ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПОЯИ УСТУВОРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА РУШДИ ТОҶИКИСТОН
Воқеан омили асосии ба миён омадани ин ҷашн ҳамон ҷанги девонавор аст, ки душманон бароямон таҳмил карданд. Чӣ тавре ки аз саҳифоти таърих бароямон маълум аст, дар ҷараёни ин ҷанги таҳмилӣ дар Тоҷикистон, ки аз моҳи майи соли 1992 шурӯъ шуда ва дар моҳи июни соли 1997 бо имзои Мувофиқатномаи сулҳи тоҷикон дар Маскав поён ёфт, беш аз 100 ҳазор тан аз сокинони кишвар кушта шуда ва ба иқтисоди Тоҷикистон хисороти сангин ворид шуд. Ҳоло, ки дар дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат танинандоз аст, бо боварии комил метавон гуфт, ки ҷиҳати дастёбӣ ба сулҳи тоҷикон қабл аз ҳама худи ҷониби давлату Иттиҳоди мухолифон талош кардаанд ва кишварҳои хориҷиву созмонҳои байналмилалӣ танҳо барои анҷоми музокира миёни тарафҳои даргир мусоидат кардаанд. Дар яке аз мусоҳибаҳо ин ҳарфҳои донишманди тоҷик Абдунабӣ Сатторзодаро дучор омада, бештар бовар ҳосил кардам, ки тоҷикон ҳеҷ гоҳ мардуми ҷангҷӯй набуда, балки ҳамеша баҳри дастёбӣ ба сулҳу ваҳдат талош кардаанд. Ӯ аз талошҳои пайгиронаи намояндаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон барои ба ҳам овардани тарафҳои даргири ин кишвар низ тақдир карда, аммо афзудаст: “Агар тоҷикон худ хостори сулҳ набуданд, ҳеч нерӯи хориҷӣ наметавонист, онҳоро ба музокирот ва имзои тавофуқ дар бораи сулҳ водор кунад.” 29 сол муқаддам, пас аз ҷангу муноқишаҳои хеле даҳшатнок, баъд аз музокироти тӯлонӣ санади тақдирсозе таҳти унвони Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки ба раванди оштии миллӣ, ваҳдати саросарии миллии тоҷикон замина фароҳам овард. Лозим ба зикр аст, ки барои ба даст овардани ин сулҳи пойдор, барои дастёбӣ ба ваҳдати миллӣ, ки зиндагии осоиштаи мо самари он аст, саҳму талош, ҷасорати сиёсию садоқати миллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Ин абармарде, ки исми худро дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт кард, дар он оғозе, ки ба ҳайси роҳбари давлат пазируфта шуд, бо камоли боварӣ ба ояндаи миллати хеш ин ҳарфҳоро гуфта буд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам! Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва зиндагии осудаи халқи азияткашидаам бовар дорам». Шоҳидони ҳол нақл мекунанд, ки ваҳдати миллӣ хеле ба душворӣ ба даст омада, ҳашт марҳилаи комилро дар бар гирифтааст. Натиҷаи музокироти тӯлонӣ, ки зиёда аз 40 моҳ идома ёфт, дар таърихи 27 июни соли 1997, дар шаҳри Маскав тавассути Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ анҷом пазируфт, ки тавиби «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» ёдгорие аз он рӯзи таърихӣ аст. Ба тасвиб расидани ин созишнома ба моҷарои мусаллаҳона дар кишвар хотима гузошта, яке аз саҳифаҳои навро дар таърих боз намуд. Ин саҳифаи нав ҳар сол дар кишвар бо “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” таҷлил мегардад ва ҳамчун рӯзи ягонагии миллӣ пазируфта шуда, асоси рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон гардид. Дар робита ба ин масъала, ки ин сулҳу ваҳдат дар кишвар бар асари ҷонбозиҳо ба даст омадааст, моро зарур аст ба қадру манзалати ваҳдати миллӣ бирасем ва баҳри пойдории он ҳамарӯза талош кунем. Дар ин хусус Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин қайд карда буданд: «Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъд аз Истиқлоли давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт. Нақши созандаи сулҳу ваҳдат махсусан дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ, ки амалан заминаҳои зарури ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд, возеҳ зоҳир гардид».Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар сарчашмаи он Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон истодааст, аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ эътироф гардида, ҳамчун таҷриба баҳри истифодаи он дар дигар минтақаҳои даргири сайёра мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Ҳамчунин дар арафаи таҷлили 29 солагии ин ҷашни муқаддас, дар таърихи 25 июни соли 2026 тавассути Маҷмаи Умумии СММ қабул гардидани қатъномае бо унвони "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда", ки аз ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, бар эътибори кишвари мо эътибори бештаре зам намуд. Ин ҳама аз болоравии обрӯ ва эътибори кишвар ва роҳбари давлати мо дар миқёси байналмиллалӣ шаҳодат медиҳад. Обрӯю эътибори кишвар ва роҳбари давлат ин обрӯ ва эътибори миллат аст. Аз ин рӯ, мо бояд дар ваҳдати миллӣ, ободии Ватан ва пешрафти ҷомеа ҷадал кунем. Танҳо бо чунин амал мо метавонем пойдевори ҷомеаи навини демократиро мустаҳкам намуда, волоияти қонунро дар ҷомеа пойдор кунем.
Поянда бод, сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвари мо!
Муаллими кафедраи
омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ,
майори милитсия
Орзизода Ҳ.О.







































































































































































