Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

35-соли қадами устувор ба сӯи фурӯғ ва устувории миллӣ

Дар таърихи ҳар як миллат рӯзҳое ҳастанд, ки тақдири асрҳои ояндаи онро муайян мекунанд. Барои халқи тоҷик чунин санаи тақдирсоз ва муқаддас 9-уми сентябри соли 1991 мебошад. Имсол мо яке аз бузургтарин ва шукӯҳмандтарин ҷашнҳои миллии худро – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем.
35 сол дар тарозуи таърихи башарият шояд як лаҳзаи кӯтоҳ бошад, аммо барои халқи мо ин даврон баробари асрҳо нирӯ, талош, созандагӣ ва таҳаввулотро фаро гирифтааст. Истиқлолият барои мо танҳо як мафҳуми сиёсӣ ё санаи тақвимӣ нест. Он нишони ҳастии миллат, эҳёи ормонҳои ҳазорсолаи ниёгон, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва кафолати ояндаи дурахшони фарзандони мост.
Истиқлолият ба мо имконияти беназире дод, ки тақдири худро бо дастони худ бинависем, фарҳангу тинати бостонии худро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем ва ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ қадам намоем. Аммо ин роҳ на ҳама вақт ҳамвору осон буд.
Барои дуруст дарк кардани арзиши истиқлолият, мо бояд ба солҳои аввали соҳибихтиёрии кишвар назар андозем. Тоҷикистони ҷавон дар оғози роҳи худ ба гирдоби даҳшатноки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Кишвар дар ҳолати фалаҷшавии сохторҳои давлатӣ, буҳрони шадиди иқтисодӣ ва хатари нобудшавии миллату паркандагии давлат қарор дошт.
Дар чунин шароити ҳассос ва тақдирсоз, баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (ноябри соли 1992) ва ба сари қудрат омадани Сарвари ҷавону ҷасур ва дурандеш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардиши куллӣ ва наҷотбахшро ба вуҷуд овард. Роҳбари нави давлат бо суханони таърихии худ: «Ман ба шумо сулҳ меорам ва то охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ором нахоҳам шуд», масъулияти бузурги таърихиро ба дӯш гирифт.
Раванди музокироти сулҳи тоҷикон, ки бо имзои Созишномаи умумии истирори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон (27-уми июни соли 1997) ба анҷом расид, дар таърихи дипломатияи ҷаҳонӣ ҳамчун модели беназири ҳалли низоъҳо эътироф гардид. Тоҷикон исбот карданд, ки хирад ва фарҳанги сулҳофарии онҳо аз ҳар гуна кӯшишҳои тахрибкорона болотар аст. Ин сабақи таърихӣ ба мо омӯхт, ки бузургтарин неъмат барои рушд — ин оромӣ, субот ва Ваҳдати миллӣ мебошад.
Пас аз таъмини сулҳу субот, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чор ҳадафи стратегиро пеш гирифт, ки татбиқи онҳо симои иқтисодию иҷтимоии кишварро дар давоми 35 сол ба куллӣ тағир дод. Дар солҳои аввали истиқлолият Тоҷикистон ба се қисмати аз ҳам ҷудо тақсим шуда буд ва дар зимистон убур аз як минтақа ба минтақаи дигар ғайриимкон мегардид. Имрӯз, ба шарофати сохтмони наворҳои азим, аз ҷумла наворҳои «Истиқлол», «Шаршар», «Чормағзак» ва шоҳроҳҳои байналмилалии Душанбе-Чанак, Душанбе-Кулма ва Кулоб-Қалъаи Хумб, Тоҷикистон ба як қаламрави ягона ва транзитии байналмилалӣ табдил ёфт.
Бунёди неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва аз ҳама муҳим — неругоҳи барқи обии «Роғун», ки кохи нури Тоҷикистон ва рамзи ғайрати миллии мост, кишварро аз лимити барқ раҳо кард. Имрӯз Тоҷикистон на танҳо худро бо барқи "сабз" таъмин мекунад, балки онро ба кишварҳои ҳамсоя низ содирот менамояд.
Тавассути реформаҳои замин, рушди соҳаи кишоварзӣ, сохтмони гармхонаҳо ва сардхонаҳои муосир, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ба таври назаррас беҳтар гардид. Имрӯз меваҳо ва маҳсулоти экологии Тоҷикистон дар бозорҳои ҷаҳонӣ харидорони зиёд доранд.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқол гузариш аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ босуръат давом дорад. Дар гӯшаву канори мамлакат садҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои коркарди маъдан, нассоҷӣ ва истеҳсоли маводи сохтмонӣ бунёд ёфтанд, ки ҳазорон ҷойи кории навро барои шаҳрвандон муҳайё намуданд.
Истиқлолият танҳо рушди иқтисодӣ нест, балки пеш аз ҳама эҳёи маънавии миллат аст. Дар давоми 35 сол соҳаи маориф ва илм ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат қарор гирифт. Бунёди садҳо мактабҳои муосир, лисейҳо, гимназияҳо ва донишгоҳҳои нав нишони таваҷҷуҳи махсус ба насли ҷавон аст.
Тамаддун ва таърихи ниёгони мо дар ин даврон дубора дурахшид. Ҷашнҳои бузурги таърихӣ ба мисли: 1100-солагии давлати Сомониён, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоби бостонӣ, 3000-солагии фарҳанги Ҳисор, 5500-солагии Саразми бостонӣ, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит намуданд, ки тоҷикон миллати соҳибдевон ва шаҳрсоз буданд ва ҳастанд. Саъю кӯшишҳо барои гиромидошти шахсиятҳои бузурги илму адаб — Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Садриддин Айнӣ боиси боло рафтани худношиносии миллии ҷавонон гардид. Китоби шоҳкории «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оила, иқдоми бузурге дар роҳи мубориза бар зидди бегонапарастӣ ва фаромӯшии таърихӣ буд.
Дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистон бо пеш гирифтани сиёсати «Дарҳои кушод» тавонист бо аксари кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ (СММ, САҲА, СҲШ, КДАМ ва ғайра) муносибатҳои судманд барпо кунад.
Имрӯз Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун кишвари пешсаф ва ташаббускор дар ҳалли мушкилоти об ва тағйирёбии иқлим мешиносанд. Чор ташаббуси бузурги ҷаҳонии кишвари мо оид ба об ва қатъномаи охирин дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» (соли 2025) ва эълон шудани 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, обрӯву эътибори Тоҷикистонро дар сатҳи СММ ба авҷи аъло расонид. Ин нишон медиҳад, ки овози Тоҷикистон аз минбарҳои баланд шунида мешавад ва пешниҳодҳои он ба назар гирифта мешаванд.
Симои пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе дар давоми солҳои истиқлолият, хусусан дар даҳсолаи охир, ба куллӣ дигаргун шуд. Душанбе аз як шаҳри хурди собиқ шӯравӣ ба як шаҳри муосир, сабз ва зебои соҳибзамон табдил ёфт.
Бунёди Майдони Истиқлол бо маҷмааи бошукӯҳи он, Боғи Ирам, Корвони Парчам ва Нишони миллӣ, китобхона ва осорхонаҳои миллӣ, театрҳои муосир ва гулгаштҳои зебо пойтахтро ба макони дӯстдоштаи сайёҳони хориҷӣ табдил додаанд. Душанбе имрӯз шаҳри сулҳ, ҷавонӣ ва ҳамоишҳои бузурги сиёсию фарҳангии минтақавӣ ва ҷаҳонист.
Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ танҳо фурсате барои ифтихор нест, балки лаҳзаи масъулият аст. Ҷаҳони муосир бо таҳаввулоти босуръат, геополитикаи мураккаб, таҳдидҳои амниятӣ ва киберӣ ва тағйирёбии иқлим масири навро талаб мекунад.
Барои ҳифзи ин неъмати гаронбаҳо, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон — аз омӯзгору табиб то деҳқону сарбоз — бояд ҳисси баланди ватандӯстӣ дошта бошад. Ҷавонони мо, ки замони соҳибистиқлолӣ ба воя расидаанд, нерӯи пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Онҳо бояд бо омӯзиши илмҳои муосир, технологияҳои навин ва забонҳои хориҷӣ, Тоҷикистонро ба сӯи қуллаҳои нави тараққиёт ҳидоят намоянд.
Истиқлолият нигини гаронбаҳоест, ки дар тӯли 35 сол бо арақи ҷабин ва заҳматҳои шабонарӯзии халқи бузурги мо сайқал ёфтааст. Вазифаи мо — нигоҳ доштан ва боз ҳам дурахшонтар кардани ин нигин барои наслҳои оянда аст.
Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ муборак бошад, Ватани маҳбубам — Тоҷикистон!

Корманди факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Ғафорӣ М.Ғ.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...