Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

СИЁСАТИ СУЛҲПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА АҲАМИЯТИ ОН БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА

Сулҳ яке аз арзишҳои олӣ ва неъмати бебаҳои инсоният мебошад. Ҳеҷ як ҷомеа бе сулҳу субот наметавонад ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, имрӯз аҳамияти сулҳро аз ҳар кишвари дигар бештар дарк мекунад. Аз ҳамин сабаб, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ пайваста ташаббусҳои созанда пешниҳод намуда, барои таҳкими сулҳ, амният ва ҳамкории байни давлатҳо саҳми арзанда мегузорад. Яке аз чунин ташаббусҳои муҳим қабули Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда мебошад, ки аҳамияти бузурги сиёсӣ ва башардӯстона дорад. Ҳадафи асосии ин қатънома муттаҳид намудани кишварҳои ҷаҳон барои таҳкими сулҳу амният, пешгирии низоъҳо, рушди фарҳанги сулҳ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи инсондӯстӣ мебошад. Имрӯз ҷаҳон бо мушкилоти зиёде, аз ҷумла ҷангҳо, терроризм, ифротгароӣ, муҳоҷирати маҷбурӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ рӯ ба рӯ мебошад. Барои ҳалли чунин мушкилот ҳамкории ҳамаи давлатҳо зарур аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,, ҳамеша сиёсати сулҳҷӯёна ва ҳамкории байналмилалиро ҷонибдорӣ мекунад. Пешниҳоди қабули Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ далели он аст, ки Тоҷикистон мехоҳад дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳон саҳми фаъол гузорад. Ин қатънома давлатҳоро водор месозад, ки барои пешгирии низоъҳо, рушди муколама, эҳтироми ҳуқуқи инсон, таҳкими дӯстии байни халқҳо ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи сулҳпарварӣ чораҳои мушаххас андешанд. Ҷавонон бояд омӯзанд, ки сулҳ бо заҳмат, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми якдигар ва ҳамдигарфаҳмӣ нигоҳ дошта мешавад. Барои Тоҷикистон сулҳу ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги таърихӣ мебошад. Маҳз дар фазои сулҳу субот дар кишвар мактабҳо, донишгоҳҳо, беморхонаҳо, роҳҳо, корхонаҳо ва дигар иншооти муҳим бунёд гардида, сатҳи зиндагии мардум беҳтар шудааст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки барои ҳифзи сулҳ ва ваҳдати миллӣ саҳми худро гузорад. Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳамияти бузурги байналмилалӣ дорад. Он кишварҳои ҷаҳонро барои ҳамкорӣ, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ ва пешгирии низоъҳо муттаҳид месозад. Барои ҷавонон ин қатънома намунаи масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ мебошад. Ҳар як курсантон ва шаҳрванди Тоҷикистон бояд сулҳу ваҳдати миллиро ҳамчун бузургтарин неъмат қадр намояд ва барои ҳифзу таҳкими он саҳм гузорад. Зеро танҳо дар фазои сулҳу оромӣ ҷомеа метавонад рушд кунад ва барои наслҳои оянда зиндагии шоиста таъмин гардад.

 

Сарнозири маркази тести қисми таълими

факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷкистон.,

капитани милитсия

                            Муроди Б.А.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...