Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо донишҷӯён ва баррасии ҳалли мушкилоти онҳо

224Дар асоси дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 11-уми майи соли 2018 бо ташаббуси Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ҷиҳати дастгирӣ ва кӯмаки донишҷӯёне, ки аз вилояти Суғд дар дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таҳсил менамоянд, вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишҷӯёни дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар иштирок доштанд.
Чорабинии мазкур дар тарабхонаи «Қанд»-и шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз факултетҳои №2 ва №5 иштирок доштанд.
Дар ин чорабинӣ Раиси шаҳри Хуҷанд суханронӣ намуда, қайд кард, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушду нумӯъ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар Тоҷикистон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Ҳамчунин Президенти мамлакат дар Паёми худ қайд намуданд, ки «Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имкониятҳои беҳтаринро муҳайё кардааст».

225
Мақсад аз баргузории вохӯрӣ бо донишҷӯён бохабар шудан аз ҳолу аҳволи онҳо, расонидани кӯмак ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии онҳо дар давоми таҳсил иборат буд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ барои донишҷӯён дастурхони идони ороста шуда, ҳар кадоми онҳо бо таҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Гузаронидани чунин намуди чорабиниҳо аз ҷониби шахсони мансабдори давлатӣ ҷиҳати фаро гирифтани дастгирии ҳаматарафаи донишҷуён ва курсантон саривақтӣ буда, барои боз ҳам хубтар аз бар намудани дониш ва касбу ҳунар ба онҳо кӯмак хоҳад кард.
Охматов С.Р., сержанти хурди милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...