Қаҳрамонии он солҳо фаромӯш намешавад!
10 майи соли 2018 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари муштараки кафедраи забонҳои факултети №2 ва Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Шоирон ва нависандагон дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945)», ки ба Рӯзи Fалаба бахшида шудааст, баргузор гардид.
Мақсади гузаронидани мизи мудаввар ин инкишоф додани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз гузаштагон, муносибати эҳтиромона ба таърихи халқи худ дар мисоли қаҳрамониҳо, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ содир шуданд.
Аз рӯзи Fалаба то ба имрӯз 73 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, аммо 1418 рӯзи ҷанги мудҳиш ва хонамонсӯз аз хотири иштирочиёни он ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад.
Омӯзгорон, курсантон ва кормандони Академияи ВКД дар ин чорабинӣ фаъолона иштирок карда, дар бораи шоирон ва нависандагони Тоҷикистон, ки бо асарҳои худ саҳми арзанда ба ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузоштанд, баромадҳо карданд.
Инчунин аз тарафи иштирокчиёни мизи мудаввар шеърҳои шоирони рус ва тоҷик дар мавзӯи ҷанг қироат карда шуданд.
Дар охири мизи мудаввар викторина бо иштирокчиёни он бахшида ба Рӯзи Ғалаба гузаронида шуд.
Кафедраи забонҳои факултети №2 ва Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон