Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ: ташаббуси Тоҷикистон барои ояндаи башар
Сулҳ неъмати бузургтарин ва арзишмандтарин сарвати башарият мебошад. Ҳеҷ ҷомеа бе сулҳу субот наметавонад ба пешрафти устувор, рушди иқтисодӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва тарбияи насли солиму соҳибмаърифат ноил гардад. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки пур аз таҳдидҳо, низоъҳо ва мушкилоти нав мебошад, таҳкими сулҳ ба яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Бо ташаббуси навбатии байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул намуд, ки мутобиқи он солҳои 2027–2036 «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» эълон гардид. Ин иқдоми муҳим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо пуштибонии васеъ пазируфта шуда, аҳаммияти бузурги сулҳ, муколама, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагии байни наслҳо ва иштироки фаъоли ҷавононро дар бунёди ояндаи осоишта таъкид менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва сулҳпарвар дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор касб намудааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти об, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ҳоло ташаббуси нави таҳкими сулҳ бори дигар собит месозанд, ки сиёсати хориҷии кишвар ба таҳкими ҳамкорӣ, эътимод ва рушди устувори ҷаҳонӣ нигаронида шудааст. Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ имконияти нав барои густариши фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми гуногунандешӣ, пешгирии ифротгароӣ, баланд бардоштани байни давлатҳо мебошад. Дар ин раванд нақши ҷавонон, муассисаҳои таълимӣ, зиёиён, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бисёр муҳим аст, зеро маҳз насли имрӯз ояндаи инсониятро месозад. Имрӯз ҳар як шаҳрванди ватандӯст бояд дар таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, эҳтироми қонун ва тарғиби арзишҳои инсондӯстона саҳми арзандаи худро гузорад. Сулҳ аз оила оғоз ёфта, дар мактаб, ҷомеа ва давлат таҳким меёбад.Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:«Сулҳ неъмати бебаҳои зиндагии инсонҳо буда, ҳифзу таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як инсони соҳибвиҷдон мебошад.» Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036) танҳо як иқдоми дипломатӣ нест, балки паёми умед, масъулият ва ҳамбастагӣ барои тамоми инсоният мебошад. Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидани ин ташаббус бори дигар нақши Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускори масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Бигзор ин даҳсола ба таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва зиндагии осоишта мусоидат намуда, барои наслҳои оянда ҷаҳони амну ободро мерос гузорад.
Сардори кабинети кафедраи ҲМ ва ФМ
факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷкистон,
лейтенанти калони милитсия
Сангинзода Ихтиёр Баҳодур







































































































































































