н.А.Вакуленко, номзади илмҳои иҷтимоӣ И.В.Упорникова, номзади илмҳои ҳуқуқ Н.С.Сорокун, номзади илмҳои ҳуқуқ В.Ю.Казанков иштирок намуданд.
Аз номи Академияи ВКД дар кори он-лайн конференсия сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, майори милитсия Р.Р. Юлдошев, сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети № 2, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия С.Ҳ. Ҳусейнзода, сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Ҳ.С. Сафаров, омӯзгори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Ф.М. Хайров бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Баъд аз анҷоми маърӯзаҳо аз тарафи олимони Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар шаҳри Ростови лаби Дон ба маърӯзачиён оид ба хусусиятҳои мубориза бар зидди экстремизм, терроризм, воситаҳои нашъадор ва прекурсорҳо, инчунин дигар саволҳо вобаста ба ҷинояту ҷинояткорӣ дода шуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар кори конференсия ҳамчунин дигар омӯзгорону мутахассисони Академияи ВКД фаъолона ширкат варзиданд.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...