Абармарди дунёи сиёсат- Пешвои миллат
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин амри наҷиб дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи басо пурҷиллоро боз намуд. Ин иқдом, ки аз эътиқоди мардуми соҳибтамаддуни ин кишвари пурфайз ва хизматҳои бузурги Президенти кишвар дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ сарчашма мегирад, шоистаи истиқболи гарму сарфарозии ҳар фарди бонангу номуси миллати тоҷик аст.
Хидматҳои бемисли Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳнамо, ҳидоятгар, сулҳофарин, абармарди дунёи сиёсат. дӯстдори халқу миллати хеш, бунёдгузори давлати миллӣ, шаҳодати онанд, ки ин чеҳра- сиёсатмадори барҷаста воқеан дар қалби мардум кайҳост ҳукми Пешвои миллатро соҳиб шудаанд ва Қонуни Пешвои миллат эълон гардидани Президенти кишвар танҳо ҳамин ҳақиқатро ба расмият даровард.
Дар ҳар давру замон дар тӯли таърих шахсиятҳои барҷаста чун пешвоҳои миллӣ дониста шудаанд, аммо бояд зикр намуд, ки на ҳар сарвари кишвар ба таърих ҳамчун пешвои миллат ворид гардидаанд.
Садри муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омаданд, ки давлатро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба парокандагиву гуруснагӣ, нодорӣ ва ҷангу ҷидол гирифтор буд. Садҳо модарону хоҳарони тоҷик ашк мерехтанд ва барои паст кардани оташи ҷанг худро ба гирдоби аланга меандохтанд… Албатта, ҳама гуна низоъҳо, бахусус ҷангҳои ҳамватанӣ танқисиҳои зиёдеро ба сари зан-модар меоварад, бори гарони масъулияти тарбия, нигоҳубини оилаҳои бепарастор ба души модарон меафтад. Маҳз дар ҳамин гуна лаҳзаҳои нозуктарини давлатдорӣ, масъалаҳои муттаҳид намудани занон, беҳдошти вазъи занон, ҳифзи оила, ташкил намудани шароити кори барои занон, ҳимояи ҳуқуқи занон аз мадди назари Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур намонда, балки мақоми шоистаро молик гардид. Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» пайкари ишқофарини мамлакатро руҳбаланду дилгарм намуд. Маҳз тавассути сиёсати дурандешона ва хиранмандонаи Президенти кишвар. бо назардошти дифоъ аз ҳуқуқҳои занон дар ҷомеа демократии мо қонунҳои зиёде дар хусуси мақому манзалати зан дар ҷомеа қабул карда шуданд. Зани тоҷик, ки аз замонҳои қадим бо сифатҳои накӯву ахлоқи ҳамида ва зеҳни тез, модари фарзандони донишманди башар шинохта шудааст, дар атрофи Президенти кишвар муттаҳид гардида, дар таҳкими сулҳу ваҳдат ҷаҳду талош меварзанд. Ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар ва ба феҳристи ҷашнҳои расмии давлати соҳибистиқлоламон ворид намудани он гувоҳи равшани ғамхорӣ нисбати зан-модар, мақому манзалати баланди зан дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Арҷгузорӣ ва меҳру садоқати занону модарон ба Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон беинтиҳо буда дар симои ӯ фарзанди содиқу вафодор ғамхору ятимпарвар ва пуштибону ҳомиро мебинанд ва қабули ин қонун-“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат”-ро дар шароити кунунӣ як амри воқеӣ ва зарурати таърихӣ меҳисобанд. Сарвари кишвар ҳамчун Пешво тавонист ваҳдати миллатро ба даст орад, миллатро аз парокандагӣ эмин дошт, ризоияти миллиро барпо намуд, ниҳоли душманиро барканда, дарахти дӯстиро дар боғи ваҳдати миллӣ шинонда аз меҳру муҳаббати бепоён ба ин миллат, онро шодоб намуд, то ки меваи шаҳдбори истиқлолро ба бор орад. Дар солҳои мушкилтарин аркони давлатдории муосири тоҷикро таҳким бахшид ва ҳамзамон давлати навини Тоҷикистонро ба суннатҳои давлатдории ниёгонамон пайванд дод. Дилбастагии амиқу аниқ ва муҳаббати бардавом доштанаш нисбати таъриху тамаддуни миллати мо боиси ба нашр расидани китоби «Аз Ориён то Сомониён» гардид, ки шуҳрати миллати моро мунаввар гардонд.
Миллату давлати мо маҳз бо матонату сарсупурдагӣ ва миллатдӯстиву ҷоннисории ин ҷавонмарди асил дар паҳлуи бузургтарин давлатҳои пешрафтаи дунё қарор хоҳад гирифт.
Фазои озоди сиёсӣ, демократияи халқӣ, созандагиву бунёдкорӣ, поягузориву такмили ҳокимияти давлатӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангиву тамадунсози тоҷик, рушду нумӯи саноат дар кишвар ва дигар беҳбудиҳои сиёсиву иқтисодӣ метавонад пешвои миллат будани Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тасдиқ намояд.
Ба Пешвои миллат
Дар ҳошияи таърих сад шоҳу гадо бигзашт,
Дар бодияи таърих сад шакли садо бигзашт.
Дар ровияи таърих сад обу адо бигзашт,
Аммо нагузашт мислат дар пояи султонӣ,
Ин ҳодиса саршор аст аз ҳикмати раббонӣ.
Дунё гузаро бошад, серӯза саро бошад,
Ҳар омадаро аз дар ҳукме ба баро бошад.
Ин суфраи дунё худ хони гузаро бошад,
Дониста мар ин ҳикмат бо адл қадам монӣ,
Шоистатарин роҳ аст, ин давлати Раҳмонӣ.
Аз Нӯширавон дорӣ гуфтори адолатро,
Чун Нӯширавон хоҳӣ бар халқ саодатро.
Дар Нуширавон диди дастони сиёсатро,
Дар зовияи олам як масдари ирфонӣ,
Беҳтар набувад аз ин, сармояи қурбонӣ.
Гаҳ зинда куни номе з-Исмоили Сомонӣ,
Гаҳ даври Хутал гарди, гаҳ мулки Бадахшонӣ.
Гаҳ пеши азизони, паҳнои Зарафшони,
З-ин килки Азиза рафт дар васфи суханронӣ,
Шоиста ба ҳар васф аст,ҳар одати Раҳмонӣ.
Шукрона
Шукрона кун эй халқи Ватан аз дилу аз ҷон,
Шукронаи ин хоку дари равзаи Ризвон,
Шукрона ба ҳар хору хаси мазраи мардон,
Шукрона ба ҳар тозагули боғу гулистон,
Шукрона ба ҳомии Ватан, роҳбари даврон.
Шукрона аз ҷон,
Эй кишвари рахшон.
Сулҳ асту сафо ҳасту ҷамол асту камол аст,
Ваҳдат ба ҳама бурҷи Ватан ҳолати ҳол аст,
Ин хоки Ватан лоиқи васл асту висол аст,
Дар боғи Ватан қақразанон кабки ҳилол аст,
Пешвоии Пешвои Ватан лоиқи дастон.
Шукрона аз ҷон,
Эй кишвари рахшон.
Эй ҳамватанон хоки Ватан синаи Модар,
Мардони Ватан бар дигарӣ ҷумла бародар,
Занҳо ҳама гулчеҳра ба ҳам аппаву хоҳар,
Тоҷик набувад ҳар ки накард ин ҳама бовар,
Шукронаи ин раҳбару ин кишвари хандон
Шукрона аз ҷон,
Эй кишвари рахшон.
То дар сари ин халқу Ватан чун маҳи тобон,
Пешвоӣ кунад ҳомии равшандили Раҳмон,
Сулҳ асту вафо ҳасту сафо ҳасту гулистон,
Дар авҷи само ҷилва кунад Парчами рахшон,
Дар хоки Ватан рақс кунад мурғи ғазалхон.
Шукрона аз ҷон,
Эй кишвари рахшон.
Азиза Давлатшоева
сардори кафедраи забонҳои
Академияи ВКД ҶТ, н.и.пед.,
полковники милитсия







































































































































































