СУЛҲ ҲАМЧУН МЕРОСИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАРБИЯИ НАСЛҲОИ ОЯНДА
Дар таърихи башарият арзише болотар аз сулҳ вуҷуд надорад. Сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки муҳити созандаест, ки дар он инсон озодона меомӯзад, меҳнат мекунад, эҷод менамояд ва бо умед ба оянда зиндагӣ мекунад. Агар осмони Ватан соф бошад, хандаи кӯдак беғаш садо медиҳад, чархи зиндагӣ бемонеа мечархад ва умеди фардо дар қалби мардум шуъла меафрӯзад. Аммо ҳар ҷо ки садои тиру туфанг баланд гардад, аввалин қурбонии он орзуҳои инсон ва ояндаи фарзандон мешавад. Мардуи Тоҷикистон арзиши сулҳро бештар аз ҳар каси дигар дарк мекунанд. Мо роҳи пурмашаққати расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро тай намуда, оқибатҳои талхи ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаем. Аз ин рӯ, сулҳу суботе, ки имрӯз дар Ватани мо ҳукмфармост, натиҷаи фидокорӣ, хирад, сабру таҳаммул ва ваҳдати миллат мебошад. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастовард ва заминаи устувори рушди давлату ҷомеа мебошад.» Ин андеша имрӯз на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми инсоният аҳаммияти бузург дорад. Мутаассифона, ҷаҳони имрӯз бо таҳдидҳои нав рӯ ба рӯ мебошад. Дар минтақаҳои гуногуни олам ҷангҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ, муҳоҷирати иҷборӣ ва буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ зиндагии миллионҳо одамонро хароб месозанд. Ҳар рӯз ҳазорон нафар хонаю кошонаи худро аз даст медиҳанд ва кӯдакони бегуноҳ қурбони низоъҳое мегарданд, ки худ дар пайдоиши онҳо ҳеҷ нақше надоранд. Ин воқеият аҳаммияти сулҳро ҳамчун бузургтарин арзиши инсоният боз ҳам бештар менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки як замон худ аз ҷанги дохилӣ ранҷ кашида буд, имрӯз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускор эътироф гардидааст. Бо сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор гардида, заминаи рушди устувори кишвар фароҳам омад. Имрӯз Тоҷикистон бо таҷрибаи нодири сулҳи худ барои бисёр кишварҳо намунаи омӯзиш ва ибрат мебошад. Идомаи ҳамин сиёсати сулҳҷӯёна ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» мебошад, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Ин ташаббус ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳкими сулҳу амният, рушди фарҳанги таҳаммулпазирӣ, муколама ва ҳамкории созанда даъват менамояд. Қабули чунин қатъномаи муҳим бозгӯи он аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон ва саҳми он дар таҳкими сулҳи ҷаҳониро эътироф мекунад. Ба андешаи банда, маҳз хизматҳои таърихии Пешвои миллат дар барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ва пешбурди ташаббусҳои байналмилалии сулҳпарварона арзиши бузурги сиёсӣ ва инсонӣ доранд. Аз ин нигоҳ, саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ аҳаммияти хос дошта, шоистаи баландтарин арҷгузории байналмилалӣ мебошад. Сулҳе, ки имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳукмфармост, имконият фароҳам овардааст, ки садҳо муассисаи таълимӣ, илмӣ ва фарҳангӣ фаъолият намоянд, роҳҳо ва иншооти муҳими стратегӣ бунёд гарданд, иқтисоди миллӣ рушд ёбад ва сатҳи зиндагии мардум беҳтар шавад. Ҳамаи ин дастовардҳо самараи фазои орому босуботи кишвар мебошанд. Аз ин рӯ, қадрдонӣ ва ҳифзи сулҳ рисолати муқаддаси ҳар як шаҳрванди бедордил аст. Ҳар фарди ҷомеа бояд дарк намояд, ки таҳкими субот танҳо вазифаи давлат нест, балки масъулияти шаҳрвандии ҳар яки мост. Эҳтироми қонун, таҳкими ваҳдати миллӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва муқовимат ба ҳар гуна андешаҳои ифротӣ аз омилҳои муҳими ҳифзи сулҳу субот мебошанд. Нооромиҳои ҷаҳонӣ барои ҳамаи давлатҳо дарси ибрат мебошанд. Тоҷикистон бо такя ба таҷрибаи нодири сулҳи худ ва бо пешниҳоди ташаббусҳои байналмилалӣ, аз ҷумла «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)», дар таҳкими сулҳу амнияти ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузорад. Вазифаи ҳар яки мо ҳифз намудани ин неъмати бузург ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани Тоҷикистони ободу осуда мебошад.
Муаллими калони кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ
факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷкистон.,
майори милитсия
Сайфиддинзода С.А.







































































































































































