ТАШАББУСКОРИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
(дар партави ташаббуси байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (солҳои 2027-2036)»)
Яке аз хусусияти рушди ҷаҳони муосир мавҷудияти масъалаҳои ҷиддии глобалӣ мебошад, ки на танҳо ба сарнавишти инсонҳо, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, миллатҳо, табақаҳои иҷтимоӣ, минтақаҳо ва қитъаҳои ҷаҳон, балки тамоми инсоният таъсир мегузоранд.
Имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд. Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмуъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хуб ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2026 таъкид ва вазифагузорӣ карданд: «Вазъи мураккаб дар манотиқи гуногуни дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз навтақсим кардани ҷаҳон, мавҷи нави «ҷанги сард», яроқнокшавии бошитоб, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар равандҳои пуртазод дар арсаи байналмилалӣ ҳамоно мояи нигаронӣ боқӣ мемонад.
Дар чунин шароит моро зарураст, ки дар баробари иштироки фаъол дар равандҳои глобалӣ, дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба саъю талошҳоямон барои расидан ба ҳадафҳои созанда – пойдории сулҳу суббот ва таъмини амнияти фарогир тақвият бахшем».
Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ нақши фаъол ва созанда дорад ва дар таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон нақши калидиро дорад.
Дар моддаи 11-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад. Ташвиқоти ҷанг манъ аст».
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таҷрибаи нодири барқарорсозии сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон медиҳад, ки танҳо тавассути муколама, таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва иродаи сиёсӣ метавон низоъҳоро ҳал намуда, заминаи рушди устуворро фароҳам овард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳкими сулҳ, ҳамгироӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ тавассути дипломатия даъват менамояд. Ин мавқеи пайгирона Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор ва масъулиятшинос дар масъалаҳои байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.
Дар тӯли беш аз 35 соли Истиқлоли давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ташаббусҳои созандаи байналмилалӣ мавқеи худро ҳамчун кишвари сулҳхоҳ ва ҷонибдори ҳамкории созанда дар арсаи ҷаҳон устувор гардонидааст. Ин ташаббусҳо на танҳо ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, балки ба муаррифии таърих, фарҳанг, тамаддун ва арзишҳои маънавии миллати тоҷик низ мусоидат намудаанд. Арҷгузорӣ ба мероси орифон, донишмандон ва мутафаккирони тоҷик, инчунин пешбурди ғояҳои сулҳу ваҳдат аз муҳимтарин самтҳои сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Соли ҷорӣ, 25 июн боз як дастоварди муҳимми миллати тоҷик ба даст омад. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории давлатҳои аъзо қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул намуд.
Ин ташаббус 24 октябри соли 2024 дар иҷлосияи 79 Маҷмаи Умумии СММ аввалин бор садо дод, ки дар он қатъномаи 79/1, Ҳамоиши Ояндаи СММ ва Эъломияи «Наслҳои оянда» қабул карда шуд, ки дар он давлатҳои узв барои таъмини ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда, аз ҷумла тавассути амалҳои дастаҷамъона ва ҳамкории байналмилалӣ, уҳдадор шуданд.
Маҷмаи Умумии СММ 25 июни соли 2026 қатъномаи А 80/L.54 аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» қабул намуд.
Дар паёми шодбошӣ ба муносибати қабули Қатъномаи А/80/L.54 СММ таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро чунин шарҳ доданд: «Мо бояд дар навбати аввал ба наврасону ҷавонон, ки созандагони ҷаҳони фардо мебошанд, омӯзонем, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест. Сулҳ фарҳанг аст. Сулҳ масъулият аст. Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст. Сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст. Аз ин лиҳоз, сарнавишти наслҳои оянда ба тасмимҳое, ки мо имрӯз мегирем, вобаста мебошад».
Қатънома ба ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид такя намуда, пеш аз ҳама иродаи «Наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг»-ро дар меҳвари худ қарор медиҳад. Ҳамзамон, аҳамияти Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳ ҳамчун санади муҳими байналмилалӣ барои тарғиби сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва пешгирии хушунат таъкид шудааст.
Ҳадафҳои «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» фарогири самтҳои муҳими рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд. Аз ҷумла:
– таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ;
– пешгирии низоъҳо тавассути муколама, дипломатия ва мусолиҳа;
– рушди фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми гуногунандешӣ;
– густариши ҳамкории байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти глобалӣ;
– ҷалби ҷавонон, занон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба равандҳои сулҳофаринӣ;
– таҳкими ҳамбастагии байни наслҳо;
– ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда ҳангоми таҳияи сиёсати давлатӣ ва қабули қарорҳои байналмилалӣ;
– мусоидат ба рушди устувор ва таъмини зиндагии осоишта барои ҳамаи мардум.
Аҳамияти оламшумули ин қатънома дар он аст, ки қабул ва амалӣ гардидани он инсониятро аз нобудшавӣ наҷот хоҳад дод, аз ҷанги ҳастаӣ ва истифодаи силоҳҳои қатли омро пешгирӣ хоҳад кард, нест ва бартараф кардани гуруснагӣ ва бемориҳо, таҳкими амнияти дастҷамъии минтақавӣ ва байналмилалӣ, фароҳам овардани заминаҳои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона шудааст.
Қобили таъкид аст, ки Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо кардааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти об, пиряхҳо, рушди устувор ва ҳоло таҳкими сулҳ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ҷонибдории васеъ пазируфта мешаванд. Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ҳамзамон саҳмгузорӣ дар ҳалли мушкилоти умумибашарӣ равона гардидааст.
Қатъномаи нав на танҳо обрӯ ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро боз ҳам баланд мебардорад, балки масъулияти ҷомеаи ҷаҳониро дар роҳи таҳкими сулҳу субот, эҳтироми ҳуқуқи инсон, пешгирии низоъҳо ва тарбияи насли сулҳпарвар бештар менамояд. Зеро сулҳ арзишест, ки бидуни он на рушди иқтисодӣ, на пешрафти иҷтимоӣ ва на зиндагии шоистаи инсон имконпазир аст.
Бо итминон метавон гуфт, ки қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» боз як пирӯзии дипломатияи тоҷик ва дастоварди муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин иқдом нуфузу эътибори кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшида, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор, сулҳпарвар ва ҷонибдори рушди устувори ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.
Абдулло А. Р.
Сардори факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия
Абдуллозода Н. Р.
Сардори кафедраи ФОҶ-и МКД-и факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
полковники милитсия







































































































































































