ИСТИҚЛОЛИЯТ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО ВА ДАСТОВАРДҲОИ МИЛЛАТАМОН ДАР ИН ДАВРОН
Таърих гувоҳи медиҳад, ки кишвари мо диёри сулҳхоҳ буда, аҷдодонамон боре ҳам бо ҳамсоягонашон муноқиша ва ҷангу хунрезиҳо накардааст. Боиси ифтихор аст, ки халқи мо дар умқи асрҳо дорои шоирону нависандагон ва файласуфони бузурги машҳур буда, онҳо бо намояндагони ҳунару адаби берун аз қаламраваш робитаҳои дустиву бародари барқарор карда, анъанаҳои беҳтарину писандидаи дигар халқу миллатҳоро гулчин намуда, дар омезиш бо қолаби шарқиёна пешкаши мардуми олам гардонидаанд. Ба монанди шоирону мутафаккирони дурандеши халқи мо Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон бо сафарҳояшон аз кишварҳои зиёди олам дидан намуда, бозёфтҳои маънавии ҷомеъаро дар асарҳои нодирашон баён карда бошанд, шоири муосири мо, Қаҳрамони Тоҷикистон-Устод Мирзо Турсунзода бошад, ҳамчун идомабахши амали неки онҳо бо адабиёти саропо рангини замонавӣ кишварамонро ҳамчун сарзамини зебову афсонавӣ ба оламиён пешкаш ва муаррифӣ кардааст.
Ниҳоят, баъди давраҳои тӯлонии аҷдодонамон 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикситони маҳбубамон ба орзуи деринаамон расиду ба сараш кабӯтари бахт нишаста, ба Истиқлолияти комили давлатӣ ноил гардид. Ҳам шодему ҳам ифтихор мекунем, ки баъди зиёда аз ҳазор соли парешониву парокандагӣ халқи мо аз нав бо ноил шудану эҳёи давлати мустақили миллӣ мақому манзалати хосса касб намуда, соҳиби бахти нодир ва воқеъаи бузургӣ фараҳбахш гардид. Қайд кардан зарур аст, ки дастовардҳои солҳои дар ҳайати давлати шӯроҳо буданамонро низ бояд эътироф намоем. Месазад бо эҳтиромона зикр намоем, ки дар тӯли солҳои пешазистиқлолии Шӯравӣ низ халқи мо ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гашта буд. Охир ҳеҷ инкор карда наметавонем, ки тайи солҳои 1924-1991 бунёди шаҳрҳои калони сераҳолию корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои илмию таълимӣ ва маърифатӣ, театру китобхонаҳо, фурудгоҳу вокзалҳо, истгоҳҳои барқи обӣ маҳсули заҳмати ватандустонаю меҳнатдустонаи сокинони диёри азизамон ва таҳкурсии бинои имрӯзаи давлатдориамон буданд. Аммо бо ҳама он бузургиву иқтидорашон ба дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлати имрӯзаамон барорбар шуда наметавонанд...
Албатта, бо гузашти асрҳо баъди ноил шудан ба Истиқлолияти давлатӣ фазои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва вазифаҳои шаҳрвандии мо ба тадриҷ афзудааст. Акнун дар шароити давраи нави таърихӣ Тоҷикистони маҳбуб, ки ба сӯйи ҷомеаи демокративу дунявӣ қадамҳои устувор ниҳодааст, бе ваҳдати ақлу амали ҳар як сокини худ наметавонад аз ин имтиҳони ҷиддии таърихи гузарад. Имрӯз дар шароити нави рушди замони муосир кишварамон ба кашфиёти техникаву технологияҳои нав, ихтироъкориву ташаббускорӣ, заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ, робитаҳои ногусастанӣ бо мамолики пешрафтаи дунё ниёз дорад. Аз ин рӯ, бо ноил шудан ба Истиқлолияти давлатӣ вақте, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро аксарияти ҷомеаи ҷаҳонӣ акнун чун кишвари озоду демократӣ, дунявӣ ва соҳибистиқлол эътироф кардааст, ҳамаи мо бояд мисли ангуштҳои як даст, шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, бо аз як гиребон сар баровардан дар атрофи Пешвои миллат боз ҳам зичтару қавитар муттаҳид гашта, дар эъмори давлати навини воқеан дунявӣ саҳм гузорему ва бо номи миллати бузурги куҳанбунёдамон ифтихор намоем. Мо бояд дигар ҳеҷ гоҳ ба қисмат кардани Тоҷикистони азиз роҳ надиҳем, зеро қисмат кардани Тоҷикистон ба қисмат кардани модар баробар асту, фоидаву зиёни онро дар солҳои муқовимати шаҳрвандии солҳои 90-ум аксариятамон бо чашми сар дидем ва азобҳои тасаввурнакарданиашро гузаронидем.
Шукр аз он мекунем, ки аз давраи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ аллакай зиёда аз се даҳсоларо дар бар мегирад, ки аллбата ин 35 соли сипаришуда дар назди таърих кучак бошад ҳам, имрӯз Тоҷикистони азизи мо дар тамоми соҳаҳо бо муваффақиятҳои беназир соҳиб гашта, ҳамчунин тибқи муқарароти меъёри давлатдорӣ соҳиби муқаддасот: Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсияи худ мебошад. Имрӯз Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рамзи рангҳои сурху сафеду сабзаш мардуми оламро ба анъанаҳои миллӣ ва қаҳрамониҳои аҷдодонамон ошно месозад. Инчунин дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳокимият сохтори коститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро ворид намуд, пули миллиро ба муомилот баровард, неруҳои сарҳадиро таъсис дода ҳифзи марзу буми Ватанро таҳти назорати ҳамешагӣ қарор дод.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони соҳибистиқлолӣ барои инкшофи минбаъдаи кишвар ҳадафҳои стратегии таъмини рушди иқтисодиёти Тоҷикистонро муайян намуд.
- таъмини истиқлолияти энергетикӣ;
- раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ;
- ҳифзи амнияти озуқаворӣ;
- саноатикунонии босуръати кишвар;
Баҳри амалисозии ин ҳадафҳо Ҳукумати мамлакат бо сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқию обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, нақб (тунел)-ҳо, шоҳроҳову пулҳои байналмилалии автомобилгард ва даҳҳо иншооти азими инфрасохтори иҷтимоӣ оғоз намуд.Дар хусуси раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, сохтмонҳои роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, Душанбе-Рашт-Саритош, нақбҳои мошингарди Истиқлол, Шаҳристон шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Ваҳдату Шаршарва ғайра ба истифода дода шуданд. Айни замон дар амалисозии ҳадафи энергетикӣ қарор дорем ва дар назар аст, ки соли оянда агрегати сеюми иншооти аср НБО-и Роғун ба кор дароварда мешавад ва ба пурраги таъмини қувваи барқ дар кишварамон ба роҳ монда мешавад. Ин яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият ба ҳисоб рафта,иҷрои саривақтии ҳадафу стратегияи асосии нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳила ва муҳлати гузошташуда мебошад.
Бо ташаббуси Истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ расида бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир ба иттҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандусту ватандорӣ бештар ниёз дорем. Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти малакат, муҳтарам Эмомали Раҳмон борҳо таъкид кардаанд “Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили терроризми байналмилалӣ ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қоҷоқи силоҳ ва фаъолияти ғайриқонунии гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд”.
Хулоса, ҳодисаву воқеъаҳои пурошӯби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолиятуҳифзу дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб меёбад. Моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, якҷоя хатари коҳиш ёфтани ин ҳаракатҳои номатлубро пешгирӣ намуда, барои пешрафти Ватани азизамон саҳми худро гузорем.
Дар баробари дастовардҳо ҳанӯз ҳам масъалаҳо ва вазифаҳои ҳалталаб вуҷуд доранд. Аз ҷумла рушди устувори иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳими давлат ба ҳисоб мераванд. Назаррас аст, ки 35-солагии истиқлолият барои Тоҷикистон марҳилаи муҳими таърихи мебошад, ин ҷашн на танҳо рамзи озодӣ ва мустақилият, балки нишонаи пешрафт ва умед ба ояндаи дурахшони ҳар як миллати тоҷик ва Тоҷикистони мебошад. Вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар ҳифз ва таҳкими ин неъмати бебаҳо-истиқлолият мебошад.
Дотсентии кафедраи ПҶТ ва ТБҶ
факултети №6 Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
полковники милитсия МаҳмадализодаФ.М.







































































































































































