ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ - ДАСТОВАРДИ БЕНАЗИРИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Истиқлоли давлатӣ яке аз муҳимтарин ва бузургтарин дастовардҳои таърихии давлатдории муосири Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. 9 сентябри соли 1991 дар ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор ва изҳорот «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Аз ин рӯ, ҳамасола ин сана ҳамчун Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нави мустақил ба вуҷуд омад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз эълони истиқлолияти давлатӣ имконият пайдо намуд, ки самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян карда, дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун субъекти соҳибихтиёр фаъолият намояд. Дар натиҷа, Тоҷикистон ба узви комилҳуқуқи як қатор созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфт. Аз ҷумла, 2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Имрӯз кишвар дар фаъолияти як қатор созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, минтақавӣ ва фароминтақавӣ, аз ҷумла СММ, ЭКО, СААД, ИДМ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ иштироки фаъол дорад. Маҳз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ мустақилона баромад намояд ва ба созмонҳо ва ташкилотҳои минтақавӣ, фароминтақавӣ ва байналмилалӣ шомил гардад. Ҳамчунин, истиқлолият барои кишвар заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ муҳайё сохт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонад манфиатҳои миллӣ ва давлатии худро дар муносибатҳои байналмилалӣ мустақилона ҳимоя ва ҳифз намояд.
Тоҷикистони соҳибистиқлол бо муайян намудани самти минбаъдаи давлатдорӣ ва ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ заминаҳои зарурии давлатдории муосирро фароҳам овард. Дар солҳои аввали истиқлолият, дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ, қабули рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ ҳамчун яке аз вазифаҳои муҳими давлатсозӣ ба миён омад. Ҳамзамон, дар соли 1994 мардуми Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд, ки он ҳамчун санади асосии ҳуқуқӣ заминаҳои конститутсионии давлатдории миллӣ ва низоми ҳуқуқии кишварро муайян намуд. Дар ҳамин сол Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қабул гардид. Мувофиқи моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошанд». Ҳамин тариқ, ташаккули рамзҳои давлатӣ ва қабули Конститутсия дар таҳкими пояҳои давлатдории соҳибистиқлол ва ташаккули ҳувияти миллии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муҳим гузошт.
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рамзи барҷастаи устувории давлатдорӣ ва яке аз дастовардҳои муқаддасу бузурги таърихи навини халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Истиқлолият ҳамчун ифодагари соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои заруриро фароҳам овард, то кишвар ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи хоси худро пайдо намояд.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсии истиқлолияти давлатӣ ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ мебошад. Давлатдорӣ нишондиҳандаи муҳими сатҳи рушди таърихӣ ва сиёсии миллату ҷомеа буда, мавҷудияти давлати миллӣ ва низоми ҳуқуқии ба арзишҳои миллӣ асосёфтаро ифода менамояд. Ба маънои васеъ, давлатдорӣ хусусият, сифат ва ҳолати ҷомеаро дар марҳалаи муайяни таърихӣ инъикос мекунад.
Аз нуқтаи назари назариявӣ, ду аломати асосии давлати соҳибихтиёр — тамомияти арзию ҳудудӣ ва истиқлоли давлатӣ — муайян карда мешаванд. Ба ибораи дигар, давлат танҳо дар сурати доро будан ба ин ду меъёри муҳим ҳамчун давлати соҳибихтиёр эътироф мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи тамомияти арзию ҳудудии худ ба ин талаботи асосии давлатдории соҳибихтиёр ҷавобгӯ гардид.
Воқеан, истиқлоли давлатӣ омили муҳим ва муассир дар таъмини рушди иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангии кишвар ба ҳисоб меравад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар самти рушди иҷтимоии ҷомеа як қатор тадбирҳои назаррас амалӣ гардидаанд. Пеш аз ҳама, мутобиқи талаботи модели давлати иҷтимоӣ, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар кафолат дода шудааст, заминаҳои зарурӣ барои дарки ҳуқуқҳои бунёдӣ, рушди ҳамаҷонибаи шахсият ва ташаккули масъулияти инфиродию иҷтимоии шаҳрвандон фароҳам оварда шудаанд. Дар ин замина, ҳар як шахс мавқеъ ва масъулияти худро дар ҷомеа дарк намуда, барои беҳтар намудани сатҳи моддӣ ва маънавии зиндагии худ саъю талош менамояд.
Албатта, татбиқи самараноки сиёсати иҷтимоӣ дар ҳар як давлат ба низоми сиёсӣ, ҳадафҳо ва вазифаҳои муайянкардаи он вобастагии мустақим дорад. Бо ҳамин мақсад аз ҷониби давлат як қатор барномаҳо ва чорабиниҳои иҷтимоӣ амалӣ карда шуданд, ки ба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои васеи таҳсил, беҳтар намудани дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳои тиббӣ, инчунин тадриҷан таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва дигар самтҳои муҳими иҷтимоӣ равона гардидаанд.
Ба ин маъно, ҳадафи асосии ҳар як давлати мутамаддин пеш аз ҳама ҳифз ва таъмини манфиатҳои миллӣ ва ҳамзамон фароҳам овардани шароити муносиб барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Ин раванд на танҳо беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ, балки рушди маънавӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро низ дар бар мегирад.
Давлати соҳибихтиёр мустақилона шакли давлатдорӣ, сохтори давлатӣ, низоми фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллиро муайян менамояд. Ҳамзамон, чунин давлат ҳуқуқ дорад низоми молиявӣ ва сохтори маъмурию ҳудудии худро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва талаботи рушди дохилӣ муайян созад. Давлати соҳибихтиёр ҳамчун кафили таъмини амният ва суботи кишвар баромад намуда, дорои артиши миллӣ мебошад, ки ҳифзи сохти конститутсионӣ, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии кишварро таъмин мекунад.
Ҳамин тариқ, ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ ва давлатӣ барои Тоҷикистон имконияти васеъ фароҳам овард, ки ба ҳифзу рушди забон, таърих ва фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллиро тақвият бахшад.
Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳояшон изҳор медоранд дар шароити муосир маҳз насли босавод, соҳибмаърифат, донишманд, фарҳангдӯст ва дорои ҳисси баланди худшиносию худогоҳии миллӣ метавонад дар муқобили таҳдидҳо ва хатарҳои ҷаҳони муосир устуворона истодагарӣ намуда, барои таҳкими давлатдорӣ, пойдории Ватан ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми арзанда гузорад.
Бо мақсади таъмин намудани рушду ишкишофи давлату миллатамон вазифаи муҳимтарини ҳар яки мо ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ , субботу оромии чомеа ва тақвияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмии кулли сокинони кишвар мебошад.
Барои ҳалли ин вазифаҳо зарур аст, ки ҳар фарди бонангу номуси миллат ва тамоми мардуми Тоҷикистон сарчамъу муттаҳид бошанд ва дар татбиқи сиёсати ободгаронаву созандаи роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолона ширкат намоянд.
Бисёр муҳим аст, ки ҳар як сокини мамлакат қиммату арзиши озодиву соҳибихтиёрӣ ва давлати миллиро амиқан дарк намояд ва аз имконияте, ки имрӯз таърих бароямон фароҳам овардааст, пурсамар истифода барем.
Содиқов К, курсанти курси 2, гуруҳи 206
факултети №4 Академияи ВКД
Ҷумҳуии Тоҷикистон милитсияи қаторӣ
аъзои ҷамъияти илмии курсантон “Пайгир”, роҳбари маҳфил
Капитани милитсия Ревазода М.Р.







































































































































































