Назари мут афаккирони форсу тоҷик оид ба масоили авф
(Дар ҳошияи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи авф»)
Вожаи «авф» (ар. عفو) аз забони арабӣ гирифта шуда, маънои луғавиаш «бахшидан», «гуноҳро нодида гирифтан» ва «аз ҷурми касе гузаштан» мебошад. Дар фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ низ авф (афв) ҳамчун бахшидан, гузаштан аз гуноҳ, сабук кардани ҷазо ё озод намудани гунаҳкорони маҳкумшуда ё зери тафтишотбуда маънедод карда шудааст .
Бояд қайд намоем, ки фаҳмиши авф (бахшиш ва гузашт)* барои мардуми тоҷик бегона нест. Зеро ин истилоҳро аз замонҳои хеле қадим мутафаккирони форсу тоҷик аз ҷумла, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Муҳаммад Ғазолӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Низомии Ганҷавӣ, Унсурмаолии Кайковус, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Шамси Табрезӣ, Лоиқ Шералӣ ва дигарон дар асарҳояшон ба таври фарох истифода кардаанд ва ё мавзуи эҷоди асарҳояшон будааст.
Аз ин нуқтаи назар, дар адабиёти муосир ва классикии форсу тоҷик васфи авф, бахшиш ва гузашт кардан аз гуноҳ мавқеи муҳим дорад. Ин мавзуъ махсусан дар эҷодиёти бузургони дар боло матраҳшуда аз Рӯдакӣ то Лоиқ бо зебоии тамом ва фалсафаи амиқи инсондӯстӣ инъикос ёфтааст.
Дар осори адабиёти классикӣ калимаи авф, бахшиш ва ё гузашт кардан аз гуноҳ яке аз олитарин сифатҳои инсонӣ, нишонаи бузургӣ ва қудрати маънавӣ маҳсуб мешавад. Он на танҳо ба маънои таҳаммулпазирӣ, балки ҳамчун роҳи олии расидан ба дили инсонҳо васф мегардад. Авфу бахшиш аз беҳтарин сифатҳои инсонӣ буда, рамзи бузургдилӣ, меҳрубонӣ ва сулҳу оштӣ маҳсуб мешавад.
Дар асарҳои шоирону нависандагони форсу тоҷик авф ҳамчун бахшиши гуноҳ, гузаштан аз гуноҳ, хислати неки инсонӣ, таҷассуми инсондустӣ, бузургдилӣ ва эҳёи маънавии инсон, рамзи ғолибияти хирад бар хашм ва муҳаббат бар кина, инъикоси сиёсати инсонпарварона ва ғалабаи муҳаббат ба бадӣ, поксозии виҷдон, тоза кардани дил аз ғаразҳо, ғолиб омадани некӣ ба бадӣ ва ғайра васф карда шудааст. Аз ин нуқтаи назар гуфтан мумкин аст, ки шоирон меҳрро тавлидкунандаи бузургтарин неру ва авфро силоҳи асосии шахси хирадманд ба муқобили бадӣ меҳисобанд.
Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик, дар асарҳои пандомӯзаш мафҳумҳои баланди ахлоқӣ, аз ҷумла, бузургворӣ, фурӯтанӣ ва бахшидани гуноҳи дигаронро тараннум кардааст. Гарчанде шоир қасида ё достони махсусе бо номи «Афв» надорад, фалсафаи бахшиш ва гузашт дар байтҳои пандуахлоқии ӯ борҳо зикр шудааст.
Яке аз маъруфтарин байтҳои Рӯдакӣ дар васфи одамият ва ахлоқи ҳамида, ки бахшиш низ ҷузъи он аст, чунин садо медиҳад:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ!
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ мардӣ!
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!
Дар ин байт шоир авфи нотавонон, кӯмак ба афтодагон ва гузашт нисбат ба дигаронро нишони ҳақиқии мардонагӣ ва одамгарӣ медонад. Умуман, мавзуи ҷавонмардӣ, инсондӯстӣ, бахшида тавонистан ва талқини ахлоқи ҳамида дар тамоми осори боқимондаи устод Рӯдакӣ, аз ҷумла, дар порчаҳои «Калила ва Димна» хеле васеъ ба назар мерасад.
Абулқосими Фирдавсӣ дар шоҳасари худ «Шоҳнома» авф ва бахшишро аз хислатҳои олии инсонӣ дониста, онро бо хирадмандӣ, адолат ва бузургӣ пайванд медонад. Ӯ таъкид мекунад, ки сарварони хирадманд бояд дар баробари ҷазо, роҳи авфу марҳаматро низ пеш гиранд. Авф ва ё бахшидан дар саросари достонҳои «Шоҳнома», аз ҷумла, дар ҳошияи эҷоди асарҳо оид ба паҳлавонон ва шоҳон хеле васеъ тарғиб шудааст.
Далели ин гуфтаҳо - авфи шоҳ Кайхусрав нисбат ба асирони Турон аст. Кайхусрав барои гирифтани интиқоми хуни падараш Сиёвуш ба Турон лашкар мекашад. Пас аз набардҳои шадид Кайхусрав Туронро шикаст дода, пирӯз мешавад. Дар натиҷа, аъзои хонаводаи Афросиёб ва занону кӯдакони ҳарами ӯ асир меафтанд. Дар он замон қатли умумии душман тибқи қонунҳои ҷангӣ як амри маъмулӣ буд ва сипоҳи Кайхусрав интизори қатли асирон буданд. Аммо Кайхусрав фармон медиҳад, ки занону кӯдакон ва бесилоҳон гуноҳе надоранд аз ин рӯ, онҳоро озор надиҳанд. Вай ҳамаи фармонравоёни туронӣ ва занони ҳарамро, ки дар қатли падараш Сиёвуш ҳеҷ гуноҳе надоштанд, авф кард ва ба онҳо амният дод. Вобаста ба ин Фирдавсӣ мегӯяд:
Чу пирӯзӣ омад, макун бадсигол,
Ки бахшиш бувад кори марди ҷалол .
Аз ин лиҳоз гуфтан мумкин аст, ки дар «Шоҳнома» қаҳрамонони ҳамоса аксар вақт ба ҷойи интиқом ва хунрезӣ, гуноҳи душмани мағлубшударо мебахшанд ва ин амалро нишони ҷавонмардӣ медонанд.
Дар ин замина шоир муносибати дурустро дар омезиши адлу бахшиш мебинад ва дар эҷодиёташ оид ба нагирифтани кина ва афзоиш додани неки таъкид сохта, чунин мегӯяд:
Ба яздон, ки аз ту маро кина нест,
Ба дил низ он кина дерина нест.
Бувад некии ту аз ин бад фузун,
Ту будӣ ба некӣ маро раҳнамун .
Авф дар нигоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баландтарин зуҳуроти ишқи илоҳӣ, хирад ва бузургворӣ аст. Вай бахшишро на танҳо як амали оддии гузашт, балки роҳи раҳоӣ аз зиндони нафсу кина ва омили асосии эҷоди сулҳу ваҳдат медонад. Ба қавли Мавлоно, ҷаҳолат бо ҷаҳолат бартараф намешавад ва танҳо оташи хашм бо оби бахшиш хомӯш мегардад.
Моҳияти авф дар осори Мавлоно пеш аз ҳама, ҳамчун сифати худовандӣ, шифои дил, қудрати бахшида тавонистан ва таҳаммулпазир будан ифода меёбад.
Мавлоно дар «Маснавии маънавӣ» таъкид мекунад, ки инсон бо бахшидани хатои дигарон, сифатҳои раҳмонии Худоро дар замин таҷассум мекунад ва таъкид месозад, ки авф инъикоси бахшоиши бепоёни Илоҳист.
Аз дидгоҳи Румӣ, авф шифои дил буда, кинаю интиқомгири бемории рӯҳ маҳсуб меёбанд. Авф кардан, пеш аз ҳама, худи инсонро аз бори гарони хашм ва заҳри нафрат озод мекунад ва ба рушди маънавӣ мусоидат менамояд.
Мавлоно зӯрии ҳақиқиро дар бахшида тавонистан мебинад, қаҳрамонони ҳикоёти худро тавре тасвир мекунад, ки қудрати воқеӣ на дар ғолибият бо роҳи зӯроварӣ, балки дар тавоноии бахшидани гуноҳи дигарон ҳангоми қодир будан дар гирифтани интиқом, зоҳир мешавад.
Ба қавли Мавлоно, яке аз моҳияти авф дар таҳаммулпазирӣ ифода меёбад. Таълимоти ӯ оид ба бахшиш ва таҳаммул сарҳади дину мазҳаб надорад. Ӯ инсонҳоро ба меҳрубонӣ ва гузашт дар баробари ҳамдигар даъват мекунад. Ин дидгоҳи тасаввуфӣ рамзи бузурги инсондӯстӣ буда, роҳи расидан ба комилият ва зиндагии оромро дар ҷомеа нишон медиҳад.
Яке аз машҳуртарин ҳикоёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ оид ба авфу бахшиш дар асари “Маснавии маънавӣ” ин достони “Шоҳ ва каниз” аст. Дар ҳикоёт омадааст, ки подшоҳ яке аз канизонашро бениҳоят дӯст медошт ва ҳамаи хоҳишҳои ӯро амалӣ месохт, бовуҷуди ин, пас аз гузашти муддате каниз, бемору парешон гашт. Табибони дарбор ҳарчанд талош карданд, ба дарди ӯ дармон наёфтанд. Подшоҳ аз ғамгинии каниз ба даргоҳи Худованд рӯ оварда, гиряву зорӣ карда, табиберо дар хобаш дида, онро аз Ҳиндустон даъват намуд. Табиб бемории канизро ташхис карда, пай бурд, ки иллати аслии беморӣ - муҳаббати дур аз Ватан дар дили каниз аст ва инро ба подшоҳ гуфт. Дар натиҷа, ба подшоҳ маълум шуд, ки каниз дар шаҳри худ ошиқи марди заргаре аст ва аз фироқи ӯ ранҷ мекашад. Подшоҳ бо шунидани ин ҳақиқат рафтори хирадмандона ва бузургворона карда, заргарро бо иззату эҳтиром ба назди каниз овард ва онҳоро бо ҳам пайваст, то дили каниз ором шавад .
Паёми ахлоқии ин ҳикояи Мавлоно дар он аст, ки подшоҳ метавонист аз рӯйи ғурур ва қудрат заргарро ҷазо диҳад ё канизро қатл кунад, вале ӯ аз интиқом даст кашида, канизро бахшида, онҳоро бо ҳам пайванд мекунад. Яъне, Мавлоно тавассути ин достон меомӯзонад, ки афв ва бахшиш хислати бузургон ва инсонҳои комил аст. Ҷазо додан осон аст, аммо бахшидан дар ҳолати тавоноӣ ва қудрат - нишони олии инсондӯстист. Бинобар ин, гуфтан мумкин аст, ки дар ин ҳикоёт рамзи комили раҳму шафқат, парҳез аз шитобкорӣ ва бахшиши инсонҳо пурра ифода ёфтааст.
Мутафаккири асримиёнагии маъруфи тоҷик Муҳаммад Ғазолӣ дар асараш “Наиҳат-ул-Мулук” ба ин маъно нигоштааст, ки ҳар подшоҳе дар мулкаш адлу инсофро пойдор нигоҳ дорад, пас, давлати ӯ пойдор ва муддавом боқӣ мемонад. Бинобар ин, гуфтан мумкин аст, ки Ғазолӣ асоси пойдории давлатро дар мавҷудияти адлу инсоф тараннум карда, бо қатъият таъкид менамояд, кишваре, ки пояи асосии онро на авф, балки зулм ташкил менамояд, дер ё зуд аз байн меравад.
Ҳамзамон, дар таълимоти Муҳаммади Ғазолӣ бахшиш ва гузашт (авф) аз сифатҳои олии инсонӣ ва нишонаи тақво маҳсуб мешавад. Дар асари машҳури “Кимиёи саодат”, Ғаззолӣ таъкид мекунад, ки авф кардан боиси оромии рӯҳ, рафъи кинаву адоват ва роҳи расидан ба камолоти маънавӣ аст. Ба қавли у авф кардан нишонаи заифӣ нест, балки зиннати қудрат мебошад. Шахсе, ки тавоноии интиқом гирифтанро дорад, вале бо сабр бурдборӣ мебахшад, бузургтарин қудрати нафсро нишон медиҳад.
Дар ин хусус Муҳаммад Ғазолӣ дар асари машҳури худ “Насиҳат-ул-Мулук” ҳикоят мекунад, ки Абӯ Ҷаъфар халифа, бифармуд - якеро бо сабаби содир кардани чинояте бикушанд. Дар он ҷо Муборак бинни Фазола ҳузур дошт ва гуфт: - Ё амиралмӯъминин, нахуст хабаре аз расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ман бишнав. Абӯ Ҷаъфар гуфт: - Бигӯй.
Муборак бинни Фазола гуфт: - Ҳасани Басрӣ ривоят мекунад, ки расул (алайҳи-с-салом) рӯзи қиёмат, дар он вақт, ки ҳама халқро дар як саҳро (рӯзи маҳшар) ҷамъ намоянд, мунодӣ овоз диҳад, ки ҳар киро наздики худои Таъоло дастест, бархезад. Ҳеҷ кас барнахезад, илло касе, ки касеро авф карда бошад. Абӯ Ҷаъфар ин қиссаро шунида, дарҳол гуфт: - Даст аз ӯ бидоред, ки ман ӯро авф кардам .
Ё ҷойи дигар Ғазолӣ ҳикоят мекунад, ки Алӣ ибни Ҳусайн Зайн-ул-Обидин (разияллоҳу анҳум), ки набераи Ҳазрати Алӣ ва абераи пайғомбар Муҳаммад буд, як рӯз ба масҷид ҳозир мешуд, ки яке ӯро дашном дод. Касону пайравони Алӣ қасди ӯ карданд. Алӣ гуфт: - Даст аз ӯ бидоред. Пас ба ӯ гуфт: - Он чи аз мо бар ту пӯшидааст, бештар аз он аст, ки ту медонӣ. Ҳеҷ ҳоҷате ҳаст туро ки, он ба дасти мо барояд то бад-он қиём кунем. Мард хиҷил ва шармсор буд. Алӣ ҷомаи хеш барканд ва бад ӯ дод ва ҳазор дирам фармуд ӯро .
Чунин ҳикоёт ва далелҳои мутаммад оид ба масоили авф дар ашъори Ғазолӣ хеле зиёданд ва аз моҳияти онҳо комилан пайхас кардан имконпазир аст, ки Ғазолӣ ба мисли Мавлоно ба он назар аст, ки бахшидани хатои дигарон яке аз сифатҳои бузурги Худованд аст, ки инсон бо бахшидан сазовори раҳмати илоҳӣ мегардад. Ба қавли Ғазолӣ, кинаву адоват мисли заҳр қалби инсонро тира мекунад. Авф кардан бошад, дилро аз олудагиҳо пок карда, сабаби оромии ботинӣ мешавад.
Мирзо Абдулқодири Бедил дар эҷодиёти худ мафҳумҳои авф, бахшиш ва гузашт аз хатои дигаронро ба мисли Мавлоною Ғазолӣ ҳамчун волотарин хислати инсонӣ ва зуҳуроти раҳмати илоҳӣ васф кардааст. Дар шеъри Бедил авф на танҳо ба маънои бахшиши гуноҳ, балки ҳамчун роҳи раҳоӣ аз кинаву хусумат ва калиди оромиши ботинии инсон таъкид мегардад.
Асосҳои фалсафии ин андешаҳо дар асарҳои бузурги шоир, чун достони «Ирфон» ва ғазалиёти ӯ ба таври густурда бозгӯ шудаанд. Аз ҷумла, як қисмати ғазалиёти Бедил дар самти тарғибу ташвиқи бо халқ зистан ва ҳамдаму ҳамнафаси он будан, бахшида шудааст. Ин даъвати шоир аз як тараф ҷанбаи инсондӯстӣ доштани ашори ӯро нишон диҳад, аз тарафи дигар, халқият ва моҳияти иҷтимоии осори ӯро ошкор месозад. Далели ин гуфтаҳо андешаи зерини шоир буда метавонад:
То абад маҳви шукӯҳи халқ бояд буду бас,
Шоҳи мо оина мепардозад аз гарди сипоҳ.
Дар ҷойи дигар, ба инобат гирифтани вазъияти халқро таъкид карда, чунин иброз доштааст:
То бувад мумкин, ба вазъи халқ бояд сохтан,
Одамият пеш натвон бурд бо насносҳо .
Бо назардошти ҳамаи ин андешаҳо, муҳаққиқони адабиёти классики, Бедилро аз зумраи орифоне медонанд, ки инсониятро ба меҳрубонӣ ва бузургворӣ ҳидоят мекард.
Низомии Ганҷавӣ дар маснавиҳои худ, махсусан дар «Хамса», ба мавзуи авф (бахшиш), раҳму шафқат ва гузашти инсонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, авфро сифати бузурги инсон ва нишони мардони ҳақиқӣ донистааст. Ба қавли ӯ, инсоният бе хатову бе гуноҳ буда наметавонад ва бахшидану шод кардани дили ғамзадагон кори мардони ҳақиқӣ ва бузургон аст, ки онро хеле зебо дар чунин шакл тараннум кардааст:
Зи қабули ҳазрати худ назаре бад-ин дил афкан,
Дили ғамрасидаеро бирасон ба шодмонӣ.
Агар аз Низомӣ омад гунаҳе ту авф гардон,
Ки кас эминӣ надорад зи қазои осмонӣ .
Ё дар ҷойи дигар Ганҷавӣ аз бузургии ҷурм ва раҳмати бекарон қисса карда, онро дар чунин шакл қаламдод кардааст:
Дилаш дар махзани осоиш овар,
Бар он бахшуданӣ бахшоиш овар.
Агарчи ҷурми ӯ куҳи гарон аст,
Туро дарёи раҳмат бекарон аст .
Ҳамин тавр, аз ин ва дигар шеру ғазалиётӣ Низомии Ганҷавӣ, ки дар боло матраҳ гардид, нуктаҳои асосии фалсафавии зерини авфу бахшиш карданро дарёфтем, ки он пеш аз ҳама, ҳамчун нишони қудрат, гузашт кардан аз кирдори номатлуб ва пайванд будани авфи инсонӣ бо авфи илоҳӣ ифода меёбад, ки аксари мутафаккирони классикии форсу тоҷик ба ин андеша ҳамфикр мебошанд.
Унсурмаолии Кайковус дар шоҳасари худ «Қобуснома» (ё «Насиҳатнома») мафҳуми авф (бахшиш ва гузашт)-ро яке аз сифатҳои олии роҳбарикунанда ва инсонӣ мешуморад. Ӯ қайд мекунад, ки шахси дорои мақом ва қудрат бояд ҳангоми содир шудани хато аз тарафи зердастон, ба ҷои интиқому ҷазои сахт, роҳи авфро пеш гирад, зеро бахшиш нишони бузургӣ ва раҳмдилии инсон аст.
Бояд қайд намоем, ки Кайковус боби сиюми «Қобуснома»-ро андар оини уқубат ва авф кардан, бахшида ба писараш таъкид мекунад, ки ба ҳар гуноҳе мардумро муставҳиби уқубат набояд кард ва агар касе гуноҳе кунад, дар дил узри гуноҳи ӯ бихоҳ, ки вай низ одам аст ва нахустин гуноҳ аз Одам (а.с.) ба вуҷуд омадаст.
Дар ин замина таъкид менамояд, ки бе асосҳои кофӣ уқубат накун то бегуноҳ сазои уқубат нагардӣ ва ба ҳар чизе хашмнок машав. Дар вақти қаҳру ғазаб хашм фурӯ бурданро одат намо. Чун ба гуноҳе аз ту авф хоҳанд, авф кун ва бар хештан инро воҷиб дон, агарчи гуноҳи сахт низ содир карда бошанд, зеро банда агар гунаҳкор набошад, авфи Худованд пайдо намеояд. Ба қавли мутафаккир, ба гунаҳкор додани мукофоти бад аз фазли инсони қудратманд шаҳодат намедиҳад ва агар ӯ авф карданро воҷиб донад, пас, шарафи бузургро соҳиб мегардад .
Унсурмаолии Кайковус таъкид мекунад, ки агар гуноҳи касеро авф кардӣ, дигар барои он ӯро сарзаниш макун ва аз он гуноҳ ёд маор, зеро дар ҳолати баръакс, ҳамчунон бошад, ки гӯё авф накарда бошӣ. Дар ин замина ишора мешавад, ки агар касе гуноҳе содир намояд ва он боиси таъйини ҷазо бошад, бояд ба ҳадди гуноҳи ӯ аҳаммият дода, онро дар асоси илм, карам, раҳмат ва инсоф, таъйин намояд. Ба қавли ин мутафаккир, агар шахс ба андозаи як дирам гуноҳ дошта бошад, ҳангоми таъйини ҷазо кирдори ӯро ба андозаи ним дирам уқубат кунӣ, то ҳам расми сиёсат ба ҷой оварда бошӣ ва ҳам шарти карам нигоҳ дошта бошӣ, то ҳам аз каримон бошӣ ва ҳам аз сиёсатмадорон.
Вобаста ба ин, ҳикоят мешавад, ки ба рӯзгори Муовия* қавме гуноҳе карданд, ки куштан бар эшон воҷиб буд. Муовия пеши хеш фармуд эшонро гардан задан. Дар миёна якеро пеш оварданд, ки бикушанд. Он мард гуфт: – Ё амир, ҳар чи бо мо кунӣ, сазои мост ва ман бар гуноҳи худ муқаррарам. Аммо аз баҳри ҳақ таоло аз ман ду сухан бишунав ва ҷавоб деҳ.
Муовия гуфт: – Бигӯй.
Марди муҷрим (гунаҳгор) гуфт: – Ҳама олам аз ҳилму карами ту ҳамегӯянд ва агар ин гуноҳ дар пеши подшоҳе кардам, ки на чун ту кариму ҳалиму раҳим будӣ, он подшоҳ бо мо чӣ кардӣ?
Муовия гуфт: – Ҳамин ки ман ҳамекунам.
Мард гуфт: – Пас каримиву ҳалимиву раҳимии ту моро чӣ суд дорад, ки ту ҳамон кунӣ, ки он бераҳмату беҳилм?
Муовия гуфт: – Агар ин сухан марди нахустин гуфта будӣ, ҳамаро авф кардам. Акнун, ки инҳо мондаанд, авф кунед .
Аз мазмуни ҳикоёти мазкур ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар тасаввури Унсурмаолии Кайковус ҳеҷ кирдоре бе авф буда наметавонад. Зеро дар таълимоти худ ин мутафаккир таъкид менамояд, ки чун муҷриме авф хоҳад, иҷобат кун ва ҳеҷ гуноҳе мадон, ки он ба узр наярзад.
Шайх Саъдии Шерозӣ авфро сифати олии инсонӣ ва нишонаи бузургии шоҳон медонад. Вай боби дуввуми асари машҳураш “Бӯстон”-ро доир ба эҳсон ва накӯкорӣ, ки бояд сарватмандон барои шукри Худо онро анҷом диҳанд бахшида, дар он авфу бахшишро беҳтарин роҳи ислоҳи гунаҳкорон донистааст .
Дар мавриди бахшандагии пас аз ҷазо ӯ таъкид месозад, ки инсони қудратманд бояд ҷавонмард, хушахлоқ ва бахшанда бошад. Далели ин гуфтаҳо мисраҳои зерини шоир буда метавонад:
Чу бар душмане даст ёбӣ - бибахш,
Ки аз дод кардан ҷавонмардӣ бахш.
Ба қавли Саъдӣ, агар Худованд неъматашро ба ту арзонӣ кунад, ту ба халқ арзонӣ намо. Зеро то имрӯз ба дунё касе наомадааст, ки монда бошад ва сутуни дунё шуда бошад. Танҳо ҳамон кас ба дунё монд, ки номи нек аз худ боқӣ гузошт.
Саъдӣ хеле орифона ҳикоят мекунад, ки ҳамеша бузургӣ ва бахшандагиро пеша намо. Далели гуфтаҳои боло ин ду мисра буда метавонад:
Бузургию афву карам пеша кун,
Зи хурдони атфолаш андеша кун!
Ба қавли муҳаққиқ, агар банда аз даргоҳи худованд муноҷот хоҳад, парвардигор ҳамаи гуноҳони ӯро авф хоҳад кард, пас, бандагони қудратманд низ бояд ба андозаи тавон авф пазиру бахшанда бошанд. Оид ба ин чунин таъкид намудааст:
Ба зоҳир ман имрӯз аз ин беҳтарам,
Дигар то чӣ ронад қазо бар сарам.
Гарам пойи имон налағзад зи ҷой,
Ба cap барниҳам тоҷи афви Худой .
Аз ин нуқтаи назар гуфтан мумкин аст, ки асоси фалсафаи Саъдӣ дар бораи авф ин аст, ки бахшиш қудрати воқеии инсонро нишон медиҳад. Ба қавли шоир, касе ки дигаронро мебахшад, ҳаргиз хор намешавад, балки мартабааш дар дили мардум боло меравад. Саъдӣ таъкид мекунад, ки бо бадӣ ҷавоб додани бадӣ кори ҳамагон аст, аммо бузургӣ дар бадиро бо накӯӣ ва бахшиш посух додан аст. Хулосаи таълимоти Саъдӣ ин аст, ки авфу бахшиш на танҳо раҳму шафқат, балки як навъ тарбияи ахлоқӣ аст, ки шахси гуноҳкорро аз кори бад шармсор ва ба роҳи рост ҳидоят мекунад.
Шоири бузурги форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ дар ғазалиёти хеш ба мавзуи авф, раҳму шафқат ва бахшиши гуноҳҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардааст. Ӯ инсонҳоро ба меҳрубонӣ, гузашт кардан ва бахшидани хатогиҳои якдигар даъват менамояд. Дар шеъри Ҳофиз мавзуи бахшиш ва авфи гуноҳон аз даргаҳи Худованд, инчунин, авф кардани гуноҳи дӯст, ҷойгоҳи баланд ва махсус дорад.
Масалан, шоир ҷойе аз хатои худ пушаймон гашта, аз дусташ авф карданро бо чунин тарз тақозо мекунад:
Дорам умеди отифате аз ҷониби дӯст,
Кардам ҷиноятею умедам ба авфи ӯст .
Дар таълимоти ирфонии Шамси Табрезӣ, авф ва бахшиш сифати олии инсонӣ ва зуҳури меҳрубонии иллоҳӣ мебошанд. Ӯ доимо инсонҳоро ба меҳрубонӣ, гузашт аз хатои якдигар ва худшиносӣ ташвиқ мекард.
Аз таҳқиқотҳо бар меояд, ки андешаҳои Шамси Табрезӣ дар хусуси авф ва бахшиш ба андешаҳои Мирзо Абдулқодири Бедил, Мавлоно Ҷалолиддини Балхи, Муҳаммад Ғаззолӣ ва Ҳофизи Шерозӣ қариб якранг аст.
Шамси Табрезӣ ба мисли мутафаккирони дар боло иброзшуда, авфу бахшишро яке аз сифатҳои иллоҳӣ таҷассум мекунад ва онро поксозии қалб медонад. Ба қавли Табрезӣ, инсон “тоҷи офариниш” аст ва бузургдошти инсон тавассути эҳтиром, фаҳмиш ва гузашт ба амал меояд.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар асарҳояш бо номи “Ахлоқи муҳсинӣ” ва “Футувватномаи султонӣ” роҷеъ ба афв ва ҷавонмардӣ андешаҳои хос дорад. Ба қавли ӯ, шоҳ бояд авфу бахшиш дошта бошад ва онро шиори доимии худ созад. Бар халқ шафқат кунад ва аз сари гуноҳи эшон ба миқдору имкон гузашт намояд ва ба онҳо некӯӣ ва меҳрубонӣ намояд.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар “Ахлоқи муҳсинӣ” роҷеъ ба масъалаи афв гуфтааст, ки афв хислати бузургон аст ва гуноҳ хислати фурӯдастон:
З-ибтидои даври олам, то ба аҳди подшоҳ,
Аз бузургон авф будаст, аз фурӯдастон гуноҳ .
Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар охири бахши афв дар “Ахлоқи муҳсинӣ” мефармояд, ки:
Афв фармудан муборак хислатест,
Ҳар ки дорад афв соҳибдавлатест.
Дил зи нури авф равшан мешавад,
Дар насимаш сина гулшан мешавад .
Бояд қайд намоем, ки шоирон ва мутафаккирони муосири тоҷик дар масъалаи авфу бахшиш ва гузашти гуноҳи якдигар андешаву нигоштаҳои хеле воло ба меърос гузоштаанд. Масалан, ашъори устод Лоиқ Шералӣ саршори ҳиссиёти баланди инсондустӣ, бахшиш, фурӯтанӣ ва дарки хатоҳои башарист.
Шоир дар васфи авфу бахшидани гуноҳон, мафҳумҳои баланди ахлоқиро бо маҳорати нотакрор ба қалам дода, инсонҳоро ба меҳру муҳаббат ва гузашт даъват мекунад. Аз ҷумла, дар асараш фарёди бефарёдрас, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ то расидан ба Ваҳдати миллӣ эҷод шудааст, шоир мардумро ба ҳамдилӣ, якдигарфаҳмӣ, гузашт ва авф кардани хатоҳои якдигар даъват карда, талош варзидааст, ки дар бедории мардум ва ба даст овардани сулҳу салоҳ, саҳмгузор бошад.
Масалан вақте, ки бо ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо гурӯҳи мухолифин ба имзо расид ва тарафҳо бо ҳам созиш карда, гуноҳи ҳамдигарро бахшиш карданд, шоир барои расидан ба ин тавофуқ ҳардуҷонибро дар чунин шакл табрик менамояд:
Имоми ду тарафро мекунам табрик,
Ки тоҷик мешавад наздик бо тоҷик!
Тазод ин ҷо, тазоди вақт ҳам ин ҷост,
Ки бо тоҷик тоҷик мешавад наздик.
Имоми ду тарафро мефишорам даст,
Ки пай бурданд бар ин нуктаи борик.
Ки андар оштӣ оши ҳалоли халқ,
Ки андар оштӣ дарҷ аст рӯзи нек.
Чу донистанд к-андар паҳнаи гетӣ,
Кӣ будасту кӣ дод ин ҷангро таҳрик.
Бародарвор роҳи нурро ҷустанд,
Ки фардоро раҳонанд аз шаби торик.
Кунун оғози сулҳ асту рафоҳи халқ,
Бувад ояндаи пурнурамон наздик!
Ба ин азми қавию аҳди мардона,
Имоми ду тарафро мекунам табрик.
Имоми ду тарафро мекунам табрик,
Ки тоҷик мешавад наздик бо тоҷик!
Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки мафҳуми «авф» дар адабиёти мо натанҳо бахшиши оддӣ, балки поксозии маънавӣ, қабули хато ва эҳёи дубораи муносибатҳои гарми инсониро ифода мекунад, ки Лоиқ Шералӣ онро дар ғазалу рубоиёти фалсафии худ ба таври васеъ инъикос кардааст.
Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар васфи авф (бахусус, сиёсати инсонпарварона ва қонунҳои бахшоиши давлат) шерҳои бисёр пурмуҳтаво ва таъсирбахш эҷод кардааст. Вай авфро ҳамчун хислати олии инсонӣ васф карда, таъкид месозад, ки он ҷомеаро аз парокандагӣ наҷод медиҳад. Дар ашори ӯ авф воситаи шукофоии Ватан аст. Аз ҷумла, яке аз маъруфтарин байтҳояш дар ин мавзуъ чунин аст:
Авфҳо ҷойи ҷазоҳоро зи нав бигрифтанд,
Ҷашнҳо ҷойи азоҳоро зи нав бигрифтанд .
Дар воқеъ, Муҳаммад Ғоиб ин шерро дар “достони пешво” тараннум карда, дар он сиёсати сулҳхоҳона ва инсондӯстонаи даврони истиқлоли Тоҷикистонро васф карда, аҳаммияти бахшиши гуноҳҳоро барои расидан ба Ваҳдати миллӣ таъкид мекунад. Зеро пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо сабаби таҷриба ва камоли сиёсӣ надоштани аҳолии бумии кишвар ва таъсири баъзе аз давлатҳо ва шахсони манфиатҷу боиси дар кишвар сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шуд, ки дар натиҷа, ҳазорон ҷиноятҳои мудҳишу даҳшатбор содир гардиданд.
Бо мақсади расидан ба оштии миллӣ ва хомуш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми андешаю нигоштаҳои мутафаккирони форсу тоҷикро ба назар гирифта, аввалин қонуни авф дар Тоҷикистони соҳибистиқлолро 23-юми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуд ва бо ин санад аксари шахсони ҷиноятсодиркарда авф карда шуданд.
Бо қабули ин қонун то андозае кинаю адоват аз дили мардум берун шуда, қувваи некӣ ба бадӣ ғолиб омад ва ҳамин тавр, оҳиста оҳиста аксари силоҳбадастон силоҳҳоро супорида, ба ҳаёти осоишта баргаштанд, ки дар натиҷа, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ 27-уми июни соли 1997 ба имзо расид. Яъне, чи тавре бузургони дар боло матраҳшуда иброз доштаанд, авф кардан кина ва бадиҳоро дур карда, сулҳу оштиро фароҳам ва баракати давлатдориро афзоиш медиҳад, айнан чунин шуд.
Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз замони ба даст овардани истиқлолият то ин муддат ҳамеша дар ҷашнҳои гуногуни хусусияти динӣ ва миллидоша, аз қабили идҳои Рамазону Қурбон, ҷашнҳои Наврӯз, Садда ва ғайра баромад карда, ба мардум муроҷиат мекунад, ки раҳму шафқат ва хайру саховатро зиёд карда, аз гуноҳи ҳамдигар гузашт намуда, хатои якдигарро авф намоянд.
Ҳамзамон, дар ҷашнҳои сиёсӣ, аз қабили Истиқлолияти давлатӣ, рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи қабули Конститутсия ва ғайра, қариб ҳар 5 сол пас кирдори зиёди ҷинояткоронро тавассути қабули қонунҳои дахлдор, бахшиш ва ё авф менамоянд.
Далели гуфтаҳои боло ин аст, ки 16-уми июни соли 2026 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба имзо расонида, гуноҳи тақрибан 18 ҳазор маҳбусро бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ авф намуд, ки ин 18-умин авфи Пешвои миллат дар замони соҳибистиқлолӣ аст.
Ин ҷавонмардии Пешвои миллат боис мегардад то ҳазорон нафароне, ки ҷиноят содир кардаанду аз ҷинояти худ пушаймон гаштаанд, ба назди хонаводаашон баргарданд. Пешвои миллат бо ин амали инсондӯстонаашон чандин тифлонро ба дидори падар ва чандин падарону модаронро ба дидори фарзанд мерасонанд. Аз ин дида, шодие дигар шояд вуҷуд надошта бошад ва барои чунин афв дили бузургу меҳрубон бояд дошт.
Беҳуда нест, ки дар осори мутафаккирони мо гуфтаанд:
Бахшиш кунӣ гар хатое равад,
Ки бахшидани бад ба некӣ шавад.
Макун кина бар кас дар ин рӯзгор,
Ки бахшанда бошад бузургу виқор.
Ё дар ҷойи дигар авфро раҳму шафқат дониста, мефармоянд:
Раҳм кун, то бар ту раҳм орад худоӣ,
Авф кун, то авф ёбӣ дар ду ҷой.
Ҳар ки ӯ бар бандагон раҳмат кунад,
Хешро шоистаи ҷаннат кунад.
Бояд қайд намоем, ки дар фаҳмиши халқи тоҷик авфу бахшиш решаҳои қадима ва тоисломӣ доранд, ки он дар ашори бузургон тараннум шуда, то имрӯз дар рафтори мардум ба мушоҳида мерасад. Фалсафаи авфу бахшиш дар миёни халқи тоҷик аз амалҳои аҳуроӣ ба шумор рафта, бар хилофи амалҳои аҳриманӣ мебошанд. Чи тавре ки ҳанӯз дар таълимоти зардуштия, дар набарди қувваҳои некию бадӣ, дар ниҳоят некӣ ғалаба мекунад, дар мафкураи мардуми ориёӣ, хоссатан тоҷик, кору амали хайр ҳамеша ғолиб, дастболо ва ҷовидонаю ҷавонмардона аст.
Бо назардошти ҳамаи андешаҳои дар боло матраҳшуда, ба хулосе омадан мумкин аст, ки имрӯз низ сиёсати инсондӯстона ва қабули қонунҳои авф дар кишвар идомаи мантиқии ҳамон арзишҳои баланди ахлоқию инсонӣ маҳсуб меёбад, ки дар осори мутафаккирони форсу тоҷик борҳо ситоиш шудааст ва он анъанаи неки аҷдодӣ маҳсуб меёбад, ки дар амалҳои Пешвои муаззами миллат ба таври фаррох таҷассум ёфтааст.
Зеро дар таълимоти онҳо инсони бахшанда ҳамеша қалби пок, беғаш ва софу беғубор дорад. Дар чунин инсонҳо кинаю адоват ва бухлу бахилӣ ба назар намерасад. Умуман, авф кардан кори мардони Худо аст, ки дар он лаззату нури сафоро мебинанд. Онҳо авф мекунанд то авф шаванд ва бо ин роҳ дилҳои худро аз ғам бадар месозанд.
Дар охир умедворем, ҷавобан ба ин кори савоб зиндониёне, ки ба озодӣ мебароянд бояд ба қадри озодӣ, зиндагии осоишта, сулҳу субот бирасанд ва дар пайравӣ ба сиёсати Роҳбари давлат ва тамоми мутафаккирони барҷастаи форсу тоҷик аз пайи корҳои хайру созандагӣ рафта, дар ҷавоби некиҳо некона рафтор намоянд.
АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. Девони Рӯдакӣ. – Душанбе «Бухоро», 2015. – 334 с.
Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Иборат аз 2 ҷилд, ҷилди 1. – Душанбе: «Шарқи озод», 2025. – 792 с.
Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Иборат аз 9 ҷилд. Ҷилди 8. – Душанбе: «Адиб», 1990. – 612 с.
Имом Абӯҳомид Муҳаммад Ғазолӣ. Наиҳат-ул-Мулук. – Душанбе: «Ирфон», 1993. – 144 с.
Кошифӣ, Ҳ.В. Футувватномаи султонӣ. Ахлоқи Мӯҳсинӣ. Рисолаи «Ҳотамия». – Душанбе: «Адиб», 1991. – 320 с.
Лоиқ Шералӣ. Фарёди бефарёдрас (Маҷмуаи ашъор). – Душанбе, 1997. – 200 с.
Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. Маснавии маънавӣ. Дафтари аввал ва дуввум. – Душанбе: «Адиб», 2013. – 480 с.
Мирзо Абдулқодири Бедил. Мунтахабот. – Душанбе: «Адаб», 2018. – 480 с.
Муҳаммад Ғоиб. Достони Пешво. – Душанбе: «Эр-Граф», 2018 –172 с.
Низомии Ганҷавӣ. Қуллиёт. Иборат аз панҷ ҷилд. Ҷилди I. Хусрав ва Ширин / Ба чоп ҳозиркунанда ва муаллифи сарсухан 3. Аҳрорӣ. – Душанбе: «Ирфон», 1983. – 464 с.
Низомии Ганҷавӣ. Қуллиёт. Иборат аз панҷ ҷилд. Ҷилди V. Иқболнома, Махзан-ул-асрор, Девони ашъор / Муратибони матн: Баҳром Сирус ва Ҷобулқо Додалишоев. – Душанбе: «Ирфон», 1984. – 480 с.
Саъдии Шерозӣ. Бӯстон. – Душанбе: «Маориф ва фарханг», 2008. – 292 с.
Саъдии Шерозӣ. Бӯстон. – Душанбе: “Адабиёти бачагона”, 2018. – 320 с.
Унсурулмаолии Кайковус. Қобуснома / Таҳия, пешгуфтор ва тавзехоти Мирзо Муллоаҳмад ва Меҳрӣ Шарофова. – Душанбе: «Маориф», 2016. – 240 с.
Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Иборат аз 2 ҷилд. Ҷ. 1 / дар зери таҳрири С. Назарзода [ва диг.]. – Машҳад-Душанбе: ҶММ «Ксероксленд» бо ҳамкории интишороти «Сухангустар», 2008. – 949 с.
Ҳофизи Шерозӣ. Қуллиёт / Муратиб: Чамшед Шанбезода. – Душанбе: «Ирфон», 1983. – 672 с.
Ҳайдарзода М.П.
Дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2-юми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия
e-mail: murod.23.09.1990 @mail.ru







































































































































































