Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ — РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Парчами давлатӣ дар таърихи ҳар як миллату давлат мақоми хосса дошта, таҷассумгари ҳастии миллӣ, соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва ормонҳои неки мардум мебошад. Он на танҳо рамзи расмии давлат, балки нишонаи шарафу номус, ифтихори миллӣ ва пайванди наслҳои гузаштаву имрӯзу оянда аст. Барои мардуми фарҳангпарвари тоҷик Парчами давлатӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ ба шумор рафта, эҳтирому арҷгузорӣ ба он эҳтиром ба таърих, фарҳанг, давлатдорӣ ва арзишҳои волои миллӣ мебошад.
Ҳамасола 24-уми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ин сана дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи муҳим дошта, ба яке аз марҳилаҳои тақдирсози ташаккули давлати соҳибистиқлоламон иртибот дорад.
Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, ки 9-уми сентябри соли 1991 эълон гардид, зарурати муайян намудани рамзҳои давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба миён омад. Дар ин замина, 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли имрӯза тасдиқ карда шуд. Ин рӯйдод дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсиву иҷтимоии кишвар ба вуқӯъ пайваста, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва муаррифии симои давлати мустақили тоҷикон нақши муҳим гузошт.
Рӯзи дигар, 25-уми ноябри соли 1992, Парчами нави давлатӣ ба толори иҷлосия ворид карда шуд. Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди он савганд ёд намуданд. Ин лаҳза дар хотираи таърихии миллат ҳамчун рӯйдоди рамзии эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва оғози марҳилаи нави давлатсозӣ боқӣ мондааст.
Дар идомаи таҳкими асосҳои ҳуқуқии давлатдорӣ, 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Дар моддаи 3-и он Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуданд. Баъдан, 12-уми майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки моҳият, тартиб ва хусусиятҳои истифодаи расмии рамзҳои давлатиро муайян менамояд.
Бо мақсади баланд бардоштани мақоми Парчами давлатӣ ва гиромидошти ин муқаддасоти миллӣ, 19-уми ноябри соли 2009 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» иловаи дахлдор ворид карда шуд. Мутобиқи он, ҳамасола 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин ҷашн бори аввал 24-уми ноябри соли 2009 дар саросари кишвар бо тантана таҷлил карда шуд. Аз он замон инҷониб санаи мазкур ба яке аз рӯзҳои муҳими тақвими идонаи мамлакат табдил ёфтааст.
Мақоми Парчами давлатӣ танҳо бо рамзҳои зоҳирӣ маҳдуд намешавад. Он дар тамоми самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат таҷассумгари ягонагии мардум ва соҳибистиқлолии давлат мебошад. Ҳангоми баргузории чорабиниҳои расмӣ, мулоқоту ҳамоишҳои байналмилалӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ парафшон гардидани Парчами Тоҷикистон нишонаи муаррифии давлат ва миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ аст. Хусусан, вақте ки варзишгарон, олимон ва намояндагони фарҳанги кишвар дар сатҳи байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд ва Парчами миллӣ боло бардошта мешавад, дар қалби ҳар як шаҳрванди ватандӯст эҳсоси ифтихор ва сарфарозӣ бедор мегардад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ Парчами давлатӣ ба рамзи муттаҳидсозандаи ҷомеа табдил ёфтааст. Он моро новобаста аз касбу кор, синну сол, вазъи иҷтимоӣ ва маҳалли зист дар атрофи як арзиши бузург — Ватани ягона муттаҳид месозад. Маҳз ҳамин ҳисси ягонагӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ метавонад заминаи боэътимоди пешрафту шукуфоии давлат гардад.
Эҳтиром ба Парчами давлатӣ танҳо дар рӯзҳои ид ва чорабиниҳои тантанавӣ зоҳир намешавад. Ин эҳтиром бояд дар муносибати ҳаррӯзаи мо ба Ватан, ҷомеа ва вазифаҳои шаҳрвандӣ таҷассум ёбад. Шаҳрвандӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба давлат пеш аз ҳама аз меҳнати ҳалол, риояи қонун, масъулиятшиносӣ, эҳтироми ҳуқуқи дигарон ва саҳмгузорӣ дар ободонии кишвар оғоз мегардад.
Дар ин раванд нақши кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ низ басо муҳим аст. Ҳар як шахси меҳнатдӯст, новобаста аз он ки дар кадом соҳа фаъолият мекунад, бо иҷрои софдилонаи вазифаи худ дар пешрафти мамлакат саҳм мегузорад. Меҳнати содиқонаи коргар, масъулияти баланди мутахассис, донишу таҷрибаи корманд ва ташаббускории ҳар як шаҳрванд аз омилҳои муҳими ободии ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки парафшонии Парчами давлатӣ на танҳо рамзи истиқлолият, балки даъват ба меҳнати созанда, ваҳдат ва масъулиятшиносӣ мебошад.
Мо бояд дарк намоем, ки истиқлолият ва сулҳу субот неъматҳои бебаҳо мебошанд. Ҳифзи онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ моро водор месозад, ки ба таърихи гузаштаи худ арҷ гузорем, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро қадр намоем ва барои ояндаи боз ҳам дурахшони Ватан талош варзем.
Масъалаи тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ низ аҳамияти хосса дорад. Ҷавонон бояд донанд, ки ҳар як рамзи давлатӣ таърихи ташаккул ва мазмуни амиқи худро дорад. Омӯхтани таърихи Парчам, дарки арзиши истиқлолият ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ дар ташаккули шахсияти комил ва масъулиятшинос нақши муассир мегузорад. Зеро ояндаи давлат аз сатҳи дониш, маърифат, худшиносӣ ва садоқати шаҳрвандони он вобастагии зиёд дорад.
Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки бо рафтору кирдори шоиста, меҳнати ҳалол ва ҳисси баланди масъулият дар ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳм гузорад. Парчами давлатӣ моро ба муттаҳидӣ, созандагӣ, дӯст доштани Ватан ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ҳидоят мекунад.
Дар фарҷом бояд таъкид намуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи абадияти давлатдорӣ, ифтихори миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва сарбаландии мардуми тоҷик мебошад. Он таҷассумгари ормонҳои наслҳои гузашта, дастовардҳои имрӯза ва умедҳои фардои миллат аст. Эҳтиром ба Парчам эҳтиром ба Ватан, таърих ва ҳастии миллат мебошад. Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша парафшон бошад, сулҳу ваҳдат пойдор ва Ватани маҳбубамон ободу сарсабз гардад!
Парчами мо — рамзи ифтихори мо, Ватани мо — сарчашмаи сарбаландии мост
Муаллими кафедраи бехатарӣ аз сухтори факлутети №5 Академяи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия
Одиназода Л.Т.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...