НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Қабу
Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» боз як дастоварди муҳими дипломатияи байналмилалӣ ва саҳми арзандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ ба ҳисоб меравад.
Ин ташаббус ба таҳкими фарҳанги сулҳ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, пешгирии низоъҳо ва тарбияи наслҳои оянда дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ равона шудааст. Қабули чунин қатънома аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бозгӯи он аст, ки сиёсати сулҳҷӯёна ва ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мегарданд, аз ҷониби кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд. Ин санади муҳим аҳамияти сулҳу суботро ҳамчун омили асосии рушди устувор ва зиндагии шоистаи мардум таъкид намуда, кишварҳоро ба ҳамкории бештар барои таъмини амният ва оромии ҷаҳонӣ даъват мекунад. Сулҳу ваҳдати миллӣ аз бузургтарин дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо аз вартаи низоъ ва нооромӣ раҳо гардида, ба роҳи сулҳу субот, рушди устувор ва созандагӣ қадам гузошт. Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд, ки ба иқтисод, иҷтимоиёт ва зиндагии мардум зарари ҷиддӣ расонд. Дар чунин шароити ҳассос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбарии давлатро ба зимма гирифта, ҳифзи давлатдорӣ, барқарор намудани сулҳ ва муттаҳид сохтани миллатро вазифаи аввалиндараҷаи худ қарор доданд. Бо кӯшишҳои пайваста ва музокироти сулҳофар, ниҳоят Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки оғози марҳилаи нави рушди Тоҷикистон гардид. Ин дастоварди таърихӣ барои таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар заминаи устувор фароҳам овард. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷӯ ва соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мавқеи арзанда дорад. Дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ корҳои ободониву созандагӣ идома дошта, роҳҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо ва дигар иншооти муҳим бунёд гардида истодаанд. Ҳамаи ин самараи сулҳу ваҳдат ва сиёсати созандаи роҳбарияти давлат мебошад. Ваҳдати миллӣ на танҳо рамзи иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ, балки кафили пешрафти давлат ва зиндагии шоистаи мардум аст. Ҳифзу таҳкими ин неъмати бузург вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Ҷавонон, ки неруи пешбарандаи ҷомеа мебошанд, бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ дар рушду ободии Ватан саҳми арзандаи худро гузоранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ дар таърихи навини Тоҷикистон нақши бузург ва фаромӯшнашаванда гузоштаанд. Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ нишон медиҳанд, ки сулҳ, ваҳдат ва суботи сиёсӣ асоси пешрафти давлат ва зиндагии осоиштаи мардум мебошанд.
Муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми низомӣ, н.и.ҳ., подполковники милитсия Ғоибназарзода П.А.







































































































































































