Ваҳдати миллӣ – кафили амну субот ва пешрафти Тоҷикистон: назари таърихӣ - иҷтимоӣ
«Мо бояд Ваҳдати миллиро чун гавҳраки чашм ҳифз намоем ва ба наслҳои оянда мерос гузорем».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон
Барои миллати тоҷик вожаи ваҳдат ва ҳамгироӣ муқаддас аст. Ваҳдату ҳамгироӣ омили пешравии иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Ҳеҷ як кишвари дунё бе ваҳдат ва ҳамгироӣ рушд карда наметавонад. Байни миллатҳо ва кишварҳои дунё низ ҳамеша бояд ваҳдат ва ҳамгироӣ ҳукумрон бошад. Кишварҳое имрӯз ҳастанд, ки солиёни дароз зери оташи низои дохилӣ карор доранд, аз қабили Афғонистон, Фаластин, Либиё, Сурия,Яман. Як қатор кишварҳои африкоӣ, ки муноқишаҳои дохилии хешро бо роҳи мусолиҳатомез ва истиқрори сулҳ ҳал карда наметавонанд. Миллатҳое ҳастанд ба мисли курдҳо то кунун давлати миллӣ барқарор карда наметавонанд. Барои ҳар як миллат чор унсури асосӣ аз қабили умумияти забонӣ, ҳудудӣ, иқтисодӣ ва психологияи миллӣ хос аст, ки дар асоси ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ давлат бунёд мегарданд.
Давлатсозӣ дар ҷараёни глобализатсияи ҷаҳони муосир мушкилиҳои зиёд аз қабили таъмини амнияти миллӣ ва устувории ваҳдати миллиро тақозо менамояд. Барои миллати тоҷик дар аввали қарни 20-ум дар раванди давлатсозии миллӣ душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ гаштанд. Ҷараёнҳои иртиҷоӣ (пантуркия, паисломия) аз хориҷа барои бунёди давлати ягонаи миллӣ ва дунявии тоҷикон бо роҳҳои гуногун монеъ мешуданд. Тоҷикон, ки аз аҳди қадим таҷрибаи бои давлатдорӣ доштанд, аммо бо таъсири ҳадафҳои геополитикӣ ва сиёсати қудратҳои ҷаҳонӣ дар ташаккули давлатдории навини онҳо мушкилот эҷод менамуданд, Солҳои 20-уми асри 20 ҳатто андешаҳои иртиҷоии аз байн бурдани мафҳумҳои миллати тоҷик ва давлати тоҷик ба миён омад, ки бо талоши сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» навишта шуда, дар пойтахти собиқ давлати Шӯравӣ шаҳри Москва соли 1926 нашр гашт, ки ба ин ҳамлаҳои идеологии ҷараёнҳои иртиҷоӣ хотима гузошт. Солҳои 20-ум асри XX академик, шарқшиноси машҳури Шeравӣ В.В.Бартолд ба омӯзиши таърихи тоҷикон машғул шуда, аввалин мақолаи илмии «Тоҷикон»-ро соли 1925 дар шаҳри Тошкант бо забони русӣ нашр намуд. Ҳамчун намояндаи қавми ориённажод будани тоҷикон пайваста исботи илмӣ ва таърихии худро ёфта, академик Бобоҷон Ғафуров «Таърихи халқи тоҷик» - ро бо забони русӣ солҳои 60-уми асри XX дар се ҷилд таълиф намуд, ки он минбаъд асоси навштани китоби «Тоҷикон» (1972) гардид. Китоби «Тоҷикон» аз ҷониби шарқшиносони маъруфи сатхи ҷаҳонӣ Якубовский А., Семёнов А., Толстов С., Дяконов М., Кисляков Н., Ромодин В. баҳои баланди илмӣ гирифт.
«Рӯҳи равони фарзанди фарзонаи тоҷик академик Бобоҷон Ғафуров шод бод, ки шоҳасари безаволи ӯ «Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллати мо гардида, барои ташаккули худшиносии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо хидмати арзанда намуд. Ин марди бузург аз осорхонаи беинтиҳои таърих осори тамаддун ва мероси фарҳангии миллати тоҷикро зара-зара ҷамъ оварда, ба риштаи таҳрир кашида, танзиму даврабандӣ кард ва ба оламиён исбот намуд, ки тоҷикон қадимтарин сокинон ва соҳибони ин марзу бум будаанд ва ҳастанд» менависад, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён».
Олимони маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ Е.Э. Бертелс, И.С. Брагинский, В.В.Бартолд низ таърих, адабиёт ва фарҳанги тоҷиконро ба тамоми ҷаҳониён муаррифӣ намуда, асарҳои калонҳаҷмро дар мавзӯҳои гуногуни илмӣ таълиф намуданд. Бо исботи далелҳои таърихӣ ва фарҳангӣ давлати тоҷикон замони Шӯравӣ бо номҳои Ҷумҳурии худмухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (с.1924), Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (с.1929), замони истиқлолият ҳамчун Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.1991) арзи ҳастӣ намуд. Ба идеологияи замони Шуравӣ нигоҳ накарда, тоҷикон хувияти миллии худро чун маданияти шаклан миллӣ ва мазмунан сотсиалистӣ нигоҳ доштанд. Низоми тоталитарии Шуравӣ танҳо ягона идеологияи коммунистиро тарғиб менамуд, ки ба дигар иделогияҳо бахусус бо мафкураи динӣ созгор набуд, ки ин набарди идеологӣ тӯли беш аз 70-сол идома ёфта, охир бо таъсири марказҳои идеологӣ ва геополитикии давлатҳои хориҷӣ ба шикаст мувоҷеҳ гашт, Ба раванди идеологиякунонии ҷомеа раванди дигари демократӣ, яъне ғайриидеологикунонии ҷомеа муқобил гузошта шуд. Ин раванд миёнаи солҳои 50-60-уми асри 20-шурӯъ гашта, солҳо 80-90-уми асри 20 аввал ба шикасти системаҳои сиёсии сотсиалистии кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва баъдан Иттиҳоди Шӯравӣ оварда расонид, ки он охири солҳои 40-уми асри 20 дар марказҳои муқтадири геополитикӣ таҳррезӣ шуда буд. Мисоли зиндаи он ба афкори геополитики машҳури америкоӣ Збигнев Бжезинский ин барҳамхурии низоми коммунистии ҷаҳон буд, ки дар маркази он собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ меистод ва онро ба кишварҳои Аврупо, Осиё ва Амрико интиқол медод. Ин идеологияи давлатӣ манфиатҳои геополитикии собиқ Иттиҳоди Шуравиро дар тартиботи ҷаҳонӣ ҳимоя мекард. Идеологияро ба манфиатҳои геополитикӣ ҳамчун омили таъсиррасон арзёбӣ менамуданд, дар асл идеология ин ифодакунандаи манфиатҳои миллии давлатҳои алоҳида ба шумор мерафт.
Солҳои 90-уми асри 20 собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) ба буҳрони шадиди сиёсӣ ва иқтисодӣ дучор гашт. Барҳам хурдани ИҶШС заминаҳои объективӣ ва субъективии худро дошт, ки то ҳоло олимони ҷаҳон онро пурра тадқиқ накарданд. Охири солҳои 80-ум сатҳи истеҳсолоти моддӣ дар ин кишвари сермиллат поён рафт. Сохти тоталитарии якаҳизбӣ монеъи инкишофи равандҳои демократӣ ва иқтисоди бозорӣ гардида буд. Дар чунин шароити буҳронӣ, гарчанде, ки роҳбарияти собиқ ИҶШС ҳарчанд кӯшиши боқӣ мондани низоми сотсиалистиро менамуданд, вале аллакай дар аксари кишварҳои Аврупои Шарқӣ охири солҳои 80-уми асри XX таҳти равандҳои демократӣ низоми сотсиалистӣ паи ҳам аз байн рафта буд. Танҳо Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Куба, Ҷумҳурии сотсиалистии Ветнам, Ҷумҳурии Халқӣ - демократии Лаос, Ҷумҳурии халқӣ - демократии Кореяи Шимолӣ низоми сотсиалистиро дар худ боқӣ гузоштанд. Дар Конститутсияи собиқ ИҶШС сабт шуда буд, ки ҳар як давлати сотсиалистии аъзои он ҳуқуқи ихтиёран баромадан аз ҳайати онро доранд. Лекин роҳбарияти собиқ ИҶШС ҳаматарафа ба ин раванд монеъ мешуданд. Ба ҳамаи ин муқовиматҳо нигоҳ накарда, аввалин бор давлатҳои назди соҳили Балтика соҳибистиқлолии худро эълон намуда, баъдан дигар давлатҳо аз ҳайати ИҶШС пай дар пай баромада истиқлолияти давлатии худро эълон намуданд.
Ҳаракатҳои истиқлолхоҳӣ то пошхӯрии ИҶШС ба дигар давлатҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки узви он буд бетаъсир намонд. Ба равандҳои демократӣ, эълон шудани сиёсати бозсозии М.Горбачёв (с.1985), ва ошкорбаёнӣ такони бузург бахшид. Сиёсати бозсозӣ, демократикунонӣ ва ошкорбаёнӣ дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон хусусиятҳои ба худ хосро касб намуд. Аммо, авзои сиёсии Тоҷикистон, ки бо Афғонистон ҳамсарҳад буд, рӯз аз рӯз мураккаб мегашт. Ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва фундаменталистию экстремистӣ дар Тоҷикистон низ авҷ мегирифтанд.
9- сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти хешро эълон намуда, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Заминаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ буд, ки 1- сол муқаддам дар Иҷлосияи дувуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 24 августи соли 1990 қабул гардида буд.
8-уми декабри соли 1991 дар мавзеи Беловежски давлати Белорусия сарварони давлатҳои Россия, Белорусия, Украина дар бораи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) шартнома имзо намуданд. Дар ин Созишнома қайд шуда буд, ки ИҶШС – ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмиллӣ барҳам хурд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Созишномаи Беловежскро дастгирӣ намуда, ба ҳайати ИДМ ворид гашт. Гарчанде, ки Тоҷикистон ба узвияти ИДМ дохил шуда бошад ҳам, вале он ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмиллалӣ эътироф гашта буд. 2- марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти СММ пазируфта шуд.
Мутасифона моҳи майи соли 1992 бо таъсири неруҳои иртиҷоӣ ва фундаметалистию экстремистӣ, ки аз хориҷа маблағгузорӣ ва идора карда мешуданд ба истиқлолияти воқеии Тоҷикистон зарба зада, Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ (1992-1997) кашидиданд. Хушбахтона моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии ХУ1 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, тамоми ғайрат ва талошҳои худро баҳри раҳоӣ аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба сулҳу суботи комил, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона сохт. «Он замони мураккаб ёдовар мешавад, - Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- Тоҷикистон бо таъсири ҷанги таҳмилӣ ва дасисаи душманони хориҷӣ ва дохилӣ метавонист аз харитаи ҷаҳон нест шавад, миллатро парешонӣ ва парокандагӣ интизор буд».
Маҳз бо талошҳои пайгирона ва сиёсати сулҳовари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 27- июни соли 1997 дар шаҳри Москва «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ» имзо гардида, тоҷикон ба ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ соҳиб гаштанд. Тоҷикистон дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ тадриҷан таҷрибаи комил ба даст оварда, аз ҷониби бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои хориҷӣ шинохта шуда, иқдомҳои ташаббускоронаи Сарвари давлати тоҷикон аз қабили «Соли оби тоза», «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт», «Даҳсолаи амал об барои рушди устувор», «Соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», аз хатарҳои глобалӣ ва экологӣ эмин нигоҳ доштани сайёра, мубориза алайҳи терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои фаромиллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд.
Моҳи сентябри соли 1999 бо қарори ЮНЕСКО 1100 – солагии давлати Сомониён ҳамчун арзиши гаронбаҳои мероси таърихии тоҷикон дар сатҳи байналмиллалӣ ботантана ҷашн гирифта шуд. 30- сентябри соли 1999 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 18-уми иҷлосияи 54-уми СММ раисӣ намуд. 19-уми феврали соли 2010 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. Ҷаҳонӣ намудани иди миллии тоҷикон «Наврӯз», ба руйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани нақши «Чакан», мусиқии «Шашмақом» ва «Фалак», «Оши палав» ва дигар ёдгориҳои моддӣ - маънавӣ ва таърихии кишвар хизмати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.
Дар як вақти кӯтоҳи таърихӣ аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ осоре намонда, фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон комилан тағйир ёфта, институтҳои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ рушд намуда, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон хушбахтӣ ва саодати комил ба даст оварданд.
Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ба зуҳуроти экспансионӣ ва намудҳои он ба кишварҳои соҳибистиқлол бе таъсир намемонад. Ҳадафҳои ҷангҳои ҷаҳонӣ, ҷангҳои дохилии шаҳрвандӣ низ яке аз зуҳуроти шакли махсуси сиёсати экспансионии давлатҳои алоҳида мебошд, ки зери пардаи он манфиатҳои геополитикӣ меистоданд.Ҷанги таҳмилии шаҳрвандии Тоҷикистон низ (1992-1997) пеш аз ҳама ҳадафи экспансионӣ дошт, ки ба тамомияти арзӣ ва истиқлоляти воқеии Тоҷикистон руирост таҳдид менамуд. Хушбахтона бо дарки амиқи сиёсати хирадмандона ва адолатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ин хатари бузурги экспансионӣ паси сар шуда, миллати сарбаланди тоҷик роҳи бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва хуқуқбунёдро пеш гирифт. Ҳанӯз дар Ичлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон иброз намуда буданд, ки «шахсан ман тарафдори бунёди давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд буда ва барои миллати тоҷик аз ба даст овардани масъалаи сулҳ ва ризояти миллӣ дигар вазифаи муҳимтаре нест».
Хулоса, дар эҳёи давлати миллии тоҷикон ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон беназир аст.
Муродзода Аслиддин Ғулом - сарнозири сифати таълими шуъбаи таълим, подполковники милитсия







































































































































































