35 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО
Дар охири солҳои 80-уми асри гузашта (XX) дар собиқ иттиҳоди шуравӣ равандҳои сиёсӣ оғоз ёфтаанд, ки бо оғози демократикунонии ҷомеъаи шуравӣ алоқаманд буданд. Дар воқеъ баъди барҳам хурдани иттиҳоди шуравӣ 9-уми сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор ва изҳорот «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллат ва халқи тоҷик воқеаи муҳимми таърихӣ гардид. Аммо, дере нагузашта бо сабабҳои муташшаниҷ гардидани вазъи сиёсии дохилии кишвар дар соли 1992 Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дучор шуд. Натиҷаи ин ҳодисаи таърихӣ иқтисодиёти кишварро даҳо сол ба қафо бурд.
Дар соли 1992 бо ташаббус ва саъю кӯшиши Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович, ки дар асоси қарори иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида буд, дар муддати кутоҳ ҷанги шаҳрвандӣ қатъ гардид ва парокандагии мардуми тоҷик аз рӯйи ангезаи нажодӣ хотима дода шуд, гурезагон ба макони истиқомати таърихии худ баргаштанд, ҳокимияти конститутсионӣ барқарор гардид, пошхурии давлати тоҷикон боздошта шуд, тамомияти арзии кишвар ҳифз гардид. Идеяи сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки Президенти мамлакат ба миён гузоштааст, аз ҷониби тамоми миллату халқиятҳои сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии васеъ пайдо кард.
Бояд гуфт, ки таҳти роҳбарии сарвари хирадманди давлат 6-уми ноябри соли 1994 дар як давраи душвори иҷтимоию сиёсӣ барои қабули Қонуни асосии кишвар – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид. Нахустин бор дар ин санад Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ шуда, рамзҳои давлатии кишвар муайян карда шуданд. Инчунин, бо шарофати сарвари давлат ва дастгирии ҳамаҷонибаи кишварҳои кафил ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибихтиёр саҳми бузург доранд. Пешвои миллат дар суханрониҳои худ қайд мекунанд, ки “ҳамаи ин комёбиҳо ба шарофати заҳмат ва ормонҳои мардуми тоҷик, ки аз сиёсати роҳбарияти давлат ва ҳукумати кишвар пуштибонӣ мекунанд, ба даст омадааст”. Яъне иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ дар роҳи ба эътидол овардани вазъи кишвар нақши муҳимми таърихӣ бозида, роҳи оянда ва сарнавишти миллати тоҷикро муайян кард.
Хизматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории нав, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат, баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бебаҳс аст. Натиҷаи заҳматҳои азим ва заҳматталаби Пешвои миллат аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон феълан субъекти баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, на танҳо дар ҳаёти байналмилалӣ фаъолона иштирок менамояд, балки масъалаҳоеро пешниҳод менамояд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ мегарданд. Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми тоҷик муҳимтарин вазифаҳои стратегиро мураттаб гузоштаанд.
Аз ҷумла: Беҳтар намудани зисту зиндагии аҳолӣ, сол то сол баланд бардоштани музди меҳнат, таъмини амнияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти нақлиёт ва коммуникатсияи кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ, тинҷию ороми, сулҳу субот дар кишвар. Ба шарофати иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлол аллакай бисёр комёбиҳо ба даст омадаанд ва аёнанд. Ҳамаи дастовардҳои даврони истиқлолият бештар аз ирода, ҷасорат, суботкорӣ, устуворӣ, хирадмандӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии Президенти кишварамон ба ҳисоб меравад.
Дар тули 35 соли истиқлолият дар давлат ҳаҷми маҳсулоти хоҷагии қишлоқ афзуда истодааст. Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзиро на танҳо ба бозори дохилӣ, балки ба бозорҳои кишварҳои шарик низ мерасонад. Дар Тоҷикистон корҳо оид ба беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ, азнавсозӣ ва сохтмони роҳи оҳан, шоҳроҳҳо, пулҳо, нақбҳо, иншоотҳои истиқоматии баландошёнаи замонавӣ анҷом дода шуданд ва идома дорад, ки ин ба як минтақаи транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Тоҷикистон имрӯз сиёсати мустақили дохилию хориҷиро пеш мебарад, манфиатҳои миллии Ҷумҳуриро дар арсаи геополитикӣ ҳимоя мекунад. Дар давраи истиқлолият шумораи аҳолии кишвар то 10 миллион нафар афзуда, сатҳу сифати зиндагии мардум ба таври назаррас беҳтар гардидааст. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Солҳои рушди саноат, ҳукумати электронӣ, рақамикунонии иқтисодиёт ва инноватсия, рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” дар сатҳи баланд идома дорад.
Такмили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар алоқамандӣ ба он сохтмони биною иншооти асосӣ ва ёрирасони фаъолияти мақомоти мазкур, ислоҳоти соҳавӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти мақомот, бахусус, мақомоти милитсия доимо дар зери диққати ҷиддии Пешвои муаззами миллат қарор дорад. Чунончӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи курсантону шунавандагон ва ҳамчун кадри баландихтисос ба воя расонидани онҳо бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат дар шаҳри Душанбе 30-юми августи соли 2017 бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гашт, ки он дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад.
Ҳамаи дастовардҳоеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ ноил гардидааст, номбар намудан ғайриимкон аст, вале ба назари мо, муҳимтарини онҳо аз инҳо иборатанд:
1. Давлатдории миллӣ. Яке аз дастовардҳои сиёсии истиқлолияти давлатӣ ин ба даст овардани давлатдорӣ мебошад. Маҳз дар сатҳи давлатдорӣ як миллат ё халқ метавонад сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низоми сиёсӣ ва шакли идоракунии давлатро нишон диҳад ва дар навбати худ низоми ҳуқуқии миллиро таъсис диҳад. Аз ин лиҳоз, дар таърихи муосири Тоҷикистон ба даст овардани давлатдории миллӣ падидаи нодир буда, дастоварди беназири истиқлолият мебошад.
2. Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа. Раванди ба даст овардани истиқлолият дар ҷумҳурии мо назар ба дигар ҷумҳуриҳои осиёи миёнагӣ бе қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст наомад. Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад, ки билохир ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Хушбахтона, фарҳанги бузурги тоҷикона ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан аз ҷурми якдигар ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт. Сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид. Маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳ нуктаҳои калидие буданд, ки истиқлолияти давлатиро таҳким бахшиданд ва роҳро барои пешрафт ва рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар кушоданд. Инчунин сулҳ имкон дод, ки ихтилофҳо дар кишвар барҳам дода шуда, тамоми гурезаҳо ба Ватан баргардонда шаванд ва як заминаи воқеӣ барои ҷомеаи амну субот дар кишвар муҳайё карда шавад.
3. Истиқлолияти давлатӣ ва арҷгузорӣ ба забон, таърих ва фарҳанги миллӣ. Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳаммияти махсус диҳем. Чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳимми вуҷудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳуввияти ӯ дар тӯли асрҳо ба шумор меравад. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳифзу гиромидошт ва тозагии он вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар мебошад.
4. Истиқлолияти давлатӣ – заминаи воқеии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити мусоид фароҳам овард. Амалӣ гардондан ва тақвият бахшидани раванди татбиқи се ҳадафи стратегӣ – «баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ», «таъмини амнияти озуқавории кишвар» ва «ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ» вазифаҳои аввалиндараҷа буда, муҳайё намудани заминаҳои воқеӣ дар кишвар оид ба рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмӯъ, баланд бардоштани иқтисодиёт муҳим мебошад. Рушди иқтисодии кишвар омили муҳим барои тақвияти ваҳдати миллӣ дар даврони истиқлолият низ мебошад. Дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ корхонаҳои нав бунёд мегарданд ва ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меоянд, ки боиси рушди ин ё он маҳал ва баланд гардидани сатҳи иқтисодии аҳли ҷомеа мегардад.
6. Қабули қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили қонунҳо «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак». Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» иқдоми бузург ва роҳи башардӯстона баҳри ҳифзи вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа буда, пеш аз ҳама, баҳри барқарор гардидани адолати иҷтимоӣ равона гардидааст. Таҷрибаи амалӣ гардидани қонуни мазкур нишон дод, ки дар ҷомеа сатҳи маърифатнокии мардум нисбат ба расму ойинҳо баланд гардид, аҳли ҷомеа хурофотро аз маросимҳои воқеан муҳими милливу динӣ фарқ намуд, як муҳити воқеан, равонии баробарӣ дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа барқарор шуд.
Ҳамчун таҷрибаи беназир ва дастоварди бузург метавон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро ҳисоб намуд, ки мақсад аз қабул гардидани он тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ мебошад. Дар даврае, ки ҷомеаи моро хатарҳои зиёд таҳдид менамоянд, бояд ҳар як падару модар дар тарбияи фарзандон масъул бошанд, ки онҳо бояд ба ҷомеа фарзандони руҳан ва ҷисман солимро ҳадя кунанд.
7. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон – сиёсати хориҷии муваффақ. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро рушд диҳад ва бо аксар давлатҳои минтақавӣ ва фароминтақавӣ муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ барқарор намояд. Махсусан, бо пешбурди «сиёсати дарҳои боз», ки аз соли 2003 роҳандозӣ шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ гардид, ки мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ устувор созад. Дар давоми 35 соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷумҳурии демократӣ, мустақил, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррафӣ намуда, бо аксар кишварҳои дунё ва созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ барқарор намудааст. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои як қатор созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва фароминтақавӣ ба монанди СММ, САҲА, Созмони Конфронси исломӣ, ЭКО, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва ғайра мебошад.
8. Рушди маориф – дастоварди бузурги сиёсати дохилӣ. Бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таҳсилотӣ зинаҳои гуногун, аз ҷумла мактабҳо, беморхонаҳо, литсейҳо, донишкадаву донишгоҳҳо дар саросари кишвар аз ҷумлаи амалӣ намудани барномаҳои маърифатноккунии ҷомеа ба шумор меравад. Дар ин самт вазифаи асосӣ на танҳо сохтмон, балки ба талаботи замона ҷавобгӯй будан ва муҳайё намудани шароити муосири таълим ва таҷҳизоту лавозимоти замонавӣ, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ ва дигар васоити техникӣ мебошад. Ҳамаи ин ба самти тарбияи дурусти насли наврас, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омӯзиши илмҳои дақиқ ва забономӯзӣ ҳидоят намудани хонандагон, дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намудани наслҳои наврасу ҷавони ҷомеа равона шудаанд.
9. Истиқлолият ва таъмини озодии виҷдон. Рушди минбаъдаи давлатдорӣ дар Тоҷикистон як қатор масъалаҳоро дар муносибат бо дин ба амал овард, ки бевосита машрӯияти ин муносибатҳо ба вуҷуд омаданд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои ҳамаи шаҳрвандонро новобаста аз ҷинс, миллат, забон ва муносибат ба дин кафолат медиҳад. Қонунҳои дар ин раванд қабулгардида бо қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ба ҳеҷ ваҷҳ мухолифат намекунанд. Ба ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои динӣ мақоми ҳуқуқӣ дода шуд, ки бо риояи қонунуниятҳои амалкунанда фаъолияти худро пеш баранд. Албатта, принсипи конститутcионии давлати дунявӣ водор мекунад, ки давлат аз ташкилотҳои динӣ ҷудо бошад. Ҳамин тариқ, қонунҳои мансуб ба озодии виҷдони шаҳрвандони кишвар дар асоси принсипи муайян ба низом дароварда шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, ин ҳуқуқ ва озодиҳо низ дар асоси принсипи ҷудо будани ташкилотҳои динӣ аз давлат ба роҳ монда шудаанд. Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунанда, озодии виҷдони ҳар як шаҳрванд кафолат дода мешавад. Ҳар кас метавонад ба ин ва ё он дин пайравӣ кунад ва ё накунад. Дар моддаи 26 Конститутсия чунин омадааст: «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».
10. Ҷавонон ояндаи миллат. Дар даврони истиқлолият таваҷҷуҳи хосса додан ба насли наврас ва ҷавон аз ҷумлаи дастовардҳои беназири истиқлолият мебошад. Чунки ин насл ояндаи миллат буда, бақои давлат ва Ватан мебошад. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳо ва консепсияҳо оид ба маърифаткунонии насли ҷавон ҳамчун насли солим ва бомаърифат қабул гардидаанд. Бояд зикр кард, ки Соли 2017 – Соли ҷавонон эълон гардида буд.
Хулоса, мо аз ҳадди зиёди дастовардҳои истиқлолият шумораи андаки онро изҳор доштем, ки он ҳам бисёр ба таври мушаххас тавсиф шудааст. Роҳандозиҳои барномавӣ идома дошта, таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ояндаи наздик аз ин дида бештар дастовардҳои беназирро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бор хоҳад овард.
Дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва
фаъолияти миаъмурии факултети №2,
дотсент, н.и.ҳ. подполковники милитсия Ҳайдарзода М.П.
Дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва
фаъолияти миаъмурии факултети №2,
полковники милитсия Рустамзода З.Р.







































































































































































