Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Истиқлоли давлатӣ - ин неъмати бебаҳо ва муқаддасест, ки орзуву ормонҳои бисёрасраи миллати соҳибтамаддуни моро таҷассум намудааст. Ба даст овардани соҳибихтиёрӣ марҳилаи муҳимтарини эҳёи миллӣ, барқарорсозӣ ва таҳкими устувории ниҳодҳои давлатдорӣ гардид. Дар таърихи навини миллат истиқлоли кишвар на танҳо оғози марҳилаи нави рушди давлатдорӣ, балки муҳимтарин давраи ташаккули сиёсати давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва банақшагирии рушди дарозмуҳлати давлати миллии нави тоҷикон арзёбӣ мегардад.

Қабл аз ҳама зикр кардан ба маврид аст, ки истиқлол барои миллати тоҷик танҳо як падидаи сиёсӣ нест, балки эҳёи таърихии миллат пас аз ҳазорсолаҳо буда, ба даст омадан ва ташаккули он дар шароити пошхӯрии давлати абарқудрат ва низоъҳои дохилӣ сурат гирифтааст.
Таърих гувоҳ аст, ки дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ давлати ҷавони тоҷикон бо мушкилоти ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ шуда буд. Ин давраи давлатдории тоҷикон яке аз вазнинтарин марҳилаҳо ба шумор мерафт, зеро дар он ба мавҷудияти давлати тозаистиқлол ва ваҳдати миллӣ зиддиятҳои зиёд ва қувваҳои харобкор таҳдид мекарданд. Дар он рӯзҳои фоҷиабор миллати тоҷик бояд аз имтиҳони вазнинтарин мегузашт - ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зада, ҳазорон ҳамватанон ҳалок шуданд, ҳазорон кӯдак ятим монданд ва ҳазорон нафари дигар маҷбур шуданд, ки хонаҳои худро тарк карда, гуреза шаванд. Дар ин шароити ниҳоят мураккаб ҳифзи давлатдорӣ, таъмини амнияти миллӣ ва нигоҳдории якпорчагии ҳудудӣ (тамомияти арзӣ) ба вазифаҳои аввалиндараҷа табдил ёфтанд.
Он рӯзҳои пурдаҳшати таърих сокинони кишвар дар изтироби ҳамешагӣ барои ояндаи худ, барои тақдири халқ ва худи мавҷудияти давлати ҷавони соҳибихтиёр қарор доштанд. Маҳз дар ҳамон маврид масъалаи “оё Тоҷикистон ҳамчун як кишвари ягона устувор мемонад ё на” таваҷҷуҳи тамоми шаҳрвандонро ҷалб намуда буд: хатари воқеии пошхӯрӣ ба амал омада, қувваҳои харобкори дохилӣ мақсад доштанд, ки кишварро ба қисмҳо тақсим кунанд, ки ин боиси тамоман аз байн рафтани давлатдории мо мегардид.
Имрӯз мо бо ҳисси ифтихору қаноатмандӣ изҳор менамоем, ки агар моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд, дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти тақдиру ояндаи мардум ва ҳифзи кишварро фарзанди фарзонаи миллат – Раиси тозаинтихоби давлати ҷавони мо, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимма намегирифт, ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери таҳдид мемонд. Маҳз дар ҳамон иҷлосияи сарнавиштсоз, дар ҳассостарин ва тақдирсозтарин марҳилаи таърихӣ суханони самимие, ки ба мардуми тоҷик руҳу умед бахшиданд, садо доданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам!» - ва ин ваъда бо сарбаландӣ амалӣ гардид. Изҳороти калидии сиёсии «Ман ба шумо сулҳ меорам» на танҳо як изҳороти оддии сиёсӣ, балки таҷассуми ҳамраъйии мардум ва иродаи устувори он барои ҳифзи истиқлол дар шароити таҳдиди аз байн рафтани давлатдорӣ буд. Он раванди гузаришро аз парокандагии сиёсӣ ба ваҳдати миллӣ ва эҳёи кишвар таъмин намуд. Ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» (27 июни соли 1997) заминаи мустаҳкам барои муттаҳидшавии ҷомеаи тоҷикро таъмин намуд. Ин раванд ба мактаби бунёдии давлатдории Пешвои муаззами миллат, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз ҳамчун роҳбари сиёсӣ эътироф шудаанд, такя мекунад.
Ба шарофати талошҳову ҷонбозиҳо ва заҳматҳои зиёди ин абармарди майдони сиёсат кишвар ба маҷрои конститутсионӣ баргашта, ба шоҳроҳи сулҳ ворид гардид, мардуми овора ба Ватан баргашта, сулҳу оштӣ барқарор шуд ва давлати тоҷикон эҳё гардид. Сол ба сол рушди устувори соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа сурат гирифт, ки ин танҳо ба шарофати сиёсати хирадмандонаву дурбинона ва давлатсозии Пешвои муаззами миллат, ки боварию ҷонибдории мардумро ба даст оварда, дар давраи фоҷианоки таърих тамоми мушкилотро ба дӯши худ гирифт ва миллатро ба роҳе бурда тавонист, ки дар натиҷа тоҷикистониён ба якдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ, созандагию бунёдкорӣ, хушбахтию хонаободӣ расиданд, муяссар гашт. Маҳз бо ҳамин роҳ рафтан имрӯз мо - мардуми тоҷикро ба пешравиҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардум ва баланд шудани обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ овард.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи рушди давлат бо мақсади таҳкими истиқлол ҳадафҳои асосии стратегӣ муайян гардидаанд, ки онҳо на танҳо як барномаи дарозмуҳлат, балки консепсияи таҳкими давлатдории миллӣ арзёбӣ мегарданд. Амалӣ намудани ин ҳадафҳои созанда - баромадани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва суръат бахшидани саноаткунонии кишвар, инчунин амалӣ намудани ҳадафи олии кишвар - таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон - самти калидӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатии Президенти муҳтарам ба шумор меравад.
Дар солҳои сипаригардида корномаву иқдомҳо ва ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат барои рушди устувори кишвар ва дастовардҳои назаррас дар ҳамаи соҳаҳо заминаҳои мустаҳкам гузоштаанд, ки доираи васеи самтҳои стратегиро дар бар мегиранд, аз ҷумла ба онҳо навсозии инфрасохтори нақлиётӣ (сохтмони роҳҳо, нақбҳо ва пулҳо) ва саноатикунонӣ, рушди бахши аграрӣ ва ба таври назаррас коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ; дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, модернизатсияи низоми маориф, эҳёи анъанаҳои мардумӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ, инчунин пешбурди сиёсати хориҷии бисёрсамтӣ ворид гардидаанд, ки танҳо қисме аз масъалаҳое мебошанд, ки нақшаҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муайян мекунанд. Бузургтарин дастовардҳо дар ин самт эҳёи таърихи миллати соҳибтамаддун, аз ҷумла, дастрас намудани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ ба ҳар як оила, ҷашн гирифтани идҳои миллӣ Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон, арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва шахсиятҳои таърихӣ Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ, Мавлоно ва дигарон мебошанд, ки дар арҷгузорӣ ба арзишҳои асили миллӣ, баланд шудани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандустии аҳли ҷомеа нақши муҳим доранд.
Дар давоми 35 соли Истиқлол кишвари мо марҳилаҳои душвори ташаккулро тай намуд, ки онҳо якпорчагии давлат, суботи сиёсӣ, иқтисоди миллӣ, сиёсати хориҷӣ ва нуфузи байналмилалии мамлакатро таъмин карданд; кишвар роҳи мураккаб, вале муваффақи рушдро гузашта, тавонист дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатдории миллӣ таҳкурсии мустаҳкам гузорад.
Имрӯз шаҳрвандони кишвар бо ифтихор ва шукргузорӣ барҳақ рушди бомарому устувори мамлакат, натиҷаҳову нишондиҳандаҳои баланд ва тамоми дастовардҳои 35 соли Истиқлоли давлатиро танҳо бо сиёсати хирадмандонаву дурбинона ва давлатсозиву давлатдории самарабахшу ояндасози Президенти муҳтарами кишвар пайванд ва алоқаманд арзёбӣ менамоянд. Аз ин хотир, бо фараҳмандию сарбаландӣ ва итминони комил метавон изҳор дошт, ки дар таърихи навини миллат маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории муосири тоҷик ва таъмини музаффариятҳои бузург дар кишвар нақши бузурги калидӣ бозидаанд.

Дотсенти кафедраи хукуки чинояти
ва мурофиави Мирзозода С. С
подполковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...