Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари илмӣ-амалии «Баамалбарории Стратегияи ислоҳоти милитсия: воситаҳо, усулҳо ва дурнамо»

209

8 майи соли 2018 дар факултети №1 Академияи ВКД семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Баамалбарории Стратегияи ислоҳоти милитсия: воситаҳо, усулҳо ва дурнамо» бо иштироки ҳайати доимӣ ва тағйирёбанда, ҳамчунин меҳмонони таклифшудаи факултети мазкур баргузор гардид.

210211

Дар семинар Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Шодмонбекзода Фарҳодбек Алиёр бо маърӯза дар мавзӯи «Масоили ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти ислоҳоти милитсия», сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, майори милитсия Юлдошев Р.Р. бо маърӯза дар мавзуи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа», сардори кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1, номзади илмҳои таърих, майори милитсия Алимардонов М.У. бо маърӯза дар мавзӯи «Таъсироти ислоҳоти милитсия ба идоракунии мақомоти корҳои дохилӣ» баромад намуданд.
Алимардонов М.У., майори милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...