ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА КОНСТИТУТСИЯ: ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚИИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Таҳлили робитаи истиқлоли давлатӣ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ин ду падидаи муҳимми давлатдорӣ дар ташаккул ва таҳкими низоми муосири сиёсиву ҳуқуқии кишвар робитаи ногусастанӣ доранд. Истиқлоли давлатӣ ҳамчун заминаи сиёсиву таърихии соҳибихтиёрии миллӣ барои мустақилона муайян намудани самтҳои рушди давлат ва ташаккули низоми миллии давлатдорӣ замина фароҳам овард. Дар навбати худ, Конститутсия арзишҳои истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлатро дар шакли меъёрҳои ҳуқуқӣ ва институтҳои конститутсионӣ таҳким бахшида, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти давлат ва ҷомеаро муайян намуд.
Таҷрибаи солҳои истиқлолияти давлатӣ собит менамояд, ки таҳкими давлатдории миллӣ бе заминаи устувори ҳуқуқӣ ва риояи меъёрҳои конститутсионӣ имконнопазир аст. Конститутсия дар раванди барқарорсозии сохтори конститутсионӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, таъмини фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ ва танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ нақши муҳим бозид. Ҳамзамон, рушди қонунгузории миллӣ ва такмили низоми ҳуқуқӣ барои мутобиқ намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ ба талаботи марҳалаҳои гуногуни рушди давлат ва таҳкими асосҳои ҳуқуқии давлатдорӣ мусоидат намуд.
Яке аз натиҷаҳои муҳимми таҳкими асосҳои конститутсионӣ ташаккули низоми мукаммали ҳуқуқӣ мебошад, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ эътироф ва кафолат дода шуда, фаъолияти мақомоти давлатӣ бар пояи меъёрҳои Конститутсия ва қонунгузории миллӣ ба роҳ монда мешавад. Аз ин нуқтаи назар, Конститутсия на танҳо сохтор ва низоми ташкили ҳокимияти давлатиро муайян менамояд, балки ҳамчун заминаи ҳуқуқии танзими муносибатҳои байни давлат, ҷомеа ва шаҳрванд низ хизмат мекунад.
Дар шароити муосир таҳкими истиқлоли давлатӣ танҳо бо ҳифзи соҳибихтиёрии сиёсӣ маҳдуд намегардад, балки рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, таҳкими низоми ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандиро низ фаро мегирад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия яке аз омилҳои муҳимми таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Истиқлоли давлатӣ ва Конститутсия ду пояи ба ҳам пайванди давлатдории муосири миллӣ ба шумор мераванд. Истиқлоли давлатӣ ҳамчун заминаи сиёсӣ ва таърихии ташаккули давлати соҳибистиқлол имконияти муайян намудани самтҳои мустақили рушди давлатро фароҳам овард, дар ҳоле ки Конститутсия ин дастоварди таърихиро дар шакли меъёрҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ таҳким бахшида, асосҳои ҳуқуқии давлатдориро муайян намуд. Пайванди ногусастании ин ду унсури бунёдӣ барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ, таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд аҳаммияти калидӣ дорад.
Дар дурнамои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои конститутсионӣ, таҳкими волоияти қонун, такмили низоми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷумлаи омилҳои муҳимми пойдории истиқлоли давлатӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, самаранокии минбаъдаи низоми давлатдорӣ на танҳо ба устувории институтҳои давлатӣ, балки ба сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва риояи меъёрҳои конститутсионӣ низ вобастагии мустақим дорад.
Ҳамин тариқ, таҷрибаи 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки устувории давлатдорӣ ба пайванди мутақобилаи истиқлоли сиёсӣ, соҳибихтиёрии миллӣ ва заминаҳои мустаҳками конститутсионӣ вобастагии мустақим дорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ асосҳои сохтори давлатӣ, низоми муносибатҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои фаъолияти мақомоти давлатиро муайян намуда, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва волоияти қонунро таъмин менамояд.
Аз ин рӯ, Конститутсия на танҳо заминаи ҳуқуқии ташкили фаъолияти давлат ва ҷомеа, балки воситаи муҳимми ҳуқуқии ҳифзи соҳибихтиёрӣ, истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ ва суботи сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Таъмини волоияти қонун, риояи меъёрҳои конститутсионӣ ва таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ аз шартҳои асосии рушди устувори давлатдории миллӣ маҳсуб мешаванд. Дар ин замина, пайванди ногусастании Истиқлоли давлатӣ ва Конститутсия ҳамчун омили муҳимми таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлатдории муосири миллӣ ва таъмини дурнамои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Сардори шӯъбачаи ташкилӣ-таҳлилии
шӯъбаи таълими Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
подполковники милитсия
Баҳодурзода Юсуфбек







































































































































































