ИСТИҚЛОЛИЯТ САРНАВИШТИ МИЛЛАТИ ТОҶИКБУНЁД
35-сол муқадам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллатӣ тоҷик ба вуҷуд омад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9 сентябр расман рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб меёвад. Даврони Истиқлолият ба мо имкони воқеи фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дуняви интихоб намоем. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 35-сол қабл аз ин хиштҳо пойдевори истиқлолияти воқеи ва давлатдории миллии худро бино карданд, ва аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва суруди нави миллӣ гардидем.
Ҳодисаву воқеаҳои соли навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсатӣ давлатии мо маҳсуб мешавад.
Пас аз як соли эълони истиқлолият аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар қасри Арбоб Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба дорад.
Аз рӯзи сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди фарзонаи халқ Ҷаноби Оли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои ҳайётан муҳими ҳокимият асосҳои сохтори конститутсиони, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар пешравиҳо ба вуҷуд омада, инчунин пули миллӣ бо аксҳову иморатҳои давлатдории тоҷикон ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳон эътироф гардид. Дар мустаҳкам намудани амнияти давлату миллат, ки яке аз рукнҳои давлатдории мустақил мебошад, Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳади бо мақсади ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлатӣ таъсис дода шуд.
Чи тавре, ки Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст: “Яке аз муҳимтарин дастовардҳо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад”.
Халқи азиятдидаи тоҷик барои таҳкими истиқлолият, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рости рушду тарақиёт Конститутсияи мамалакат орзуву ормонашро кабул кард, барои пешрафти имрӯзу фардои миллату давлатӣ худ тамоми чораҳоро андешид ва кӯшиш намуд то Ватанашро ободу зебо гардонад. Дар ин 34-соли Истиқлолият миллати тоҷик ба дастовардҳои бузурге ноил гардид, ки ин фахри ҳар яки мост. Асосан мо ҷавонони даврони Истиқлолият бояд кӯшиш намоем то Ватани азизамонро аз инҳам ободу зеботар гардонем ва саҳми худро дар пешрафти давлатамон гузорем. Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 35 соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид. Пас аз ба даст даровардани истиқлолият Тоҷикистон фавран ба гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ шурӯъ намуд. Пеш аз ҳама дар ҷумҳурӣ базаи ҳуқуқии ислоҳоти иқтисодӣ дида баромада шуд. Дар ин бора қабули қонунҳо оид ба моликият, кооперативҳо, соҳибкорӣ, дар бораи андози даромад, буҷети давлатӣ, пардохти истифодаи замин ва ғайрахо шаҳодат медиҳанд.
Вале ислоҳоти иқтисодӣ дар шароите оғоз ёфт, ки бо пош хӯрдани ИҶШС аз як тараф риштаҳои ҳаёти иқтисодӣ канда шуда, аз тарафи дигар бошад набудани ашёи хом ва аз ҷумҳурӣ кӯч бастани мутахассисони русзабонон низ сабаби нарасидани коста гардидани корхонаҳои саноатӣ ва таваққуфи сохтмонҳои калон гардиданд.
Бо фаро расидани давраи осоишта дар ҷумҳурӣ барномаи ислоҳоти иқтисодӣ кабул гардид, ки вай роҳи иқтисодиёти бозоргониро интихоб намуд. Ҳангоми тартиб додани барнома таҷрибаи байналхалқӣ истифода гардида, хусусиятҳои хоси инкишофи иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар барномаи мазкур ба назар гирифта шуд.
Пас аз нисбатан ором шудани вазъият дар ҷумҳурӣ, Пешвои миллат баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ба ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳоро ба роҳ монданд. Сохтмони шоҳроҳи «Роҳи абрешим», бунёди нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон», «Шар-шар» ва «Чормағзак», сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, Душанбе – Хуҷанд – Чанак, Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа–Кӯлоб аз иқдомҳои Пешвои миллат буданд, ки боиси пешрафту тараққиёт гашта, мардум аз азияти ағбаҳои хатарнок раҳо шуда имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир бошад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар гардад.
Душвортарин муаммои мо дар баробари дигар мушкилиҳо масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, тунелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.
Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо кард. Аз ҷумла, сохмони неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», як қатор неругоҳҳои хурд, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтӯда-1 ба истифода дода шуданд. Хусусан ба кор даромадани хатти 500 киловаттаи Ҷануб–Шимол ва дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм–ин ғамхории бузурги Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон маҳсуб мешавад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ сохтмони иншооти ҳаётан муҳим – бунёди НБО-и Роғун оғоз гардид.
Баъди заҳматҳои зиёд, аввалин агрегати неругоҳи барқи обии Роғун ба кор даромад. Ба истифода додани аввалин агрегати неругоҳи барқи обии Роғун аз он шаҳодат медиҳад, ки давлату ҳукумат бо сарварии Пешвои хирадманди тоҷикон пайваста баҳри ободӣ ва гулгулшукуфии ватанамон заҳмат кашида, давлати соҳибистиқлоли моро дар қатори кишварҳои мутараққии ҷаҳон қарор медиҳанд.
Қабл аз ин, дар фасли зимистон баъзе минтақаҳои кишвар аз норасоии қувваи барқ танқисӣ мекашиданд. Айни ҳол ин мушкилӣ бартараф шуда, баъди пурра ба кор даромадани НБО-и Роғун Тоҷикистон пурра бо барқ таъмин шуда, ба дигар давлатҳои минтақа барқ содир мекунад.
Ҳоло давлати мо дар самти тараққиёт қадамҳои устувор гузошта, дар бисёр нишондиҳандаҳо дар минтақа пешсаф мебошад. Иқтисодиёти Тоҷикистон баланд шуда, мо ба кишвари содиркунанда табдил гардидем. Истихроҷи тиллову нуқра, алюминий ва маъданҳои гуногун, истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, нуриҳои минералӣ, сементу кабел, истеҳсоли автобусҳои замонавӣ камтарин дастовардҳои истиқлолият мебошанд [5].
Инчунин, Тоҷикистон дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намудааст. Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амну бехатар арзёбӣ карда, барои сафар ба диёри мо ба шаҳрвандонаш тавсия додааст.
Ҳазорон занони хонашин бо ҷойҳои корӣ таъмин шуда, ба ҳунарҳои мардумӣ пардохтанд. Имрӯз атласу адраси тоҷикӣ тамоми ҷаҳонро тасхир намуда, намояндагони дигар миллатҳо либосҳои миллии моро бо ҳавас мепӯшанд.
Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро тавассути шабакаҳои иҷтимоии худ дар «Facebook», «Twitter», «Instagramm», «lincdin» ва ҳамчун хабар дар веб-саҳифаи СҶС дар Аврупо паҳн намуд. Ҳамчунин дар соли 2026 қобилиятҳои ҳунармандони Тоҷикистонро тақвият дода дар маҷмӯъ ба бахши сайёҳӣ бисёр натиҷаҳои мукаммал бахшида шуд.
Гуфтаҳои мавсуф дар ҳоле буд, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се соли оянда – солҳои 2019-2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки ҳадафаш рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба кишвари туристӣ табдил додани Тоҷикистон аст, ки дорои захираю имконоти бойи туристӣ мебошад.
Муаллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Маъруфзода Маьсумахон Маъруф
Курсанти курси 2 факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ Илҳомзода Салоҳиддинхон Илҳом







































































































































































