Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АВФ - ҲАМЧУН ТАШАББУСИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вақте сухан дар бораи "авф" меравад, пеш аз ҳама бахшидан ва аз гуноҳи ҳамдигар гузаштан дар назар дошта мешавад.

"Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи авф" аз лаҳзаи қабул гардиданаш ҳамчун иқдоми башардӯстонаи давлат барои сабук намудани ҷазои маҳкумшудагон ва озод шудани онҳо аз зиндон пешбинӣ шудааст.

Ҳадафи асосии ин қонун танҳо раҳоӣ аз ҷазо нест, балки ислоҳи маҳкумшудагон, пешгирии такрори ҷиноят ва таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа мебошад. Чунки дар фазои осоишта, дӯстию тафоҳум аст, ки миллат метавонад ба пешрафти илму маърифат ва фарҳанг ноил гардад.

Ҳар як маҳкумшудае, ки ба ин ташаббуси инсондӯстонаи Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор мегардад, бояд хулосаи зарурӣ бароварда, аз роҳи хато даст кашида, дар оянда ба як шаҳрванди содиқи Ватан табдил ёбад. Чунки эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз шартҳои асосии давлатдории муосир мебошад. Танҳо бо ин роҳ мо метавонем ба авфшудагон имкони дубора оғоз намудан ба ҳаёти осударо фароҳам оварда, онҳоро барои зиндагии босамар ба ҷомеа баргардонем.

Имрӯз таҷрибаи сулҳпарастона ва инсонпарваронаи Сарвари давлат нишон медиҳад, ки "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи авф" ҳамчун яке аз институтҳои муҳими ҳуқуқӣ метавонад дар дили мардум ҳисси муҳаббат, садоқат, ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақвият бахшад.

Бо бахшидани якдигар мо метавонем дар ҷомеа фазои боварӣ, дӯстию бародарӣ ва ҳамдигарфаҳмиро эҷод намоем. Аз ин рӯ, ҳамаи мо вазифадорем, баҳри таъмини амнияту суботи миллат, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ саҳми арзандаи худро гузорем.

"Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи авф" барои маҳкумшудагон як имконияти нав барои оғози ҳаёти солим ва судманд дар ҷомеа мебошад.

Бахшида ба ҷашни муҳими 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд. Қонун пас аз қабул ба имзо расид ва аз 16 июни соли 2026 эътибор пайдо кард.

Албатта, авф метавонад дар дилҳои маҳкумшудагон суруру шодиро ҳувайдо намуда, онҳоро ба иттифоқу хештаншиносӣ, баҳри таҳкими ояндаи ҷомеа роҳнамоӣ созад.

Зеро дар қонун имтиёзҳо нисбат ба ноболиғон, занон, нафарон ва дигар шахсон дар назар гирифта шудааст. Онҳо метавонанд аз адои боқимондаи ҷазо озод гардида, ба озодӣ бароянд.

Дар соли 2021, ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11,5 ҳазор нафар авф гардида буданд. Дар соли 2026 бошад, тибқи "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи авф" нисбат ба 18 038 -ҳаждаҳ ҳазору сию ҳашт нафар татбиқ мегардад.

Бояд гуфт, ки ҳадафи некбинонаи Сарвари давлат аз қабили Қонуни авф дар он аст, ки нафарони ҷазодида аз амалҳои содиркардаашон ибрат гирифта, дар худ тағирот ворид намуда, ба ҳаёти созандаи ҷомеа ҳамроҳ шуда, дар оянда баҳри ҳифзи осудагии кишвар талош намоянд.

Метавон гуфт, ки чунин иқдом ба ҷомеа хушнудӣ оварда, боз ҳам муҳаббат, эҳтиром ва боварии мардумро ба давлату миллат мустаҳкам месозад.

Ин натанҳо ҳадяи арзишманди даврони 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, балки нишони қувваи давлати ҳуқуқбунёд ва робитаи ҷомеа ба ояндаи дурахшон дар асоси боварии халқ баҳри расидан ба ҳадафҳои бузурги даврони соҳибихтиёри аз нигоҳи демократия аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба орзуву ормони миллати хеш қадамҳои устувор гузошта, тавонист дар қалбҳои мардум аз ҷумла тамоми сайёра ҳамчун шахсияти башардӯст нуфуз пайдо кунад.

Нозири калони ШК Академияи ВКД

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

капитани милитсия Искандарзода М.А.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...