Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

САҲМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАРҲАНГИ СУЛҲ ВА ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

   Ин ташаббус аҳаммияти махсуси сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ дошта, ба таҳкими арзишҳои умумибашарӣ, пешгирии низоъҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осоиштаи наслҳои имрӯз ва оянда равона шудааст. Дар раванди таърихии рушди тамаддуни башарӣ халқи тоҷик бо мероси пурғановати илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсиву ҳуқуқии худ саҳми назаррас гузоштааст. Таърихи чандинҳазорсолаи тоҷикон намунаҳои зиёди хизматҳои созанда ва башардӯстонаи фарзандони барҷастаи ин миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Аз ҷумла, Куруши Кабир бо эҷоди «Эъломияи ҳуқуқи башар» ҳамчун яке аз нахустин намунаҳои эҳтиром ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар таърихи давлатдорӣ шинохта мешавад. Имоми Аъзам Абӯҳанифа бо ташаккули мактаби фиқҳии худ дар рушди андешаи таҳаммулпазирӣ ва муносибати оқилона ба масъалаҳои иҷтимоӣ саҳми бузург гузоштааст. Исмоили Сомонӣ ҳамчун асосгузори давлати Сомониён дар ташаккули низоми давлатдорӣ ва фарҳанги идорӣ нақши муҳим дошт. Ибни Сино бо осори илмии худ дар соҳаи тиб ва фалсафа ба рушди илми ҷаҳонӣ таъсири амиқ расонд. Абулқосим Фирдавсӣ тавассути «Шоҳнома» арзишҳои миллӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии мардуми форсу тоҷикро ҳифз ва абадӣ гардонд. Бобоҷон Ғафуров бо асари фундаменталии «Тоҷикон» дар омӯзиши таърих ва худшиносии миллӣ саҳми арзанда гузошт. Ин намунаҳо нишон медиҳанд, ки фарҳанги сулҳ, дониш, маърифат ва инсонпарварӣ дар андешаи таърихии тоҷикон ҷойгоҳи хос доштааст. Дар давраҳои гуногун намояндагони зиёди ин миллат бо илму маърифат ва фаъолияти созандаи худ ба пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат намудаанд. Дар охири асри XX ва оғози асри XXI Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи муҳими рушди сиёсиву иҷтимоии худро оғоз намуд. Дар ин давра сиёсати сулҳҷӯёна ва ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз самтҳои асосии фаъолияти хориҷии кишвар табдил ёфтанд. Сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти ҳифзи сулҳ, таҳкими суботи минтақавӣ, пешгирии ифротгароӣ, терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои муосир баёнгари муносибати масъулонаи кишвар ба масъалаҳои амнияти байналмилалӣ мебошад. Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, нишон медиҳанд, ки кишвар масъалаҳои глобалиро ҳамчун мушкилоти умумии инсоният арзёбӣ менамояд.
Қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» аҳаммияти рӯзафзуни ҳамкории байналмилалӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи одилона ва босуботро инъикос мекунад. Ҳадафи асосии ин ташаббус рушди фарҳанги сулҳ, таҳкими муколамаи созанда байни давлатҳо ва ҷомеаҳо, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои тамоми инсоният мебошад. Дар доираи ин ташаббус давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ-таълимӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонон ба ҳамкории фарогир ҷиҳати пешбурди арзишҳои сулҳ, адолат ва рушди устувор даъват карда мешаванд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки мафҳуми васеи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Сулҳ ҳамчун арзиши умумибашарӣ маънои эҳтироми шаъну шарафи инсон, таъмини адолат, баробарии имкониятҳо ва масъулияти ҳар як ҷомеаро дар насли оянда дорад. Аз ин рӯ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи сулҳпарварӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад. Зеро ояндаи ҷаҳон аз қарорҳо ва амалҳои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста мебошад.Қабули чунин қатънома мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ҷонибдори сулҳ ва ҳамкории байналмилалӣ боз ҳам тақвият бахшида, барои татбиқи барномаҳои минбаъда дар самти таъмини амнияти дастаҷамъӣ ва рушди устувор заминаҳои мусоид фароҳам меорад. Дар маҷмӯъ, ташаббуси мазкур идомаи мантиқии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таҳкими сулҳи пойдор ва фароҳам овардани шароити амну осоишта барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад.Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» ҳамчун як иқдоми муҳими байналмилалӣ дар самти густариши фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ арзёбӣ мегардад.

 

Муаллими методисти-калони қисми таълими

факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷкистон.,

майори милитсия

                            Аҳруллозода Б.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...