Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ – ТАШАББУСИ НАВ ДАР ТАҲКИМИ ҲАМКОРИИ ҶАҲОНӢ

Дар ҷаҳони муосир ҳифз, истифодаи оқилона ва идоракунии устувори захираҳои об ба яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва ҳуқуқии байналмилалӣ табдил ёфтааст. Тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, афзоиши аҳолӣ, маҳдуд гардидани дастрасӣ ба оби тоза ва боло рафтани талабот ба ин неъмати ҳаётбахш ҷомеаи ҷаҳониро водор месозанд, ки барои пешгирии норасоии об, коҳиш додани ифлосшавии манбаъҳо ва таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ тадбирҳои муассир андешад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои назарраси обӣ ва ташаббускори фаъоли рӯзномаи ҷаҳонии об дар ин раванд нақши созанда ва эътирофшуда дорад.
26 майи соли 2026 зимни Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об эълон гардид. Баъдан, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2026, №1184, ин ҷоиза расман таъсис дода шуд. Аз ин рӯ, ҷоиза на танҳо рамзи идомаи дипломатияи об, балки як механизми нави ҳуқуқию институтсионалӣ барои эътироф ва ҳавасмандгардонии саҳми арзанда дар ҳалли масъалаҳои об мебошад.
Фармони мазкур асосҳои муҳими ташкилию ҳуқуқии ҷоизаро муайян намудааст. Тибқи он, маблағгузории ҷоиза аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, анҷом дода мешавад. Ҳамчунин, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки низомнома ва ҳайати Комиссияи Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обро таҳия ва тасдиқ намояд. Ин муқаррарот барои ташкили мунтазам, интихоби асосноки номзадҳо ва фаъолияти устувори ниҳоди ҷоиза заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меоранд.
Ҷоиза метавонад воситаи муассири ҳавасмандгардонии олимон, муҳаққиқон, ихтироъкорон, коршиносон, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар шахсони воқеиву ҳуқуқӣ гардад. Қадрдонии дастовардҳо дар самтҳои омӯзиш ва ҳифзи захираҳои об, ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакоронаи об, пешгирии ифлосшавии манбаъҳо, коҳиш додани талафоти об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва таҳкими ҳамкории фаромарзӣ метавонад барои рушди илму амалия такони ҷиддӣ бахшад.
Аз нигоҳи ҳуқуқи конститутсионӣ, таъсиси чунин ҷоиза ба арзишҳо ва меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг мебошад. Моддаи 13-и Конститутсия об ва дигар боигариҳои табииро моликияти истисноии давлат эътироф намуда, кафолати истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ пешбинӣ мекунад. Моддаи 44 бошад, ҳифзи табиатро вазифаи ҳар як шахс мешуморад. Аз ин лиҳоз, таъсиси ҷоиза метавонад ҳамчун шакли дастгирии давлатии фаъолияти илмӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ дар роҳи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об арзёбӣ гардад.
Ин ташаббус бо ҳадафҳои Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030, махсусан Ҳадафи 6 — таъмини дастрасӣ ба об ва беҳдошт ва идоракунии устувори онҳо барои ҳама — ҳамоҳанг аст. Ҳамзамон, ҷоиза барои муттаҳид сохтани неруи давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи илмӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар атрофи масъалаҳои об имконияти нав фароҳам меорад. Маҳз чунин ҳамкории фарогир метавонад натиҷаҳои илмиро ба ҳалли амалии мушкилоти об табдил диҳад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои вобаста ба об пайваста ба рӯзномаи Созмони Милали Муттаҳид ворид гардидаанд. Эълон шудани Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005–2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028) ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) далели равшани саҳми Тоҷикистон дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим мебошанд. Ҳамраисии Тоҷикистон дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2023 низ мавқеи кишварро ҳамчун ҷонибдори муколама ва амалҳои муштарак таҳким бахшид.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ин силсилаи ташаббусҳои созандаро ба марҳалаи нав мебарад. Агар ташаббусҳои қаблӣ бештар ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ мусоидат карда бошанд, ҷоизаи нав барои муайян, муаррифӣ ва дастгирӣ намудани таҷрибаҳои пешқадам, навовариҳои технологӣ ва таҳқиқоти дорои аҳамияти амалӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Аҳамияти дигари ҷоиза дар он зоҳир мегардад, ки он метавонад робитаи илм, сиёсат ва амалияро тақвият диҳад. Натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ танҳо дар сурате ба беҳбудии воқеии идоракунии об мусоидат мекунанд, ки ба қарорҳои давлатӣ, барномаҳои соҳавӣ, технологияҳои дастрас ва фарҳанги истифодаи сарфакоронаи об табдил ёбанд. Аз ин рӯ, қадрдонии лоиҳаҳое, ки дорои натиҷаи ченшаванда, таъсири иҷтимоӣ ва имкони татбиқи васеъ мебошанд, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти хос дорад.
Дар шароити афзоиши таҳдидҳои иқлимӣ амнияти обӣ ба ҷузъи ҷудонашавандаи амнияти миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст. Норасоии об метавонад ба рушди иқтисодӣ, истеҳсоли маводи ғизоӣ, тандурустӣ, муҳоҷират ва муносибатҳои байнидавлатӣ таъсир расонад. Аз ҳамин сабаб, ҳар иқдоме, ки ба муколама, эътимод, истифодаи одилона ва устувори захираҳои об мусоидат мекунад, ҳамзамон ба таҳкими сулҳу субот низ хизмат менамояд.
Бо итминон метавон гуфт, ки Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об дар таърихи дипломатияи об мақоми хос касб хоҳад кард. Ин ташаббус мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешсаф дар пешбурди масъалаҳои обу иқлим тақвият дода, барои рушди ҳамкории байналмилалӣ, дастгирии илму навоварӣ ва истифодаи устувори захираҳои об заминаи иловагӣ фароҳам меорад. Муҳимтар аз ҳама, он ҷомеаи ҷаҳониро ба масъулияти муштарак барои ҳифзи об — сарчашмаи ҳаёт ва омили асосии рушди устувор — даъват менамояд.
МАНБАЪҲОИ АСОСӢ
1. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2026, №1184 «Дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об».
2. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 13 ва 44.
3. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028».
4. Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030, Ҳадафи 6.
Холбойзода Беҳзод Эргашалӣ,
сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии
факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...