Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТОҶИКИСТОН ҲАМЧУН ТАШАББУСКОРИ СУЛҲ ВА ҲАМКОРИҲОИ СОЗАНДА ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

2026071603«Бигзор, ин қатънома ҳамчун санади муҳимми байналмилалӣ ба таҳкими дӯстиву ҳамкории байни халқҳо, густариши фарҳанги сулҳ ва бунёди ҷаҳони амну осуда барои наслҳои имрӯзу оянда мусоидат намояд»

Эмомалӣ Раҳмон

Мояи сарафрозиву сарфарозист, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мардуми сарбаланду сарафрози тоҷик бо дороии таъриху тамаддун ва фарҳанги куҳанбунёди беш аз 6 ҳазорсола зери партаву ҳидоятҳо ва пайгириҳо аз сиёсати инсонпарварона ва инсондустонаи Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери осмони софу беғубор ва фазои тинҷу ором ва сулҳу суботи пойдор дар кишвар ҳаёти осоиштаро пеш бурда, ба ояндаи нек бо гомҳои устувор қадам мениҳанд. Таърихи давлатдории навини тоҷик гувоҳ, ки дар воқеъ Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ бо мактаби бузурги давлатдории навин ва мактаби сулҳпарвариву сулҳофарӣ ҳамчун кишвари пешрафтаву ташаббускор дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, мақоми шоёнеро касб намуда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мояи ифтихор ва шоёни таҳсину офарин дониста мешавад. Боисти сарфарозист, ки имруз тавассути воситаҳои ахбори омма Паёми навбатӣ ва ё худ шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027- 2036» ва бузургдошти ҷашни миллии тоҷикон Рӯзи Ваҳдати миллӣ пахш гардид. Бояд гуфт, ки қабули санади мазкур дар ҳофизаи мардум ҳамчун рӯйдоди фараҳбахш, хотирмон таърихиву ҳассос ва тақдирсоз нақш баста, умеду боварии ҳамагонро ба ояндаи нек дучанд мегардонад. Тавре маълум гардид дар сухани шодбошӣ Пешвои миллат бори дигар аз тамоми давлатҳои ҷаҳон даъват ба амал овард, ки баҳри расидан ба сулҳу субот, пойдории фазои тинҷу ором ва ваҳдату ягонагӣ, ҳифзу нигоҳдошт ва арҷгузорӣ ба он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву сиёсӣ ва дар умум дар ҳамаи самтҳо шуруъ аз оила то ба муносибатҳои байналмиллалӣ ҳамаҷониба талош варзанд. Зеро ба қавли Пешвои муаззами миллат «Сулҳ танҳо набудани ҷанг нест.Сулҳ фарҳанг аст.Сулҳ масъулият аст.Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст.Сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст». Илова бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми назарраси наврасону ҷавонон, ки фаъолияти назарраси онҳо дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат ҳамчун самти калидӣ арзёбӣ мегардад, ёдоварӣ намуда, аз онҳо чун созандагони ҷаҳони фардо ном мебарад. Ин моро водор месозад, ки наврасону ҷавононро аз пештара дида бештар дар руҳияи ватандустиву ватанпарастӣ, таҳаммулпазирӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасот ва арзишҳои волои миллӣ, тарғибу ташвиқи фарҳангу анъанаҳои неки миллӣ тарбия намуда, дар ниҳоди онҳо ҳисси баланди миллӣ, эҳтиром ба шахсият ва ҳуқуқи инсонро боз ҳам зиёдтар намоем. Бояд иброз намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ дар ин замина чунин ибрози андешаронӣ намудаанд: «Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад» Қобили қайд аст, ки қабули қатъномаи мазкур идомаи мантиқии сиёсати инсондӯстонаву сулҳпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дониста шуда, ҳамчун кишвари ҷонибдори сулҳ обрӯву эътибори хоссаро дар миёни кишварҳои ҷаҳон пайдо намудааст. Зеро таърих борҳо собит намудааст, ки маҳз дар заминаи муколамаҳои созанда, пойдории сулҳу ваҳдату ягонагӣ, муттаҳидиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳаммаромӣ метавонем ба ҳадафҳои созандаву пойдор ноил гардем.Аз ин рӯ, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус пешниҳоди саривақтии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027- 2036» аз муҳимтарин руйдодҳо ва пешниҳодоти байналмилалии Тоҷикистон дар солҳои охир эътироф гашта, дар ба эътидол овардани вазъияти ноором дар бархе аз кишварҳои сайёра, таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ, пешгирии ҳама гуна ихтилофот ва низоъҳои байнидавлатӣ, таъмини ояндаи неку ҳаёти осоиштаи наслҳои имрӯзаву фардо равона гардидааст. Дар фарҷом бо ифтихори баланди ватандорӣ метавон иброз намуд, ки пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи рузгори ҳар як қавм марҳилаи наверо дар самти таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ, баҳри ягонагиву якмаромии давлатҳо минбаъд низ заминаи мусоидеро фароҳам меорад. Ин ташаббуси навбатӣ ва амали наҷибона бори дигар аз сиёсати оқилонаву одилона, хирадмандонаву дурбинона ва ниҳоят аз хиради азалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад. Аз ин ру, ҳар яки моро зарур аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, якдиливу якмаромиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорему ба ояндагон ба мерос боқӣ гузорем. Зеро ба қавли Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бигзор, сулҳу оромӣ дар ҷаҳон ҳамеша пойдор бошад ва ояндаи башарият бар пояи адолат, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ устувор гардад.

 

Сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ

факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.,

подполковники милитсия

                            Идибойзода Д.И.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...