Вохӯрии аъзоёни “Шӯрои ҷавонон”-и Академияи ВКД бо хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе
Таъмин намудани риояи қонунгузорӣ дар бораи ноболиғон ва ҷавонон, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, назорати сифати таълиму тарбия ва пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғону ҷавонон аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами рӯз буда, мавриди таваҷҷуҳи доимии ниҳодҳои дахлдори давлатӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ қарор дорад.
Таълиму тарбияи насли наврас мақсаду мароми асосии сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ба шумор рафта, рушди ояндаи ҷомеаро бе тарбияи дурусти он душвор мегардонад. Барои амалишавии ин мақсад дар назди давлат ва ҷомеа як қатор уҳдадориҳо гузошта шуда, давлату Ҳукумат баҳри расидан ба ин ҳадафи муҳим ҷидду ҷаҳд менамоянд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» муҳимияти масъалаи мазкурро бозгӯ намуда, масъулияти волидайнро дар муваффақ гаштан ба тарбияи дурусти фарзандон бештар сохт. Падару модаронро мебояд масъулияти бар дӯш доштаашонро ҳис намоянд ва нагузоранд, ки фарзандони онҳо ба амалу кирдорҳои ношоиста даст зананд.
Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Академияи ВКД дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе вохӯрии Аъзоёни “Шӯрои ҷавонон”-и Академия бо хонандагон ва омӯзгорон баргузор гардид.
Мақсади асосии ин вохӯриҳо пеш аз ҳама пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва равияҳои ғайриқонунии динӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояткорӣ ва дигар омилҳои номатлуби иҷтимоии наврасон ва ҷавонон мебошад.
Дар вохӯриҳои мазкур Раиси “Шӯрои ҷавонон”-и Академия, лейтенанти калони милитсия Мардонов Сафармуҳаммад вобаста ба сатҳи ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ҷавонон ва наврасон баромад намуда, инчунин баён доштанд, ки танҳо дар якҷоягӣ бо мактабу маориф ва робитаи зич бо волидайн мо метавонем ба ҳама гуна зӯроварию ҷиноятпешагӣ ғолиб оем.
Номбурда мисолҳои дақиқ аз шомил гардидани баъзе ҷавонон ба чунин равияҳо оварда, зикр кард ки ҳаракату равияҳои эктремистиву террористӣ ҳеҷ умумияте бо дин надоранд. Зеро террорист дин, мазҳаб, нажод, миллат ва давлат надорад.
Ҷавонон қувваи бузурганд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ ояндаи неки давлатро интизор мешавад. Аз ин рӯ, онҳо дар кадом муҳите, ки ба воя расанд, мувофиқи он дар ҷомеа амал мекунанд. Ин аст, ки бояд ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия ёбанд, афзуд Мардонов Сафармуҳаммад.
Дар вохӯриҳо, инчунин аз Аъзоёни "Шӯрои ҷавонон"-и Академияи ВКД Ҳокимҷон Ҳабибов, Шаҳбоз Латипов, Саидов Толибҷон, Холов Фирдавс ва дигарон роҷеъ ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терроризму экстремизм, иштироки ҷавонон дар ҷангҳои кишварҳои хориҷ, амалишавии қонунҳо ва дигар масъалаҳо ибрози назар карданд.
Ҳадаф аз доир намудани вохӯрии пайвастаи аъзоёни "Шӯрои ҷавонон"-и Академияи ВКД бо мактаббачагону донишҷӯён пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, тарбияи дурусти насли наврас ва воқиф намудани онҳо аз авзои кунунии ҷомеаи ҷаҳон буда, ба ин васила робитаи милитсия бо ҷомеа мустаҳкам мегардад.
Зимни мулоқот аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки тамоми нерӯи хешро барои ободии марзу буми аҷдодӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона созанд.
Чунин чорабиниҳои мақсаднок пайваста дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шуда, Аъзоёни “Шӯрои ҷавонон”-и Академияи ВКД мунтазам сӯҳбату вохӯриҳои судманд бо хонандагон доир менамоянд.
Ҳабибов Ҳокимҷон Тоҳирҷонович,
курсанти курси 3-юми факултети №5
Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон