Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

КОНСТИТУТСИЯ — АСОСИ ҲУҚУҚИИ РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА

Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат дорои эътибори олии ҳуқуқӣ буда, заминаи бунёдии ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Он иродаи халқ, арзишҳои миллӣ ва принсипҳои асосии ташкили ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро инъикос намуда, сохтори давлатӣ, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои инсон ва шаҳрвандро муайян менамояд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши Конститутсия дар таъмини суботи сиёсӣ, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон боз ҳам меафзояд. Зеро рушди устувори давлат ва ҷомеа аз мавҷудияти заминаи мукаммали ҳуқуқӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва риояи принсипҳои конститутсионӣ вобастагии мустақим дорад.
Бояд қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон марҳалаи муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ ба шумор рафта, барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона заминаи устувор гузошт.
Дар ин робита мақолаи мазкур аз таҳлили нақши Конститутсия дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди низоми ҳуқуқӣ, таъмини суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва муайян намудани аҳаммияти он дар рушди устувори давлат ва ҷомеа маҳсуб меёбад.
Маврид ба зикр аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз омилҳои асосии рушди устувори давлатҳо дар марҳалаи муосир таъмини волоияти Конститутсия ва татбиқи принсипҳои конститутсионализм мебошад. Конститутсионализм ҳамчун падидаи сиёсиву ҳуқуқӣ низоми принсипҳо ва арзишҳоеро дар бар мегирад, ки ба маҳдуд намудани ҳокимияти давлатӣ дар доираи қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини мувозинати муносибатҳои байни шахс, ҷомеа ва давлат равона шудаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи таърихии давлатдории миллӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳуқуқӣ заминаи ташаккули низоми нави давлатдорӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатиро фароҳам овард. Мутобиқи моддаи 1- и Конститутсия қайд мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ин принсипҳо асоси ҳуқуқии ташкили давлат, таъмини суботи сиёсӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳанд.
Инчунин, ҷанбаи муҳимми Конститутсия дар эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ ифода меёбад. Кафолати ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон, таъмини адолати иҷтимоӣ ва таҳкими ҷомеаи демократӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Мувофиқи моддаи 10 Конститутсия, он эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳояш мустақиман амал мекунанд. Ин принсип мутобиқати қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба Қонуни асосӣ таъмин намуда, барои таҳкими қонуният ва устувории низоми ҳуқуқии миллӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки тағйирёбии муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зарурати такмили қонунгузории конститутсиониро ба миён меорад. Вале самаранокии тағйироти конститутсионӣ танҳо дар сурати мутобиқсозии қонунгузории соҳавӣ ва татбиқи воқеии меъёрҳои нав таъмин мегардад.
Аз ин рӯ, рушди конститутсионӣ бояд ба таҳкими волоияти қонун, инсонмеҳвар гардонидани сиёсати ҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозии манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат равона карда шавад.
Аз нигоҳи таърихӣ, қабули Конститутсияи ИМА дар соли 1787, Полша ва Фаронса дар соли 1791 аз рӯйдодҳои муҳимми ташаккули конститутсионализми ҷаҳонӣ ба ҳисоб мераванд. Минбаъд ин раванд дар кишварҳои Аврупо ва Осиё густариш ёфта, барои ташаккули низомҳои муосири давлатдорӣ замина гузошт.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраҳои гуногуни таърихӣ панҷ Конститутсия қабул гардидааст: солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994. Конститутсияи соли 1994 марҳалаи сифатан нави давлатдории тоҷиконро ифода намуда, барои ташаккули низоми ҳуқуқии мустақил ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ замина гузошт.
Баъдан, солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.Яке аз дастовардҳои муҳимми Конститутсия муқаррар намудани асосҳои сохтори давлатӣ, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шакли идоракунии президентӣ мебошад. Ин меъёрҳо барои ташкили фаъолияти мақомоти давлатӣ, муайян намудани салоҳияти онҳо ва таъмини идоракунии муназзами кишвар заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овардаанд.
Ҳамзамон, Конститутсия дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муайян намудани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ нақши муҳим дорад. Эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ барои муттаҳидсозии ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳаммияти махсус касб менамоянд.
Дар баробари ин, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги конститутсионии аҳолӣ яке аз шартҳои муҳими татбиқи самараноки Қонуни асосӣ мебошад. Огоҳии шаҳрвандон аз ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои конститутсионӣ, эҳтиром ба қонун ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа барои таҳкими давлати ҳуқуқбунёд мусоидат мекунанд.
Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва таъмини суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар нақши бунёдӣ дорад.
Аҳаммияти он, пеш аз ҳама, дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, такмили низоми ҳуқуқӣ ва танзими муносибатҳои байни шахс, ҷомеа ва давлат зоҳир мегардад. Ҳамзамон, татбиқи принсипҳои конститутсионӣ барои рушди иқтисодӣ, таҳкими адолати иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Аз ин рӯ, такмили қонунгузории миллӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, таҳкими кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва густариши маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бояд аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат бошанд.
Инчунин, Конститутсия на танҳо заминаи ҳуқуқии фаъолияти давлат, балки омили муҳимми таъмини тавозуни манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар мебошад. Эҳтиром ва риояи пайвастаи меъёрҳои он шарти асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду пешрафта ба ҳисоб меравад.

Муаллими кафедраи бехатари аз сӯхтори факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикисон, капитани милитсия Одиназода Л.Т.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...