Саҳмгузории кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар ободонии Боғи «Ғалаба»-и шаҳри Душанбе
Таъмиру азнавсозӣ ва ободу зебо гардонидани муҳити атроф яке аз самтҳои афзалиятнок дар Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳисоб меравад, ки пайваста кормандони ин ниҳод ба корҳои ободонӣ сафарбар карда мешаванд.
Аз ҷумла бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, дар якҷоягӣ бо курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва бо ҷавонони гурӯҳи «Авангард» баҳри ободу зебо гардонидани гӯшаю канори Боғи «Ғалаба»-и шаҳри Душанбе бо иштироки сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон, полковники милитсия Абдусаттор Фаттозода ба шанбегии умумӣ баромаданд.
Бояд зикр намуд, ки ҷиҳати ободу зебо гардонидани муҳити атроф ва тозаву озода гардонидани пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе дар доираи соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» вазифаи ҳар як сокини пойтахт ба ҳисоб меравад. Дар ин росто кормандони мақомоти милитсия низ дар корҳои ободонӣ саҳми худро мегузоранд.
Дилшод ХОЛОВ.