Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИСТИҚЛОЛИЯТ – РАМЗИ ПОИДОРИИ ДАВЛАТ ВА САРЧАШМАИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН

Истиқлоляти давлатӣ барои ҳар як миллату давлат бузургтарин неъмат, рамзи соҳибихтиёрӣ, озодиву худшиносӣ ва заминаи асосии рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад, зеро маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ миллат метавонад роҳи мустақили инкишофи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро муайян намуда, арзишҳои миллӣ, забон, таърих, фарҳанг ва анъанаҳои аҷдодиро ҳифз ва ба наслҳои оянда ба таври шоиста интиқол диҳад. Барои мардуми соҳибтамаддуни тоҷик, ки таърихи чандинҳазорсола дошта, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштааст, ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ воқъеаи сарнавиштсоз ва таърихие гардид, ки дар заминаи он барои эҳиёи давлатдории миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва бунёди ҷомеаи нав имкониятҳои васеъ фароҳам омаданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентиябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон намуда, ба марҳилаи нави таърихии давлатсозӣ ва давлатдории миллӣ ворид гардид, аммо солҳои аввали Истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон давраи ниҳоят ҳассос ва пур аз мушкилот буданд, зеро вазъи мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба рушди муътадили кишвар таъсири манфӣ расонида, ба зиндагии мардум ва суботи ҷомеа хатари ҷиддӣ эҷод менамуд. Дар чунин шароити душвор ҳифзи Истиқлолият, барқарор намудани сулҳу ваҳдат, таъмин намудани амнияти миллӣ ва нигоҳ доштани якпорчагии давлат вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар ба шумор мерафт ва маҳз талошҳои пайвастаи давлату ҷомеа барои расидан ба сулҳу суботи пойдор имкон фароҳам оварданд, ки Тоҷикистон аз марҳилаи бисёр вазнини таърихӣ бо сарбаландӣ гузошта, ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ ворид гардид.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар соли 1997 дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ҳамчун рӯйдоди муҳимми тақдирсоз сабт гарид, зеро он барои хотима бахшидан ба низоъҳои дохилӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи кишвар заминаи устувор гузошт.
Ваҳдати миллӣ, ки имрӯз яке аз арзишҳои муҳимми ҷомеаи Тоҷикистон ба шумор меравад, на танҳо омили таъмини сулҳу оромӣ, балки заминаи асосии пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мебошад, зеро танҳо дар ҷомеае, ки сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукумфармост, метавон барномаҳои бузурги созандагиро амалӣ намуда, барои зиндагии шоистаи мардум шароити мусоид фароҳам оварад.
Имрӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷашни 35- солагии истиқлолияти давлатии худ омодагӣ мегирад, ҳар як шаҳрванди кишвар метавонад бо ифтихор ба роҳи тайкардаи давлат назар афканда, дастовардҳои назарасеро, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ба даст омадаанд, эҳсос намояд, зеро дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар корҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ анҷом дода шуда, роҳҳо, пулҳо, нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар иншооти муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд гардидаанд, ки ҳамаи ин ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва рушди иқтисоди миллӣ мусоидат намуда истодааст.
Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолият рушди соҳаи энергетика мебошад, зеро мавҷудияти захираҳои бузурги обӣ ба ҷумхурӣ имконият медиҳад, ки иқтидори гидроэнергетикии худро самаранок истифода намуда, на танҳо эҳтиёҷоти дохилиро бо нерӯи барқ таъмин кунад, балки дар оянда барои рушди содироти нерӯи барқ ва таҳкими мавқеи иқтисодии кишвар дар минтақа имкониятҳои бештар фароҳам оварад. Бунёди иншооти бузурги энергетикӣ, аз ҷумла, Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки яке аз лоиҳаҳои муҳимми стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, барои рушди иқтисоди миллӣ таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ аҳаммияти бузург дорад.
Дар баробари рушди энергетика, дар солҳои Истиқлолият ба соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия низ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда шуд, ки дар натиҷа Тоҷикистон тавонист бо бунёду таҷдиди роҳҳои автомобилгард, нақбҳо ва пулҳо минтақаҳои гуногуни кишварро ба ҳам наздиктар намуда, робитаҳои иқтисодиву иҷтимоии дохилиро густариш диҳад ва имкониятҳои транзитии худро бештар истифода барад. Бунёди роҳҳои муосир на танҳо ба осон гардонидани ҳаракати шаҳрвандон мусоидат мекунад, балки барои рушди соҳибкорӣ, савдо, сайёҳӣ ва ҷалби сармоягузорӣ низ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар сиёсати давлатии Тоҷикистон соҳаи маориф ва илм низ мавқеи муҳим дошта, дар давраи соҳибистиқлолӣ барои бунёду таҷдиди муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии хонандагону донишҷуён, рушди муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касби, омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва дастгирии ҷавонони лаёқатманд корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.
Зеро рушди устувори ҳар як давлат пеш аз ҳама ба сатҳи маърифату дониш, ҷаҳонбинӣ ва касбияти шаҳрвандони он вобаста буда, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати илму техника маҳз ҷавонони соҳибмаърифат, донишманд ва дорои ҷаҳонбинии васеъ метавонанд дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди минбаъдаи давлат саҳми муносиб гузоранд.
Ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва ояндасози миллат дар ҷомеаи Тоҷикистон мақоми махсус доранд, зеро маҳз онҳо дар солҳои минбаъда масъулияти идомаи корҳои созандагӣ, рушди иқтисоди миллӣ, пешрафти илму маориф, фарҳанг, варзиш ва дигар соҳаҳои муҳимми ҳаёти кишварро ба зимма хоҳанд гирифт. Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангиву таърихӣ, риояи қонун ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ яке аз вазифаҳои муҳимми ҷомеа мебошад.
35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар бояд пеш аз ҳама як рӯзи ифтихор аз Ватан, эҳтиром ба таърихи миллат ва арҷгузорӣ ба заҳматҳои созандагони давлати соҳибистиқлол бошад, зеро таҷлили чунин санаи муҳим танҳо баргузор намудани чорабиниҳои идона набуда, балки фурсати муносиб барои андешидан дар бораи роҳи тайкардаи давлат, дастовардҳои бадастомада, мушкилоти мавҷуда ва масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди ояндаи кишвар мебошад. Мо бояд дарк намоем, ки Истиқлолияти давлатӣ арзиши муқаддас ва дастоварди бузурги таърихии миллати тоҷик буда, ҳифзи он вазифаи на танҳо давлат, балки тамоми ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд бо меҳнати ҳалол, донишандӯзӣ, муносибати масъулона ба вазифаи шаҳрвандӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии маҳаллаи зисти худ барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ кӯшиш намояд. Зеро Ватан танҳо сарзамине нест, ки инсон дар он зиндагӣ мекунад, балки маҷмӯи таърих, забон, фарҳанг, хотираи миллӣ, арзишҳои маънавӣ ва ормонҳои наслҳои гузаштаву имрӯза мебошад, ки ҳифзи он барои ҳар як фарди худшиносу ватандӯст қарзи муқаддас ба ҳисоб меравад.
Истиқлолият пояи давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, кафили субот ва созандагӣ, роҳи расидан ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Омузгори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
лейтенанти калони милитсия
Раҳимзода А.Р

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...