ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ - ИҚДОМИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА»
Дар ҷаҳони муосир, ки бо низоъҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим, муҳоҷирати иҷборӣ ва дигар таҳдидҳои глобалӣ рӯ ба рӯ мебошад, масъалаи таҳкими сулҳ ба яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҷомеаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Маҳз дар чунин шароити ҳассос Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси нави ҷаҳониро пешниҳод намуд, ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ бо дастгирии васеъ пазируфта шуд. 25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул намуд ва солҳои 2027–2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ эълон гардиданд. Ин рӯйдоди таърихӣ боз як маротиба собит намуд, ки Тоҷикистон имрӯз ба яке аз кишварҳои ташаббускори масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Қабули ин қатънома идомаи мантиқии сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари мо бо пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об, рушди устувор, ҳифзи пиряхҳо ва ҳамкории байналмилалӣ обрӯи баланд касб намудааст. Имрӯз масъалаи сулҳ низ ҳамчун самти муҳими сиёсати байналмилалии Тоҷикистон эътироф гардидааст. Барои мардуми Тоҷикистон сулҳ арзиши муқаддаси миллӣ аст. Миллати тоҷик солҳои душвори ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида, бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат тавонист ваҳдати миллӣ ва сулҳи пойдорро барқарор намояд. Ин таҷрибаи нодири сулҳофаринӣ имрӯз ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли низоъҳо дар сатҳи байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.
Қатъномаи нав ба чанд самти муҳими стратегӣ асос ёфтааст. Пеш аз ҳама, он ба рушди фарҳанги сулҳ, таҳкими таҳаммулгароӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва пешгирии ҳама гуна низоъҳо равона гардидааст. Ҳамзамон, дар санад масъалаи иштироки ҷавонон, занон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳкими сулҳ ҷойгоҳи махсус дорад. Ин нуктаҳо нишон медиҳанд, ки сулҳи устувор танҳо бо набудани ҷанг маҳдуд намешавад, балки рушди иқтисодӣ, адолати иҷтимоӣ, маърифат ва ҳамдигарфаҳмиро низ дар бар мегирад.
Яке аз хусусиятҳои муҳими ин ташаббус таваҷҷуҳ ба манфиатҳои наслҳои оянда мебошад. Дар шароите ки таҳдидҳои нав ба амнияти ҷаҳонӣ рӯз ба рӯз меафзоянд, маҳз тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва сулҳпарвар кафолати ояндаи амну осуда хоҳад буд. Аз ин рӯ, рушди илм, технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва низоми муосири маориф бояд ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати сулҳ пазируфта шавад.
Қабули қатъномаи мазкур нишон медиҳад, ки Тоҷикистон кишвари пешниҳодкунандаи идеяҳои глобалӣ аст. Ин воқеият мақому нуфузи байналмилалии давлатро боз ҳам боло бурда, нақши Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳпарвар дар арсаи ҷаҳон таҳким мебахшад. Бояд таъкид намуд, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар принсипҳои ҳамкории созанда, эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо, дахолат накардан ба корҳои дохилии кишварҳо ва ҳалли масъалаҳо танҳо бо роҳи гуфтушунид асос ёфтааст. Қатъномаи нави СММ маҳз ин арзишҳоро инъикос намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкории бештар барои таъмини сулҳи устувор даъват менамояд. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва густариши таҳдидҳои нав, ташаккули фарҳанги сулҳ аз ҳар як шаҳрванди ҷомеа масъулияти баландро талаб мекунад. Махсусан, ҷавонон бояд бо дониш, ҷаҳонбинии илмӣ, худшиносии миллӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ мусаллаҳ бошанд. Танҳо ҷомеаи босавод ва муттаҳид метавонад сулҳи пойдорро ҳифз намояд. Бо итминон метавон гуфт, ки қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» яке аз дастовардҳои бузурги сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Қабули ин санад эътирофи таҷрибаи сулҳи тоҷикон аст, ки оғози марҳилаи нави ҳамкории байналмилалӣ дар роҳи таҳкими сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳар вақти дигар ба чунин ташаббусҳои созанда эҳтиёҷ дорад. Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар нишон дод, ки метавонад бо пешниҳодҳои воқеан башардӯстона дар ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ саҳми арзишманд гузорад. Ин иқдом барои таҳкими ҷойгоҳи Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва таъмини ояндаи осоиштаи инсоният аҳамияти бузурги таърихӣ дорад.
Сардори кабинети кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти милитсия
Шавкатзода И.Ё.







































































































































































