ИСТИҚЛОЛИЯТ - НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ!
Воқеан ҳам, ин санаи таърихӣ дар таърихи навини давлатдории мо як нақши гарону босазои худро дорад, зеро маҳз 35 сол муқаддам, яъне 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистони мо Истиқлолияти давлатиро ба даст овард. Маҳз ана ҳамон лаҳза муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Аз ҳамон вақт сар карда то имрӯз ин санаи муборак барои ҳар як тоҷикистонӣ иди муқаддас ба шумор меравад. Чӣ тавре, ки шоира Раънои Мубориз ба қалам додааст.
Дардҳои ҷони Синоро даво,
Захмҳои пушти Айниро шифо,
Нур бар чашмони бози Рӯдакӣ
Нав ба нав "Шоҳнома"-ро ибтидо
Бошад Истиқлол, Истиқлоли мо
Истиқлолият худ волотарин ва пурарзиштарин дастоварди миллати куҳанбунёди тоҷик аст. Маҳз Истиқлолияти давлатӣ аст, ки ба наврасону ҷавонони мо имконият фароҳам оварда шуд, то ки дониш, қобилият, малака ва маҳорати худро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанду ҳамеша ба сӯи ояндаи дурахшон устуворона қадам зананд. То имрӯз дар муддати 35 соли Истиқлолияти давлатӣ кишвари мо дар тамоми самтҳо аз ҷумлаи илму маориф, иқтисодиёту иҷтимоиёт ва ғайра ба пешравиҳои назаррас ноил гардид.
Яке аз дастовардҳои беназире ки Истиқлолият ба мо дод, ин марбуд ба соҳаи тандурустист. Бо заҳмату талошҳои Ҳукумати мамлакат имрӯз дар Ватани маҳбуби мо ба соҳаи тиб ва дорусозӣ диққати махсус зоҳир мегардад, ҳамасола даҳҳо иншоотҳои марбуд ба соҳаи тиб ифтитоҳ мегарданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тибро ҳамчун соҳаи афзалиятнок таҳти назорат ва пуштибонии худ қарор додаанд. Зеро беҳуда намегӯянд, ки “Саломатии миллат- бойгарии давлат аст!
Ҳамаи сокинони Тоҷикистони маҳбубу азизи мо имрӯз ифтихор аз он доранд, ки 35 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, бо шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ-Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.
Ҳукумати конститутсионӣ рӯйи кор омад ва миллати тоҷик соҳиби сарвари арзанда гардид. Шохаҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ аз нав барқарор карда шуд, пояҳои давлатдорӣ устувор гардид. Беш аз як миллион фирориён ба Ватан бозгардонида шуданд. Иҷлосияи таърихӣ ҷомеаи Тоҷикистонро ба шоҳроҳи бузурги сулҳу ваҳдат раҳнамун сохт. Самараи бузурги ин руйдоди таърихӣ ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад.
Ин санади муҳим миллати тоҷикро сарҷамъ кард ва ба оламиён исбот намуд, ки мардуми тоҷик хоҳони сулҳу салоҳ ва оромии кишвари худ мебошад ва омода аст, ки алайҳи ҳар гуна неруҳои тафриқаангезу моҷаро муборизаи оштинопазир барад.
Натиҷаи самарабахшии Иҷлосия ин гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ дар кишвар буд, ки он заминаи устувору аниқро бобати эъмори ҷомеаи демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёд гузошт.
Пас аз як соли Истиқлолият, аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро овард, ки минбаъд тамоми пешрафту тараққиёти мамлакат бо номи ӯ алоқамандии ҳамаҷониба дорад. Худи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буданд, ки “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолиятам ҳамчун сарвари давлат моҳи ноябри соли 1992 дар ҷараёни Иҷлосияи таърихии парлумони мамлакат изҳор карда будам, ки созгори миллӣ, роҳи ягонаи тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон аст ва танҳо сулҳ ғояи умумимиллӣ мегардад, ки халқи моро муттаҳид сохта тавонад”.
Боиси ифтихор аст, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон дар таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи нодир эътироф шуда, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифтааст. Ҳамчунин бояд гуфт, ки дар таъмини сулҳу ваҳдат Аҳдномаи ризоияти ҷомеа, ки 9-уми марти соли 1996 ба имзо расид, нақши муассир бозид.
Эмомалӣ Раҳмон пеш аз интихоб шуданаш ба мансаби Раиси Шӯрои Олӣ бар манзалати намояндаи халқ дар парлумони кишвар ҳам сиёсатмадор буд. Вале фаъолияти сиёсии вай дар маҷрои умумии як сохторе бисёрнафара нопадид мегардид ва афкору андешоташ таҳтушшуъои афкори ҳамагонӣ пинҳон мемонд. Ва ҳам хатари нобуд шудани Тоҷикистон ба ҳайси ангезандаи муассиртаре пеш омад, ки як ҷавони расми сарвариву сипаҳсолорӣ наомӯхта дар як замон ҳам роҳбари сиёсӣ, ҳам стратеги ҳарбӣ ва ҳам мураббии ҷомеа гардад.
Эмомалӣ Раҳмон медонист, ки барои мардуми азияткашидаи Тоҷикистон алҳол беҳтарин ва бебаҳотарин сарват сулҳ аст. Ин мардуми сахтҷону ғамкеш бо ҳама сахтҷониву мусибатдорӣ дигар ёрои таҳаммули ҷангу хунрезиро надорад. Вай розӣ аст, ки ба ҳар воситае як пора нони ҳалолашро пайдо кунад, вале дигар овози тир ва таркиши дилхароши тӯпро нашунавад. Сулҳ ҳам неъмат аст, иқбол аст, саодат аст, ҷон аст. Ва Эмомалӣ Раҳмон бидуни шубҳа бо тамоми масъулияти хоси мардони ҷасур пайи амалӣ кардани ин нақшаи бузург ва ҳаётӣ зимоми умурро ба даст гирифт ва бо ҷаҳди тамом ба иқдом пардохт.
Бо ташаббуси Истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ расида бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: “Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд”.
Маҳз, аз 35 соли Истиқлолият аст, ки миллати мо гул гул мешукуфад, маҳз 35 соли соҳибихтиёрӣ аст, ки мо дар асоси ҷаҳон миллати худро муаррифӣ кардаем, маҳз аз баҳори Истиқлолият аст, ки ҳама қишри ҷомеа Тоҷикистон шукуфон асту, рӯз аз рӯз зебо мешавад. Имрӯз Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои ҷамъи ҷаҳон мебошал. Истиқлолияти мо, он вақт ҷонноктар мешавад, ки Сулҳу Ваҳдат пойдор бошад Аз ин рӯ моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои пешрафти Ватани азизамон саҳми худро гузорем.
Имруз ҳар як фарди Тоҷикистон ба хубӣ дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарин неъмат, рукни асосии давлати озоду обод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободиву саодатмандӣ, сарбаландиву осоиштагӣ ва нерӯи тавонбахши ҳаёт мебошад.
Мо дар шароити ҷаҳонишавии арзишҳо ва даврони пуртазоду печидаи ҷаҳони муосир бо ҳифзи хусусиятҳои милливу таърихии халқамон роҳу равиши хосаи худро дарёфтем ва имрӯз бо ин роҳ барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дилпурона ба пеш меравем.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир рисолати ҳар фарди ватандӯст обод намудани Тоҷикистони азизамон мебошад. Дар раванди корҳои ободониву созандагӣ дар тӯли солҳои истиқлолият садҳо корхонаҳои хурду бузург бо ҳазорҳо ҷойҳои кор сохта ба истифода дода шуданд, ки ба некуаҳволӣ ва ноил гардидан ба зиндагии сазовори мардум мусоидат менамояд.
Бигзор бузургтарин дастоварди миллатамон – Истиқлолияти давлатӣ поянда бимонад!
Ҷангро мо дур аз худ сохтем,
Ҷону дилро дар раҳи ту бохтем.
Буд парчам зери пои нокасон,
Парчаматро то фалак афрохтем.
Шукри истиқлол мебояд намуд,
Шукри ин иқбол мебояд намуд.
Хурраму сарсабз мебошад кунун,
Ҷаҳд месозем ки бошад дар амон
Файзи Раҳмонист истиқлоли мо,
Раҳми Яздонист истиқлоли мо.
Маъруфзода Маъсумахон Маъруф – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия







































































































































































