БАХТНОМАИ МИЛЛАТ: НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН
Ин санади муқаддасу тақдирсоз ва ифодагари азму иродаи мардум роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян намуд.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар саргузашти ҳар халқ воқеаҳое вуҷуд доранд, ки бо сипарӣ шудани замон моҳияти худро гум намекунанд, балки бараъакс, қадру қимматашон дар замири инсонҳо боз ҳам амиқтар дарк мегардад. Ин гуна руйдодҳои таърихӣ масири рушди кишварро тағйир дода, орзуву омоли деринаи аҳолиро амалӣ мегардонанд ва барои ояндагон роҳи ҳаёти саодатмандро мунаввар мекунад. Барои мардуми куҳанбунёди тоҷик яке аз ҳамин гуна санаҳои муҳиму мондагор 6 ноябри соли 1994 – Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин ҳуҷҷати муътабар, ки дар айёми ниҳоят ҳассосу пурталотуми таърихӣ таҳия ва пазируфта шуд, пояҳои ҳуқуқии давлатдории муосири моро устувор сохт ва ҳамчун нишонаи бовариву эътимоди ҷомеа ба ояндаи дурахшон пазируфта шуд. Маҳз ба ҳамин хотир, Конститутсияро ба ғайр аз Қонуни асосӣ, ҳамзамон бахтномаи миллат, шиносномаи давлат ва ҳуҷҷати тақдирсози мардуми Тоҷикистон унвон мекунанд
Вале чаро онро маҳз бахтнома? Сабаб чист, ки ҳуҷҷати фарогири қоидаҳои ҳуқуқӣ, озодиҳо ва уҳдадориҳои шаҳрвандон дар тафаккури ҷомеа ба чунин ҷойгоҳи воло расидааст? Барои дарёфти ҷавоб ба ин пурсиш зарур аст, ки ба лаҳзаҳои душвору пурфарозу нишеби таърихи муосири кишвар рӯ оварем. Зеро қимати воқеии Конститутсияро наметавон фақат тавассути омузиши банду моддаҳои он баҳогузорӣ кард. Барои эҳсоси аҳамияти бузурги ин санад бояд ба ёд овард, ки он дар кадом вазъияти печида ба тасвиб расид, халқ кадом озмоишҳои вазнинро паси сар намуд паси сар намуд ва қабули ва қабули ин қонун дар қалби мардуми ранҷдида чӣ гуна шуъла умедро фурузон сохт.
Соли 1991 халқи тоҷик ба бузургтарин ормони таърихии худ - Истиқлоли давлатӣ ноил гардид. Пас аз садсолаҳои пуршебу фарози таърихӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ба арсаи байналмилалӣ қадам гузошт. Ин рӯйдод мебоист оғози марҳалаи нави созандагӣ, худшиносӣ ва эҳёи давлатдории миллӣ мегардид. Вале, мутаассифона, рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ бо мушкилоти ниҳоят вазнини сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳамроҳ шуданд. Ихтилофҳои дохилӣ, муборизаҳои сиёсӣ ва ноустувории ҳокимияти давлатӣ оқибат кишварро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Оташи ҷанг хонаҳоро вайрон, ҳазорон инсонро аз зиндагии осоишта маҳрум ва садҳо ҳазор сокини мамлакатро водор ба тарки манзилу макони худ намуд. Модарони тоҷик бо чашмони пуроб интизори бозгашти фарзандон буданд, кӯдакон дар орзуи рӯзҳои орому осуда ба сар мебурданд ва ояндаи давлати тозаистиқлол зери хатари ҷиддӣ қарор дошт.
Дар чунин рӯзҳои сарнавиштсоз масъала танҳо бунёди сохтори нави давлатӣ набуд. Масъалаи муҳимтар аз ҳама ҳифзи ҳастии давлат, нигоҳ доштани ягонагии сарзамин, барқарор намудани қонуният ва ба ҳам овардани мардуми пароканда буд. Миллат ба неруе ниёз дошт, ки онро аз вартаи ноумедӣ берун оварад ва ба роҳи сулҳу субот раҳнамун созад. Дар ҳамин шароити ҳассос Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 баргузор гардид, дар роҳи барқарорсозии давлатдорӣ ва ташаккули ҳокимияти конститутсионӣ нақши муҳим бозид. Интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ оғози марҳалаи нави талошҳо барои истиқрори сулҳ, таъмини субот ва барқарор намудани фаъолияти муназзами мақомоти давлатӣ гардид.
Дар баробари тадбирҳои барқарорсозии давлат зарурати қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол ба миён омад. Зеро давлати мустақил наметавонист ояндаи худро танҳо дар асоси меъёрҳои ҳуқуқии пешин муайян намояд. Ба миллат санаде лозим буд, ки дар он иродаи мардум, арзишҳои соҳибистиқлолӣ, ормонҳои миллӣ, асосҳои давлатдории демократӣ ва кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон таҷассум ёбанд. Бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Комиссияи конститутсионӣ вусъат пайдо кард. Таҳия ва муҳокимаи лоиҳаи Конститутсия қариб ду сол идома ёфта, дар ин раванд таҷрибаи давлатҳои пешрафта, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва пешниҳодҳои шаҳрвандон мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Мардуми Тоҷикистон беш аз 8,5 ҳазор пешниҳоду дархости худро манзур намуданд. Ин иштирок далели равшани он буд, ки мардум мехостанд дар муайян намудани сарнавишти минбаъдаи давлати худ саҳми бевосита дошта бошанд.
Ниҳоят, 6 ноябри соли 1994, дар замоне ки ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш нагардида буд, воқеаи бузурги таърихӣ ба вуқуъ пайваст. Халқи Тоҷикистон бори нахуст Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд. Дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ 94,4 фоизи интихобкунандагон иштирок карда, 87,59 фоиз ба ҷонибдории Конститутсия овоз доданд. Ин рақамҳо танҳо нишондиҳандаҳои оморӣ набуда, дар паси онҳо иродаи қавии мардум, орзуи зиндагии осоишта, умеди бозгашти гурезагон, хоҳиши барқарор намудани адолат ва боварӣ ба ояндаи давлати мустақил қарор дошт. Миллате, ки аз ҷангу нооромӣ ранҷ мекашид, бо овози худ роҳи давлатдории қонунӣ ва зиндагии осоиштаро интихоб намуд.
Бузургии таърихии қабули Конститутсия маҳз дар ҳамин ҳақиқат зоҳир мегардад. Он дар замони оромиву фаровонӣ, дар шароити омодаи рушди иқтисодӣ ва суботи комили сиёсӣ қабул нашуд. Баръакс, Конститутсия дар даврае ба вуҷуд омад, ки худи давлат барои бақои худ мубориза мебурд. Аз ин лиҳоз, қабули он ифодаи иродаи шикастнопазири миллат, нишонаи эътимод ба оянда ва қадами устувор дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ буд. Конститутсия ба ҷанги шаҳрвандӣ фавран хотима набахшид, аммо барои барқарорсозии ниҳодҳои давлатӣ, таҳкими қонуният ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии сулҳу ризоияти миллӣ нақши муҳим гузошт. Ин раванд баъдан бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 ба марҳалаи нави таърихӣ расид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бахтномаи миллат аст, зеро дар меҳвари он инсон қарор дорад. Агар дар давраҳои гуногуни таърихӣ ҳокимият бештар ҳамчун воситаи идора кардани ҷомеа шинохта мешуд, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол арзиши олии инсонро ба таври возеҳ эътироф намуд. Мувофиқи моддаи 5 Конститутсия «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд». Ин муқаррароти кӯтоҳ дорои мазмуни бузурги ҳуқуқӣ ва ахлоқист ва баёнгари он аст, ки давлат бояд ба инсон, шаъну шараф, ҳаёт, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ӯ эҳтиром гузорад. Ҳуқуқи инсон арзиши бунёдиест, ки давлат вазифадор аст онро эътироф, риоя ва ҳифз намояд.
Ҷанбаи дигари бахтномаи миллат будани Конститутсия дар он ифода меёбад, ки ин санад соҳибихтиёрии халқро эътироф кардааст. Мувофиқи моддаи 6 Конститутсия, халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Чӣ арзиши бузургтаре барои миллати озод вуҷуд дошта метавонад, аз он ки худ сарнавишти давлаташро муайян намояд? Ин муқаррарот ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон эҳсоси соҳибдавлатӣ, масъулиятшиносӣ ва шарик будан дар тақдири давлатро мебахшад. Тоҷикистон танҳо сарзамине нест, ки мо дар он зиндагӣ мекунем. Он хонаи муштараки тамоми шаҳрвандони кишвар, мероси гаронбаҳои гузаштагон ва амонати муқаддас барои наслҳои оянда мебошад.
Муқаддимаи Конститутсия низ дорои мазмуни амиқи ватандӯстона ва инсонпарварона аст. Ибораи «МО, ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН» худ баёнгари як ҳақиқати бузург мебошад, ки сарнавишти давлат ба ҳамаи шаҳрвандони он тааллуқ дорад. Дар ин муқаддима масъулияти мардум дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда, эҳтиром ба озодиву ҳуқуқи шахс, баробарҳуқуқӣ, дӯстии миллатҳо ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар ифода ёфтааст. Ин суханон моро водор месозанд, ки истиқлолиятро танҳо дастоварди насли худ надонем, балки онро ҳамчун мероси муқаддасе ҳифз намоем, ки бояд ба фарзандону наберагонамон супорем. Зеро давлатдорӣ танҳо доштани марзу ҳудуд, парчаму нишон ва ниҳодҳои давлатӣ нест. Давлатдорӣ, пеш аз ҳама, доштани ҳисси баланди масъулият барои сарнавишти миллат мебошад.
Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Конститутсия ҳамчун сарчашмаи асосии низоми қонунгузории миллӣ ба таҳкими ҳокимияти давлатӣ, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёт мусоидат намуд. Меъёрҳои он таҷзияи ҳокимияти давлатиро ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар намуда, барои фаъолияти мақомоти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварданд. Эътибори олии ҳуқуқӣ ва амали мустақими меъёрҳои Конститутсия кафолати муҳимми волоияти он мебошанд. Дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки ба такмили сохтори конститутсионӣ, рушди низоми давлатдорӣ ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҷомеа равона шуда буданд.
Имсол, 6 ноябри соли 2026, аз қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол 32 сол пур мешавад. Сию ду соли таърихие, ки дар худ сабақҳои талхи гузашта, талошҳои сулҳофаринӣ, дастовардҳои давлатсозӣ ва ормонҳои созандаи миллатро ҷой додаанд. Имрӯз насле ба камол расидааст, ки рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандиро бо чашми худ надидааст. Барои ин насл истиқлолият, сулҳу субот, таҳсил дар мактабҳои обод, фаъолияти донишгоҳҳо ва имконияти созандагӣ як воқеияти муқаррарӣ менамояд. Вале набояд фаромӯш кард, ки ин неъматҳо худ аз худ ба даст наомадаанд. Дар паси оромии имрӯза ранҷу заҳмати наслҳои гузашта, талошҳои таърихӣ барои истиқрори сулҳ ва иродаи қавии миллати тоҷик қарор доранд.
Аз ин рӯ, вазифаи насли ҷавон танҳо ҷашн гирифтани Рӯзи Конститутсия набуда, вазифаи аслии онҳо омӯхтани мазмуну муҳтавои он, дарк намудани арзишҳои конститутсионӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон, риояи қонун ва саҳм гузоштан дар ободии Ватан мебошад. Конститутсия ҳамон вақт ба бахтномаи воқеии ҳар як шаҳрванд табдил меёбад, ки меъёрҳои он дар зиндагии рӯзмарра татбиқ шаванд, адолат дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳукмфармо гардад ва ҳар инсон худро дар назди давлату ҷомеа масъул эҳсос намояд. Ватандӯстӣ танҳо бо суханони зебо ифода намегардад. Ватандӯстӣ дар меҳнати содиқона, донишомӯзӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, эҳтироми қонун ва садоқат ба сарзамини аҷдодӣ таҷассум меёбад.
Имрӯз, вақте ба роҳи тайнамудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол менигарем, бештар дарк мекунем, ки Конститутсия дар сарнавишти миллати мо чӣ мақоми бузурге дорад. Он аз миёни рӯзҳои сахту сангини таърихӣ ҳамчун чароғи умед падид омад ва барои бунёди давлати навини тоҷикон самти ҳуқуқии рушдро муайян намуд. Ин санад ба мардум эътимод бахшид, ки ояндаи Ватанро метавон на бо зӯровариву ихтилоф, балки бо қонун, адолат, ҳамдигарфаҳмӣ ва иродаи муштарак бунёд кард.
Пас, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бахтномаи миллат меноманд, зеро он орзуи деринаи тоҷиконро барои доштани давлати мустақилу ҳуқуқбунёд ба асоси устувори ҳуқуқӣ табдил дод, ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф намуд ва роҳи сулҳу ваҳдат, созандагӣ ва зиндагии шоистаро равшан сохт.
Бигзор наслҳои имрӯзу оянда ҳаргиз фаромӯш насозанд, ки ин бахтнома дар кадом рӯзҳои душвор ба даст омадааст. Бигзор ҳар шаҳрванди Тоҷикистон эҳтиром ба Конститутсияро эҳтиром ба худ, ба миллати худ ва ба ояндаи фарзандони худ шуморад. Зеро ҳифзи Конститутсия ҳифзи истиқлолият, таҳкими қонуният, посдории ваҳдати миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои муқаддаси давлатдорист.
Конститутсия бахтномаи миллат аст, зеро дар он на танҳо сарнавишти дирӯзи мо, балки масъулияти имрӯза ва умеди фардои Тоҷикистон таҷассум ёфтааст. То замоне ки ин санади муқаддас роҳнамои давлату ҷомеа ва арзишҳои он дар қалбу шуури мардум зиндаанд, пояҳои давлатдории миллӣ устувор ва роҳи Тоҷикистони азиз ба сӯйи ояндаи дурахшон боз хоҳад буд!
Муаллими кафедраи фанҳои
давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2
Академияи ВКД,
капитани милитсия
Маҳмадзода З.







































































































































































