Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таърихи милитсияи тоҷик дар тули Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яке аз масоили мубрам ин омӯзиш ва тадқиқи таърихи милитсияи тоҷик дар тули Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки маҳз олимони тоҷик дар ин давра фурсат пайдо намуданд, ки ба он пурра машғул шаванд.
Мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (собиқ Комиссариати халқии корҳои дохилӣ-КХКД) Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи расмии фаъолияти худро 6-феврали соли 1925 дар бинои имрӯзаи Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шурӯъ намуд.
Аммо ба ақидаи профессор Розиқзода А.Ш. мақомоти милитсия (политсия) - и Тоҷикистон дар ибтидои таъсисёбӣ ба се давраи таърихӣ ҷудо мешавад: давраи якум солҳои 1917-1924 дар қисмати шимоли Тоҷикистон ва Бадахшони Кӯҳӣ дар ҳайати генерал-губернатори Туркистон; давраи дуюм 1920-1924 дар Бухорои шарқӣ дар ҳайати Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро; давраи сеюм 1924-1929 баъд аз тақсимоти маъмурӣ-марзии Осиёи Миёна дар ҳайати Ҷумҳурии худмухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон.
Маълумотҳо дар бораи фаъолияти политсия дар аморати Бухоро ба ҳайси «миршаб» маълум буданд, ки дар ин бора маорифпарвари бузурги тоҷик Аҳмади Дониш (1827-1897) дар асарҳояш маълумот додааст. Миршаб ҳамчун «полисмейстер» бар зидди дуздӣ, авбошӣ, тангаҳои қалбакӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мубориза мебурд. Сохтори таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар нимаи дуюми асри XIX ва асри XX дар асарҳои олимони рус аз қабили Семенов А.А., Арандаренко Г.А., Липский В.И., Логофет В.И., Маев М.А., Снесарев А.Е., Стремаухов Н., Хаников Б. ва дигарон инъикоси худро ёфтааст. Дар бораи фаъолияти политсияи тоҷик то инқилоб дар Хуҷанд Стеско И.А., Турсунов Х.Т., Каримов Т.Р., Б.Ғафуров, Искандаров Б.И., Раҷабов З.Ш., Мулукаев Р.С. низ иттилои васеъ доданд.
Соли 1924 моҳи сентябр дар назди Комиссариати Халқии Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии мухтори Туркистон бо роҳбарии Петров Г. «Комиссияи Марказии мураттабсозии милитсияи коргару деҳқони Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Мухтори Туркистон» таъсис дода мешавад, ки бинобар сабаби тақсимоти маъмурӣ - марзии Осиёи Миёна он мутаассифона пурра амалӣ намегардад.
Ба омӯзиши таърихи милитсияи тоҷик солҳои 60-уми асри XX Мотилёв Я.С., Лисенко Е.А. машғул шуда, якчанд очеркҳои публисистӣ ба нашр расид, ки паҳлуҳои гуногуни номаълуми таърихи милитсияи Тоҷикистон ошкор гардид.
Аз соли 1867 то соли 1929 политсия дар қисматҳои Тоҷикистони Шимолӣ, Тоҷикистони ҷанубу шарқӣ, Бадахшони Кӯҳӣ, вилоятҳои Самарқанд, Фарғона фаъолият дошт. Дар ин бора якчанд ҳуҷҷатҳои бойгонӣ «Комиссияи диктатории фавқулодаи КМИБ оид ба парвандаҳои Бухорои Шарқӣ (Маълумоти бойгонӣ: Ф.Р-1), «КМИ Бухорои Шарқӣ (Маълумоти бойгонӣ: Ф.Р-2), «Раёсати Марказии муҳофизаи Бухорои Шарқӣ», «Кумитаи иҷроияи шурои коргарон, деҳқонон ва аскарони сурхи вилояти Душанбеи Бухорои Шарқӣ (Маълумоти бойгонӣ: Ф.Р-6) нигоҳдорӣ шуда, дар бораи тартиби фаъолияти милитсия (политсия) дар ин солҳо иттилоъ медиҳанд.
Милитсияи тоҷик дар замони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар ҳайати милитсияи Шуравӣ фаъолият намуда, то замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 - сентябри соли 1991) ҳамчун милитсияи Шуравӣ муаррифӣ карда мешуд.
Фаъолияти милитсия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи сипаригашта, хусусиятҳои ба худ хосро касб намуда, марҳила ба марҳила инкишоф меёфт. Паҳлуҳои гуногуни фаъолияти милитсияи тоҷик дар асарҳои доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Раҳимзода Р.Ҳ. «Фаъолияти оперативӣ-ҷусуҷӯӣ: таърих ва давраи муосир» , доктори илмҳои таърих Розиқзода А.Ш. - «Таърихи ташаккул ва фаъолияти милитсияи Тоҷикистон» , доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Назаров Н.Ҷ.- «Милитсияи Тоҷикистон дар шароити истиқлолият (1991-2009)», доктори илмҳои таърих Назаршоев Н.М. - «Таърихи ҳарбии Тоҷикистон» , доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Зоир Ҷ.М. - «Заминаҳои ҳуқуқии пайдоиш ва инкишофи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистон» , номзади илмҳои таърих Имомёрбеков А. - «Дар роҳи адолат» , номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Қосимов Ф.М. - «Ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистон», номзади илмҳои таърих, полковники мустаъфӣ Абдулов А.М. - «Асосҳои ҳуқуқӣ ва амалияи низоми пенитенсиарии Тоҷикистон дар нимаи дуюми асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ» ва дигар олимони ватанӣ ба таври васеъ дарҷ гардидаанд.
Ҳукумати муваққатӣ, ки аз тазоҳуротҳои инқилобӣ тарс дошт 6- марти соли 1917 қарор дар бораи барҳам додани корпуси жандармҳо, 10 - марти соли 1917 бошад қарори барҳам додани департаменти политсияро қабул намуд.
Политсия ба милитсияи халқӣ табдил дода шуд, ки роҳбаронаш интихобӣ буда, ба мақомоти идоракунии маҳаллӣ тобеъ буданд. Дар ҷобаҷогузории кадрҳо аз сабаби нарасидани кадрҳои босавод ва ботаҷриба, 15 марти соли 1917 Ҳукумати муваққатӣ дар бораи ба кор қабул намудани кадрҳои сазовор аз ҳисоби политсия ва корпуси жандармерӣ низ қарор қабул намуд.
Асосҳои ҳуқуқии ташкили милитсияи Ҳукумати муваққатӣ бо қарор «Дар бораи таъсиси милитсия» ва Низомномаи муваққатии милитсия 17- апрели соли 1917 тасдиқ карда шуд. Сентябри соли 1917 ба милитсияи шаҳри Петроград фармон дода шуда буд, ки В.И.Ленинро кофтуков намуда, ба ҳабс гиранд.
Болшевикон аз ин норозигӣ баён намуда, мехостанд, ки дар милитсияи Ҳукумати муваққатӣ мавқеи бештар дошта бошанд ва шаклҳои гуногуни милитсияи пролетариро созмон диҳанд. 1 - майи соли 1917 дар губернияи Нижегород қарори махсус қабул гардид, ки Шурои депутатҳо дар деҳот милитсияро таъсис дода, барои ба кор қабул намудани кормандони пештараи политсия имконият надиҳанд.
Ба қатори милитсияи Ҳукумати муваққатӣ ворид шудани тарафдорони Инқилоб бисёр буданд, яке аз онҳо сардори милитсияи Гелсингфорс сотсиал-демократи финнӣ Густов Семенович Ровно буд, ки дар хонаи истиқоматиаш В.И.Ленинро баъд аз Разлив пинҳон карда буд. Ӯ алоқаи Ленинро ба Петроград ва Кумитаи марказии ҳизби болшевикӣ доимо нигоҳ медошт.
Дар шаҳри Уфа охири апрели соли 1917 муовини сардори милитсияи шаҳрӣ П.И.Звенсов таъйин шуд, ки аз соли 1908 аъзои ҳизби болшевикӣ буд. Дар шаҳри Минск М.В. Фрунзе бо фамилияи Михайлов 4 марти соли 1917 бо фармони коменданти Минск сардори «Милитсияи Умумироссиягии Иттифоқи Земский оид ба тартиботи ҷамъиятии шаҳр» таъин гашт. Бо роҳбарии вай политсияи пештара беяроқ гардонида шуда, раёсати жандермерия барҳам дода шуда, раёсат ва участкаҳои милитсия таъсис дода шуданд. Милитсияи шаҳрии Минск ба ҳимояи меҳнаткашон гузашт ва зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ мубориза оғоз кард.
Аввалин консепсияи ташкили милитсия моҳи марти соли 1917 дар асари Ленин «Мактубҳо аз дур» чунин дарҷ гардид:
«Милитсия воқеан ҳам бояд халқӣ бошад, ба мардум хизмат намояд, аз ҳисоби калонсолони ҳарду ҷинс таъсис дода шуда, дар худ функсияҳои милитсияи халқӣ ва функсияи политсияро муттаҳид намуда, ба мақомоти асосии тартиботи давлатӣ ва идоракунии давлатӣ табдил дода шавад».
Масъалаи ташкили милитсия ба уҳдаи худи коргарон вогузор карда шуд, ки ба Шурои депутатҳои коргарон ва аскарон тобеъ карда шуд. Минбаъд милитсия набояд хусусияти назариявӣ, балки амалӣ дошта бошад. 100 корманди милитсия барои 1000 коргар созмон дода шуд, ки онро милитсияи коргарӣ номиданд. Милитсия ҳам корхонаҳои саноатӣ ва ҳам тартиботи ҷамъиятиро назорат мебурд. Дар шаҳр асосан ба намудҳои гуногуни ҷинояткорӣ, махсусан бо ғоратгарону дуздҳо мубориза мебурд. Кормандони милитсия саводи касбӣ надоштанд, аз ин лиҳоз, дар кушодани ҷиноятҳо ба душвориҳо рӯ ба рӯ мешуданд. Дар деҳот бошад дастаҳои мусаллаҳи милитсия таъсис дода шуданд.
Милитсияи Ҳукумати муваққатӣ баъд аз ғалабаи Инқилоби Октябр 25 октябр (7 ноябр) соли 1917 барҳам дода шуд. Барҳам хурдани дастгоҳҳои милитсияи Ҳукумати муваққатӣ хусусиятҳои ба худ хосро дошт. Дастгоҳи марказии он баъди Инқилоби Октябр ба дасти Шуроҳо (Советҳо) гузошт. Вазорати корҳои дохилӣ, Сарраёсати корҳои милитсия 2-декабри соли 1917 барҳам дода шуда, Комитетҳои ҳарбӣ - Инқилобӣ таъсис дода шуданд. Дар Петроград вазифаи комиссари милитсия барҳам дода шуда, Шуроҳои комиссияи ҳифзи тартиботи Инқилобиро таъсис доданд. Бо ширкати Ф.Э. Дзержинский комиссияи махсуси аз навташкилкунии ҳифзи шаҳр созмон дода шуда, милитсияи кӯҳна барҳам дода шуд ва ба ҷои он милитсияи нав бунёд гашт. 14 - январи соли 1918 Шурои депутатҳои Невижа қарор қабул кард, ки Гвардияи сурх метавонад, милитсияро ҳифз намояд.
Ба ҳайати Совети комиссарони халқӣ, Комиссариати халқии корҳои дохилӣ (КХКД-НКВД) ворид буд, ки вазифаҳои сохтмони Шуроҳоро дар ҷойҳо ва ташкили ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба ӯҳда дошт. Аввалин Комиссари корҳои дохилӣ Г.И. Петровский таъин карда шуд, ба Шурои мушовара (коллегия) Ф.Э. Дзержинский, М.С.Уритский ва дигарон дохил буданд. 28 октябр (10-ноябр) соли 1917 Комиссариати халқии корҳои дохилӣ қарор «Дар бораи таъсиси милитсияи коргарӣ» - ро қабул намуд.
Дар қарори мазкур гуфта мешуд:
1.Ҳамаи Шуроҳои депутатҳои коргарон ва аскарон, милитсияи коргариро тасдиқ менамоянд.
2.Милитсияи коргарӣ мутлақо ба Шурои депутатҳои коргарӣ ва аскарон тобеъ мебошад.
3.Ҳокимияти ҳарбӣ ва гражданӣ уҳдадоранд, ки ба милитсияи яроқноки коргарӣ мусоидат намоянд ва бо таҷҳизоти техникӣ ва яроқ онро таъмин намоянд.
4.Қонуни мазкур ба воситаи телеграф равон карда шуда, ба ҳукми амал медарояд.
Дар давраи оғози фаъолияти Комиссариати халқии корҳои дохилӣ Г.И.Петровский корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Раиси КФУ (Комиссияи фавқулодаи умумироссиягӣ - ВЧК) Ф.Э. Дзержинский ва Г.И. Петровский, ки аъзои ҳайати мушовараи (коллегия) КХКД (Комиссариати халқии корҳои дохилӣ - НКВД) буданд, мунтазам фаъолияти худро ҳамоҳанг месохтанд.
Баъди танҳо 5 – моҳи фаъолияти Комиссариати халқии корҳои дохилӣ (КХКД-НКВД) моҳи марти соли 1918 бо пешниҳоди комиссари корҳои дохилӣ Г.И.Петровский масъалаи ташкили воҳидҳои хизматии милитсия гузошта шуд. 21- марти соли 1918 дар маҷлиси Шурои комиссарони халқ масъалаи пешниҳоди Низомномаи милитсияи оммавӣ, ҳамчун мақомоти коргару деҳқон, ки ҳимоятгари ҳуқуқ ба манфиатҳои меҳнаткашон мебошад гузошта шуд. 10 - майи соли 1918 ҷаласаи мушовараи Комиссариати халқии корҳои дохилӣ (КХКД-НКВД) чунин қарор қабул намуд: «Милитсия ҳамчун воҳиди доимии шахсоне мебошад, ки функсияҳои махсусро иҷро менамояд, ташкили милитсия бояд новобаста аз ташкили Артиши Сурх гузаронида шуда, вазифаҳои онҳо ба таврӣ қатъӣ ҷудо карда шаванд». 5 - июни соли 1918 дар Ахбори КХКД (НКВД) Низомномаи муҳофизи халқии коргару деҳқон (милитсия) чоп шуд, ки дар он аз ҷумла омада буд: «Барои ҳифзи тартиботи инқилобӣ муҳофизи халқии коргару деҳқон (милитсия) дар асоси бахшҳои доимоамалкунанда тасдиқ карда шавад».
Ташкили милитсия аз кори ҳарбӣ комилан фарқ карда, ҷудо карда шуда, ба Низомнома мувофиқ гардонида шуд. 12 - октябри соли 1918 КХКД (Комиссариати халқии корҳои дохилӣ - НКВД) ва Комиссариати халқии мудофиа Дастурамали ташкили милитсияи коргару деҳқонро тасдиқ намуданд. Ҳамин тавр дар лаҳзаҳои душвори таърихӣ мақомоти милитсия таъсис ёфт.
Баъд аз Ғалабаи Инқилоби халқии Бухоро (2 - сентябри соли 1920), ба ақидаи профессор Розиқзода А.Ш. 10 – октябри соли 1920 ба Нозироти корҳои дохилӣ уҳдадориҳои ташкил ва идораи милитсия гузошта шуд. Дар натиҷаи тадқиқотҳои тулонӣ ва заҳматталаби доктори илмҳои таърих, генерал-лейтенанти милитсия Розиқзода А.Ш. чашмандозӣ ба бойгониҳои шаҳрҳои Душанбе, Тошканд, Москва собит намуданд, ки калимаи милитсия дар ҳуҷҷатҳои бойгонӣ аз соли 1916 инҷониб дар қисмати шимолии Тоҷикистон ба назар мерасанд. Барпо шудани Ҳокимияти Шуравӣ дар қисмати шимолии Тоҷикистон аз ноябр - декабри соли 1917 оғоз ёфт. Дар ин солҳо дастаҳои аввалини милитсия дар Уротеппа, Хуҷанд аллакай таъсис ёфта, амал мекарданд. Соли 2012 бо пешниҳоди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» нисбати Рӯзи милитсия тағйирот ворид карда шуда, санаи 6 – феврал ба 10 – ноябр гузаронида шуда, ба қавли профессор Розиқзода А.Ш. «Иштибоҳи таърихӣ бартараф шуд».
Саҳми мақомоти милитсияи тоҷик дар давраи таъсисёбиаш дар саҳифаҳои таърихи миллат ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Аз ҷумла, тибқи тадқиқотҳои илмии олимон, академик Бобоҷон Ғафуров, Аҳрор Мухторов, Раҳим Масов, Намоз Ҳотамов, Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Солиев Карим Ҳоҷиевич, Розиқзода Абдулҳаким, Зоир Ҷурахон Маҷидзода, Носир Назарзода, Имомёрбеков Атобек, Файзалӣ Шарифзода, Назаршоев Н.М., Зикрулло Саидзода, Қосимов Файзалӣ, Самиъзода Бахтиёр қаҳрамонии милитсияи тоҷик ва саҳми он дар муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва барқароркунии сохти Шуравӣ ва солҳои Истиқлолияти давлатӣ хеле бузург мебошад.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) яке аз мудҳиштарин саҳифаҳои таърихӣ буда, дар он тамоми халқҳои собиқи Шуравӣ аз ҷумла, халқи Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузошта, ҳам дар фронт ҳам дар ақибгоҳ барои таъмини он ҷонсупорӣ намуданд. Махсусан милитсияи Тоҷикистон дар ин солҳо хеле фаъолона амал карда, кулли кормандони он ихтиёрӣ ба сафҳои Артиш ба фронт раҳсипор шуданд. Қисмати боқимонда дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, душманони дохилӣ ва хориҷӣ муборизаи беамон бурданд. Комиссариати халқии корҳои дохилӣ якчанд фармонҳо ба тасвиб расонд, ки фаъолияти милитсияро дар давраи ҷангӣ мушаххас гардонид.
Моҳи июни соли 1946 шуъбаи маъмурии Сарраёсати милитсия барҳам дода шуда, ваколатҳои он ба шуъбаи шиносномадиҳии Сарраёсати милитсия дода шуд. КХКД (НКВД) ба ВКД табдил дода шуд.
Соли 1953 бошад ВКД мустақил гардида, қарорҳои ҳизбӣ ва давлатиро иҷро намуда, соли 1956 сохтори онро ба Шуроҳои депутатҳо ва Вазири корҳои дохилӣ тобеъ намуд. Моҳи январи соли 1960 Президиуми Шурои Олии ИҶШС, ВКД ИҶШС- ро барҳам дода, вазифаҳои онро ба ВКД ҷумҳуриҳои иттифоқӣ супорид, ки минбаъд ба Вазорати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ табдил дода шуданд.
Чи тавре, ки амалия нишон дод, чунин таҷдиди назари дастгоҳи марказии ВКД ИҶШС ба душвориҳои зиёди сохторӣ ва хизматӣ оварда расонид. Ҳамин тавр, дар натиҷаи таҳлилҳои зиёд 26-июни соли 1966 Президиуми Шурои Олии ИҶШС фармонро дар бораи таъсиси «Вазорати иттифоқӣ - ҷумҳуриявии ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ИҶШС» - ро интишор намуд. Дар ҳайати он Сарраёсат ва раёсатҳои зерин таъсис ёфтанд:
- Сарраёсати милитсия;
- Сарраёсати ҷойҳои маҳбусон;
- Раёсати тафтишот;
- Сарраёсати қушунҳои дохилӣ;
- Сарраёсати ҳифзи сӯхтор.
Моҳи ноябри соли 1968 бо укази Президиуми Шурои Олии ИҶШС Вазорати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба Вазорати корҳои дохилии ИҶШС табдил дода шуд.
Дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, Раёсатҳои корҳои дохилии кишвар ва вилоятҳо сохторҳои шуъбаҳои корҳои сиёсӣ - тарбиявӣ ташкил карда шуданд, ки ваколати онҳо ба тамоми воҳидҳои хизматӣ паҳн мегашт.
ВКД ИҶШС ба тағйироти кулли сохторӣ мувоҷеҳ гашт. Дар моҳи феврали соли 1969 ба ҷои Сарраёсати милитсия, Сарраёсати мустақили кофтукови ҷиноӣ созмон дода шуд, инчунин дар баробари ин раёсатҳои зерин дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ созмон дода шуданд:
- Раёсати муборизаи зидди фурӯши моликият;
- Раёсати инспексияи давлатии автомобилӣ.
Ҳамин тариқ, аз ибтидои солҳои 1940 то соли 1969 ВКД борҳо таҷдиди назар ва табдили ном намуда, вазифаи аслии худ – ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, муборизаи зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандонро маркази фаъолияти касбии худ қарор дод, ки албатта ҳолати мазкур ба ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хос буд.
Бояд қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то нимаи аввали солҳои 90 – уми асри гузашта муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва истифодаи он чандон нигароникунанда набуд, вале минбаъд бо ҷой доштани омилҳои субъективӣ ва объективӣ, баъди шикасти давлати абарқудрати Шуравӣ ва истиқлолияти сиёсӣ, ба даст овардани Тоҷикистон, ҷанги таҳмиллии шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ сар зад, ки дар натиҷа сабабгори фалаҷ гардидани кулли соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар гардид. Гурӯҳҳои ҷиноятпешаи байналмилалӣ бошанд, аз вазъияти муташанниҷи сиёсӣ ва суст гардидани пеш аз ҳама низоми ҳифзи сарҳади давлатӣ истифода намуда, тадриҷан роҳҳои пинҳонии қочоқи маводи нашъаоварро аз кишвари ҳамсояи Афғонистон аз худ намуданд. Аз ҳамон давра дар Тоҷикистон сатҳи ҷинояткориҳои марбут ба интиқол ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор рӯ ба афзоиш ниҳод ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомии Тоҷикистон бори аввал соли 1993 – юм 38 килограмм афюн ва соли 1996, нахустин маротиба 6 килограмм героин мусодира кардаанд.
Пас аз имзои созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, дар соли 1997 раванди ба эътидол омадани вазъияти сиёсӣ – иҷтимоии кишвар оғоз гардид ва таъсири мусбии худро ба коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ, алалхусус ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаоварро гузошт, ки он натиҷаи заҳмати азим ва саъю кӯшиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумат ва тамоми тоҷикистониён мебошад.
Аз ин хотир, бо дарки зарурияти масъалаи мазкур, дар ибтидои солҳои Истиқлолияти давлатӣ, ки вазъияти сиёсии кишвар дар ҳолати ногувор қарор дошт ва онро ҷанги бародаркуш таҳдид менамуд, дар таърихи 21 – уми декабри соли 1994 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андешидани чораҳои таъхирнопазир оиди беҳдошти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ» ва Фармони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 – юми декабри ҳамон сол таҳти №570 ба тавсиб расид, ки тибқи он дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъсис дода шуд, ки дар чунин шароити таърихӣ масъалаи зарӯрӣ ва мақсаднок буд.
Албатта, ҳадаф аз таъсиси Раёсати мазкур, ки яке аз аввалин ниҳодҳо дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва ҷиноятҳои марбут ба он дар сатҳи ҷумҳурӣ мебошад, дастёб шудан ба пешравиҳои назаррас дар бахши мубориза бо ин маводи заҳролуд, ки тавонистааст чандин фарди ҷомеаи инсониро мубтало намуда, ҳаёти онҳоро ба нобудӣ барад, мебошад.
Бояд таъкид намуд, ки бо вуҷуди вазифаҳои муҳим ва хеле густурда доштан, мақомоти корҳои дохилӣ дар назди миллату давлат, масъалаи пешгирӣ ва муборизаи беамон бурдан бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, яке аз масъалаҳои муҳим, марказӣ ва пеш аз ҳама вазифаи аввалиндараҷаи роҳбарият ва дар маҷмуъ кулли кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Далели гуфтаҳои боло мусодира ва нобут гардонидани беш аз 35 тонна воситаҳои нашъадори гуногун аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, алалхусус кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1994 – 2012 шуда метавонад. Инчунин, қайд намудан лозим аст, ки маҳз бо ташаббуси кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва умуман мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар буданд, ки тибқи маълумотҳои Созмони Миллали Муттаҳид, Тоҷикистон аз рӯйи ҳаҷми маводи нашъаовари мусодирашуда дар ҷаҳон ба ҷойи чорум ва дар байни мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба ҷойи якум баромад.
Рӯзи 10-уми ноябри соли равон ба таъсисёбӣ ва фаъолияти босамари милитсияи тоҷик боз як соли дигар пур мегардад. Ин санаи таърихӣ дар хотираи он нафароне, ки умри бобаракати худро ба ин мақомот пайваст намуда, фаъолияти хешро сарфи пешгирии падида ва зуҳуроти номатлуби ҷомеа намуда, таъмини волоияти қонун ва амнияти шаҳрвандонро асоси пайкори хеш донистаанд, фаромӯшнопазир мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки милитсияи тоҷик аз нахустин рӯзҳои таъсисёбиаш, роҳи душвору мураккабро тай намуда, аз тамоми санҷишҳои таърихӣ, аз уҳдаи иҷрои он вазифаҳое, ки дар ҳар давру замон гузошта шуда буд сарбаландона баромада, тамоми қувва, неруи зеҳнӣ ва касбии худро барои таъмини вазъи сиёсиву ҷамъиятӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, оромиву осудагии шаҳрвандон ба харҷ дода, дар таҳкими амнияти давлату миллат ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳми арзанда гузоштааст.
Таърих гувоҳ аст, ки кормандони милитсияи тоҷик, дар ҳама муборизаҳо, алалхусус дар раванди барпо намудани Ҳокимияти Шуравӣ, мубориза ба муқобили ҳаракатҳои босмачигарӣ, муҳорибаҳои солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, барқарорсозии хоҷагии халқ, таъмини истиқрори сулҳ ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Дар ин маврид, кишвар ва халқу миллат хизмату заҳматҳои шабонарӯзии собиқадорону кормандони мақомотро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Дар ин ҷода ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки гуфтаанд: «Дар хотираи неки халқ ҷасорат ва садоқати бепоён ба кори нахустин кормандони милитсия, қаҳрамонӣ ва шуҷоати милитсионерон абадан боқӣ хоҳад монд ва халқ дар симои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ имрӯз ҳомии адолату бехатарӣ ва волоияти қонунро мебинад».
Мақомоти корҳои дохилӣ дар ин муддат баҳри расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ, таҳкими Истиқлолият ва суботи комили ҷомеа ҷасорату мардонагӣ нишон дода, дар ин роҳ ҷони 2000 нафар кормандони худро аз даст додааст, ки ёди онҳоро бо некӣ ба забон оварда, барои насли имрӯзи милитсияи тоҷик намунаи ибрат мешуморем. Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар ин ҷода чунин зикр намудаанд: «Ҷасорат ва мардонагии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар солҳои барқарорсозӣ ва ҳимояи сохти конститутсионӣ аз худ нишон доданд, ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотири халқ зудуда нахоҳад шуд».
Аз давраи Истиқлолият то қабул шудани Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», Рӯзи милитсия 6-уми феврал таҷлил мегардид, ки ба андешаи мутахассисон ва олимони худи соҳа аз ҷиҳати илмӣ чандон саҳеҳ набуд. Зеро дар қисмати шимолии Тоҷикистони имрӯза, ки он вақт ба Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Туркистон шомил буд, ҳанӯз аз декабри соли 1917 сар карда, аввалин дастаҳои милитсия созмон ёфта буданд. Асоси ҳуқуқии таъсисёбии милитсияро дар гӯшаву канорҳои собиқ Империяи Россия Декрет «Дар бораи милитсияи коргарӣ», ки 10 - уми ноябри соли 1917 ба тавсиб расида буд, ташкил мекунад. Бинобар ин, ба санаи 10-уми ноябр баргардонидани «Рӯзи милитсия» аз ҷиҳати таърихӣ ва илмӣ воқеан дуруст мебошад. Зеро танҳо бо дастгирии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз таъриху фарҳангии миллат хеле хуб огоҳанд, адолати таърихӣ барқарор гашт ва «Рӯзи милитсия» ба 10 ноябр муқаррар гардид.
То замони Истиқлолият таърихи милитсия ба ҳамагон маълум набуд. Ҳарчанд таърихи милитсия қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи таърихи кишварамон мебошад, таваҷҷуҳи муҳаққиқону олимон ба ин саҳифаҳои таърихи миллат, ки ба андешаи муаллифон розҳои ниҳонии зиёде дорад, камтар буд. Яке аз сабабҳои асосии то дер боз мавзуи таҳқиқнашуда мондани таърихи милитсия ин аввалан ба ҳама дастрас набудани маводи асосӣ вобаста ба таърихи милитсия маҳсуб меёфт. Зеро, маводи бойгонии ин ниҳод то андозае характери хуфиягӣ дорад. Аз тарафи дигар, маводи бойгонӣ вобаста ба таърихи милитсия дар ҷумҳурӣ хеле кам буда, онро берун аз ҷумҳурӣ мебоист дастрас намуд, ки мушкилиҳои зиёде дошт. Ин иқдоми нек аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳамаҷониба дастгирӣ ва густариш ёфта, боиси таҳияи маҷаллаю китобҳои зиёди илмӣ, илмӣ-оммавӣ бахшида ба «Рӯзи милитсияи тоҷик», васеъгардонии Осорхонаи ВКД, гузаронидани Озмунҳои гуногуни ВКД Тоҷикистон, конференсия ва нишастҳои илмӣ, пуррагардонии китобхонаҳои ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ гардид.

Шоҳиён Шуҳрат. – сардори курси воҳиди таълимӣ-низомии факултети №2 Академияи ВКД, Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...