Изҳори сипосмандӣ ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мо як гуруҳ шунавандагони курси такмили ихтисоси самти БДА дар муддати як моҳ дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таҳсил намуда, аз баъзе тағйироту навовариҳои машғулиятҳои таълимӣ хеле шод гаштем.
Дар раванди таълим ба мо муяссар шуд, ки аз масъалаҳои мубрам ва мушкилоти хизматӣ, ки дар амалия рӯ ба рӯ мешудем, аз наздик шинос шавем ва бар замми он донишҳои муайяни назариявиро низ касб намоем.
Нисбати солҳои пешин аз тарафи ҳайати устодони факултет ва кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос машғулиятҳо хеле ҷаззобу шавқовар гузаронида мешуданд.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро доир ба баланд бардоштани савияи дониши шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва қарорҳои ҷаласаи фаврии назди сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ доир ба истифодаи методҳои навгонӣ дар раванди таълим дар кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр навовариҳо гузаронида шудаанд. Аз ҷумла, дар тӯли як моҳ мо шунавандагон тавонистем, бо мутахассиси варзида дар Донишгоҳи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон эксперт – сангшинос Насриддинов Замониддин доир ба мавзӯи «Сангҳои қимматбаҳои Тоҷикистон» дар машғулияти назариявию амалӣ маълумоти кофӣ бигирем. Донишҳои сангшиносӣ минбаъд ба мо имконият медиҳад, ки аз қочоқи сангҳои қиматбаҳо бохабар бошем ва саривақт қонуншиканиҳоро пешгирӣ намоем.
Дигар машғулияти хотирмон ин машғулияти амалӣ аз тарафи сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ полковники милитсия Муллобоев Муҳаммадҷон дар мавзӯи «Азназаргузаронии ҷойи ҳодисаи садама» мебошад. Устод тавонистанд, ба мо масъалаҳои ҳалталаби ҳолатҳои садамаҳои гуногунро ба тариқи амалӣ нишон дода, маслиҳатҳои муфидро пешниҳод намоянд. Масъалагузорӣ ва ҳалли онҳо яке аз унсурҳое буданд, ки мо шунавандагон гузашти вақтро дарк намекардем.
Машғулияти амалии тайёрии оташфишонӣ, ки дар синфхонаи «Тир»-и факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ҳар дарс гузаронида мешуд, барои мо шунавандагон хеле шавқовар буд. Барномаҳои тарҳрезишудаи компутерӣ ва истифодаи силоҳи оташфишон дар ҳолатҳои гуногуни ҳаётӣ яке аз масъалаҳое буданд, ки мо шунавандагон мекӯшидем, тибқи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи милитсия» силоҳҳоро истифода намоем ва ё истифода накунем. Машғулиятҳои таълимии ин фан, ки аз тарафи полковники милитсия Собиров И.Ғ. гузаронида мешуд, хеле мароқовар буданд.
Муаллими ҳамкори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ полковники мустаъфӣ Зокиров Б.Э. ба мо шунавандагон доир ба аломатҳои нави роҳ, зарурияти ин аломатҳо, тағйироту иловаҳо ба қоидаи ҳаракати роҳ маълумоти муфассал доданд ва афзалияти ин тағйироту иловаҳоро барои бартарафсозии камбудиҳо фаҳмониданд. Машғулияти собиқ корманди БДА полковники мустаъфӣ Зокиров Б.Э. хеле шавқовар ва зарур буд.
Коркарди тестҳои психологӣ аз фанни этика ва психологияи касбӣ ба мо имконият медоданд, ки ҳолатҳои руҳиву равонии инсонро дуруст дарк карда тавонем. Дар ин машғулият мо тавонистем, аз наздик бо Кодекси нави одоби касбии милитсия аз талаботи ВКД нисбат ба кормандон дар ҳолатҳои муносибат бо ҳамдигар ва шаҳрвандон, меъёрҳои рафтор, тарзи либоспӯшӣ, намуди зоҳирии корманд маълумоти кофӣ касб намоем.
Ҳамаи фанҳои таълимӣ барои мо - шунавандагон аз тарафи устодони факултети №4 бо воситаҳои айёниву техникӣ гузаронида мешуданд, ки мо инро аз талаботи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани савияи дониши кормандон медонем.
Аз ин лиҳоз, мо шунавандагони курси такмили ихтисоси самти БДА ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ва сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. изҳори сипосмандӣ менамоем, ки барои гузаронидани чунин машғулиятҳо шароити мусоид фароҳам овардаанд.
Шунавандагони курси такмили ихтисоси самти БДА – 14 нафар