Тоҷикистон — пешоҳанги дипломатияи сулҳ
«Ман ба Шумо сулҳ меорам»
Эмомалӣ Раҳмон
Дар шароити кунунӣ, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла муноқишаҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, тағйирёбии иқлим, муҳоҷирати маҷбурӣ ва дигар мушкилоти глобалӣ рӯ ба рӯ мебошад, масъалаи ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо кардааст. Таҷрибаи даҳсолаҳои охир нишон медиҳад, ки истифодаи қувва роҳи ҳалли устувори ихтилофҳо нест. Баръакс, танҳо муколамаи сиёсӣ, эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳамкории созанда ва эътимоди байни давлатҳо метавонанд сулҳи пойдорро таъмин намоянд.
Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати хориҷии худро ба принсипҳои сулҳҷӯӣ, муносибатҳои дӯстона, ҳамкории мутақобилан судманд ва эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ асос гузоштааст. Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ тавонист аз як кишвари аз ҷанги шаҳрвандӣ осебдида ба яке аз давлатҳои ташаббускори масъалаҳои глобалӣ табдил ёбад.
Дар меҳвари ин дастовардҳо сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бо ибтикори Пешвои миллат Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ як қатор ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар соҳаи об, иқлим ва рушди устуворро пешниҳод намуда, эътибори байналмилалии худро ба таври назаррас таҳким бахшид.
Мусаллам аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар 79-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (минбаъд – СММ) санаи 23 сентябри соли 2024 дар Саммити Оянда иброз доштанд: «дар робита ба ин, пешниҳод менамоям, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милал «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад[1].
Идомаи мантиқии ҳамин сиёсати созанда ташаббуси байналмилалӣ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» мебошад. Ин ташаббус на фақат идомаи сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон аст, балки ҳамчун даъвати ҷомеаи ҷаҳонӣ барои муттаҳид сохтани кӯшишҳо ҷиҳати пешгирии низоъҳо, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи инсоният арзёбӣ мегардад.
Аз ин рӯ, омӯзиши мазмун, моҳият, ва дурнамои ин ташаббус аҳаммияти муҳими назариявӣ ва амалӣ дошта, барои рушди илми ҳуқуқи байналмилалӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи муосир арзиши махсус дорад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва афзоиши таҳдидҳои фаромиллӣ дипломатияи сулҳ аҳаммияти боз ҳам бештар касб намудааст. Низоъҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ҳамлаҳои киберӣ, тағйирёбии иқлим ва буҳронҳои гуманитарӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ҳалли онҳо танҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва муколамаи созанда имконпазир аст. Аз ин рӯ, дипломатияи сулҳ имрӯз ҳамчун яке аз воситаҳои муҳими таъмини амнияти дастаҷамъӣ эътироф шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ сиёсати хориҷии худро бар принсипҳои дӯстӣ, ҳамкории баробарҳуқуқ, эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо, дахолат накардан ба корҳои дохилии дигар кишварҳо ва ҳалли осоиштаи баҳсҳо асос гузошт. Ин принсипҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои миллӣ ва меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқат доранд. Чунончӣ, дар моддаи 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асосои меъёрҳои байналмилилӣ муайян мекунад»[2].
Таҷрибаи Тоҷикистон дар барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳаммияти хос дорад. Бо шарофати иродаи сиёсӣ, музокироти пайгирона ва талошҳои роҳбарияти давлат сулҳу субот барқарор гардида, барои рушди минбаъдаи кишвар заминаи устувор фароҳам омад. Ин таҷриба нишон дод, ки ҳатто мушкилтарин ихтилофҳоро метавон тавассути муколама, созиш ва эҳтироми манфиатҳои тарафҳо ҳал намуд.
Маҳз ҳамин сиёсати пайгирона боис гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати сулҳпарвар, масъулиятшинос ва ҷонибдори ҳалли осоиштаи мушкилоти байналмилалӣ эътироф гардад. Пешниҳоди ташаббуси «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» идомаи мантиқии ҳамин сиёсати хориҷии созанда буда, бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон дар ташаккули фарҳанги сулҳ ва рушди дипломатияи байналмилалӣ ҷойгоҳи махсусро соҳиб гардидааст.
Хидмати таърихии Пешвои миллат, пеш аз ҳама, дар барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ пас аз ҷанги шаҳрвандӣ таҷассум меёбад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақи ҳалли мусолиматомези низоъҳо дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Маҳз ҳамин таҷрибаи нодир ба Тоҷикистон имкон дод, ки дар масъалаҳои таҳкими сулҳ ва пешгирии низоъҳо дар арсаи байналмилалӣ бо эътимод сухан гӯяд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат як қатор ташаббусҳои сатҳи ҷаҳониро пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ, махсусан СММ, дастгирӣ ёфтанд. Қатъномаҳои марбут ба об, рушди устувор ва ҳифзи пиряхҳо далели эътирофи нақши созандаи Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ мебошанд. Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ маҳдуд набуда, инчунин ба ҳалли мушкилоти умумии инсоният равона гардидааст.
Дар ҳамин замина, пешниҳоди «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон мебошад. Ҳадафи асосии ин ташаббус муттаҳид намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо, рушди дипломатияи пешгирикунанда ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад.
Аҳаммияти ин ташаббус дар он зоҳир мегардад, ки сулҳро танҳо ҳамчун набудани ҷанг арзёбӣ намекунад, балки онро ҳамчун шарти муҳими рушди устувор, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди иқтисодӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум муаррифӣ менамояд. Бинобар ин, таҳкими сулҳ бояд ба яке аз афзалиятҳои асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёбад.
Яке аз хусусиятҳои муҳими дипломатияи Пешвои миллат дар он ифода меёбад, ки ҳамаи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон хусусияти муттаҳидкунанда дошта, ба муқобили ягон давлат ё гурӯҳи давлатҳо равона нестанд. Баръакс, онҳо ба рушди ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод, ҳамкорӣ ва масъулияти муштараки давлатҳо барои ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд. Маҳз ҳамин хусусият боис гардидааст, ки ташаббусҳои Тоҷикистон аз ҷониби аксари давлатҳои аъзои СММ дастгирӣ меёбанд.
Бояд қайд намуд, ки Рамиҳзода Рамазон Ҳамро дар асари Рисолати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба Пешвои хирадманди миллат чунин ибрози андеша намудааст: «Ҷавҳари сиёсати дохилию хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сиёсати сулҳу ваҳдат ташкил медиҳад»[3]. Дар ҳақиқат Сарвари давлат бо ин пешниҳоди худ бори дигар ба ҷаҳониён собит намуданд, ки Тоҷикистон ҳамеша аз сулҳи пойдор дар саросари ҷаҳон пуштибонӣ мекунад ва сиёсати Тоҷикистон сулҳҷӯёна аст.
Дар шароите, ки ҷаҳон бо низоъҳои мусаллаҳона, рақобатҳои геополитикӣ, таҳдидҳои нави амниятӣ ва буҳронҳои башардӯстона рӯ ба рӯ мебошад, зарурати таҳкими сулҳи пойдор ва пешгирии муноқишаҳо беш аз ҳар вақти дигар эҳсос мегардад. Дар чунин вазъ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ташаббуси нави байналмилалӣ – «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» – бори дигар мавқеи худро ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам намуд.
Аз нуқтаи назари сиёсӣ, ин ташаббус ба таҳкими эътимоди байни давлатҳо, густариши дипломатияи пешгирикунанда ва тақвияти нақши муколама дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд. Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки истифодаи нерӯи ҳарбӣ аксаран боиси тӯлонӣ гардидани низоъҳо ва афзоиши талафоти инсонӣ мегардад. Аз ин рӯ, рушди дипломатияи сулҳ ва истифодаи воситаҳои сиёсиву ҳуқуқии ҳалли баҳсҳо бояд ба самти афзалиятноки фаъолияти ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёбад.
Аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ, ташаббуси мазкур ба принсипҳои асосии Оинномаи СММ, аз ҷумла ҳалли осоиштаи баҳсҳои байналмилалӣ, худдорӣ аз таҳдид ё истифодаи қувва, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва баробарҳуқуқии давлатҳо такя мекунад. Махсусан дар сархати 4-уми моддаи 2 Оинномаи СММ омадааст, ки «Ҳамаи Аъзоён дар муносибатҳои байналмилалии худ аз таҳдид ба истифодаи қувва ё истифодаи қувва бар зидди тамомияти арзӣ ё истиқлолияти сиёсии ҳар давлат, инчунин аз ҳар гуна амали дигаре, ки бо мақсадҳои Созмони Милали Муттаҳид мухолифат дорад, худдорӣ менамоянд»[4]. Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамоҳанг буда, барои таҳкими низоми ҳуқуқии байналмилалӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Ҷанбаи дигари муҳими ин ташаббус таваҷҷуҳи махсус ба наслҳои оянда мебошад. Дар шароити муосир ҷавонон бояд дар рӯҳияи сулҳпарварӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми гуногунандешӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ тарбия карда шаванд. Зеро маҳз ҷавонони имрӯз бунёдгузорони ҷомеаи фардо мебошанд. Аз ин рӯ, дар замири ҷавонон баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги сулҳ яке аз вазифаҳои муҳими татбиқи ин даҳсолаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» дорои аҳаммияти муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқӣ буда, ба таҳкими низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва рушди ҳамкориҳои байни давлатҳо мусоидат менамояд. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки низоъҳои мусаллаҳона, буҳронҳои сиёсӣ ва таҳдидҳои фаромиллӣ амнияти байналмилалиро зери хатар қарор додаанд, чунин ташаббусҳо барои нигоҳ доштани суботи ҷаҳонӣ аҳаммияти хосса доранд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими сиёсии ин ташаббус – муттаҳид сохтани давлатҳо новобаста аз низоми сиёсӣ, сатҳи рушди иқтисодӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва манфиатҳои минтақавии онҳо мебошад. Сулҳ арзиши умумибашарӣ буда, ҳифзи он вазифаи муштараки ҳамаи кишварҳо мебошад. Аз ин рӯ, даҳсолаи байналмилалӣ метавонад ба густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии байни давлатҳо мусоидат намояд.
Илова бар ин, татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» метавонад барои таҳкими фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама СММ заминаи мусоид фароҳам оварад. Ин ташаббус имкон медиҳад, ки давлатҳо фаъолияти худро дар самти ҳифзи сулҳ, пешгирии муноқишаҳо, мубориза бо таҳдидҳои муосир ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ҳамоҳанг намоянд. Ҳамагон огоҳ ҳастем, ки санаи 25-уми июни соли 2026 СММ қатъномаи махсусро аз рӯйи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» қабул намуд.
Дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир нишон медиҳад, ки мавқеи ин кишвар ҳамчун давлати масъулиятшинос дар арсаи байналмилалӣ эътироф шудааст. Қабули қатъномаҳои марбут ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумии СММ далели равшани эътимоди давлатҳои аъзо ба сиёсати сулҳпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар робита ба ташаббуси «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036», СММ метавонад ҳамчун платформаи асосии ҳамоҳангсозии талошҳои давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ хизмат намояд. Тавассути ин ниҳод мумкин аст механизмҳои мушаххас барои татбиқи амалии ташаббус таҳия гардида, ҳамкории байни давлатҳо дар самти пешгирии низоъҳо, тарғиби фарҳанги сулҳ ва рушди дипломатияи пешгирикунанда тақвият дода шавад.
Ҷомеаи байналмилалӣ имрӯз бештар ба чунин ташаббусҳое ниёз дорад, ки на фақат ба ҳалли низоъҳои мавҷуда равона шудаанд, инчунин, ба пешгирии пайдоиши низоъҳои нав мусоидат мекунанд. Аз ин лиҳоз, даҳсолаи пешниҳодшуда метавонад ба як платформаи умумиҷаҳонӣ барои таҳкими муколама, эътимод ва ҳамкории давлатҳо табдил ёбад.
Нақши СММ дар татбиқи ин ташаббус инчунин дар ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои гуногуни он, аз ҷумла, ЮНЕСКО, ЮНИСЕФ ва Барномаи рушди СММ зоҳир мегардад. Ин созмонҳо метавонанд дар самтҳои гуногун, аз ҷумла маорифи сулҳ, тарбияи насли ҷавон, рушди устувор ва дастгирии ҷомеаҳои осебпазир саҳми муҳим гузоранд.
Аз тарафи дигар, дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ омили муҳими муваффақияти ҳар як ташаббуси глобалӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд, ҷалби давлатҳо, созмонҳои минтақавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муассисаҳои илмӣ метавонад самаранокии татбиқи даҳсоларо ба маротиб зиёд намояд. Ҳар қадаре, ки доираи иштирокчиён васеъ бошад, ҳамон қадар имконияти ноил шудан ба ҳадафҳои сулҳҷӯёна бештар мегардад.
Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» дорои таъсири васеъ ба равандҳои муосири байналмилалӣ мебошад. Он на танҳо ба таҳкими сулҳи сиёсӣ нигаронида шудааст, балки бо масъалаҳои амнияти глобалӣ, рушди устувор ва ташаккули фарҳанги сулҳ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ робитаи зич дорад.
Дар робита ба рушди устувори кишварҳои ҷаҳон, ташаббус бо ҳадафҳои рушди устувори СММ робитаи мустақим дорад. Ноил шудан ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ бидуни сулҳ ва субот ғайриимкон аст. Сулҳ ҳамчун шарти асосии рушди устувор баррасӣ мегардад, зеро танҳо дар муҳити амн давлатҳо метавонанд сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии худро амалӣ намоянд.
Фарҳанги сулҳ инчунин, ба густариши арзишҳои умумиинсонӣ, аз қабили адолат, баробарӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва ҳамзистии осоишта мусоидат мекунад. Аз ин лиҳоз арзишҳои зикршуда асоси ҷомеаи устувор ва пешрафта ба ҳисоб мераванд.
Яке аз пешниҳодҳои муҳим ин густариши барномаҳои маорифи сулҳ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мебошад. Маорифи сулҳ бояд ба қисми ҷудонашавандаи низоми таҳсилот дар мактабҳо ва донишгоҳҳо табдил ёбад. Тавассути ин раванд наслҳои оянда метавонанд дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ, эҳтироми қонун, радди зӯроварӣ ва ҳалли осоиштаи баҳсҳо тарбия ёбанд.
Дар баробари ин, таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи пешгирии низоъҳо ва мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ аҳаммияти махсус дорад. Созмонҳои минтақавӣ метавонанд дар татбиқи амалии ин ташаббус нақши муҳим бозанд, зеро онҳо дорои таҷриба ва механизмҳои муассири ҳамкорӣ мебошанд.
Дурнамои дигари муҳими ин ташаббус дар рушди дипломатияи пешгирикунанда мебошад. Ин навъи дипломатия ба муайян ва бартараф намудани омилҳои низоъ пеш аз сар задани онҳо равона шудааст. Татбиқи чунин равиш метавонад сатҳи амнияти байналмилалиро ба таври назаррас баланд бардорад ва аз хароҷоти зиёди инсонӣ ва иқтисодӣ пешгирӣ намояд.
Ҳамчунин, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва муассисаҳои илмӣ ба раванди татбиқи ташаббус зарур мебошад. Ин ниҳодҳо метавонанд дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа, тарғиби арзишҳои сулҳ ва таҳкими ҳамкорӣ байни миллатҳо саҳми назаррас гузоранд.
Аз нигоҳи дурнамо, татбиқи муваффақонаи даҳсолаи пешниҳодшуда метавонад ба ташаккули низоми нави ҳамкории байналмилалӣ дар асоси эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти муштарак мусоидат намояд. Ин раванд имкон дорад заминаи устувор барои коҳиши низоъҳо ва таҳкими сулҳи пойдор дар ҷаҳон фароҳам оварад.
Хулоса таҳлили илмии ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» нишон медиҳад, ки он дорои аҳаммияти баланди сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва гуманитарӣ мебошад. Ин ташаббус идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мавқеи кишварро ҳамчун пешоҳанги дипломатияи сулҳ дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким мебахшад.
Дар шароити мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир, ки бо афзоиши низоъҳо, таҳдидҳои фаромиллӣ ва буҳронҳои глобалӣ тавсиф мешавад, зарурати таҳкими механизмҳои сулҳҷӯёна беш аз ҳар вақти дигар эҳсос мегардад. Дар ин замина, ташаббуси мазкур на танҳо ҳамчун як барномаи сиёсӣ, балки ҳамчун стратегияи дарозмуддати таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.
Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди чунин ташаббусҳо ниҳоят муҳим мебошад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаи кишвар собит месозад, ки Тоҷикистон имрӯз на танҳо истеъмолкунандаи сулҳ, инчунин, ташаббускори фаъоли он дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Дар маҷмуъ метавон хулоса намуд, ки ташаббуси «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» метавонад ба ташаккули низоми нави ҳамкории байналмилалӣ дар асоси эътимод, эҳтиром ва ҳамзистии осоишта мусоидат намояд. Татбиқи он барои наслҳои оянда муҳити амнтар, устувортар ва одилонатар фароҳам меорад ва саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ боз ҳам равшантар месозад.
Муаллими кафедари мурофиаи ҷиноятии
факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
лейтенанти калони милитсия Саидзода Т.Ш.
[1] Суханронӣ дар Саммити Оянда 23.09.2024 20.45 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико [Манбаи электронӣ]: https://www.president.tj/event/speeches/47729 / (санаи муроҷиат: 07.07 соли 2026).
1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 ноябри соли 1994 бо тағйиру иловаҳо аз 23.09.1999 с., 22.06.2003 с. ва 22.05.2016. (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ). Душанбе: «Маориф», 2017. – 86 с.
[3] Раҳимзода Р.Ҳ. Рисолати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон. Душанбе. «ЭР-граф», 2025. – Саҳ. 448.
[4] Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид 26 июни соли 1945 дар шаҳри Сан-Франсиско қабул (ба имзо) гардида, 24 октябри соли 1945 мавриди амал қарор гирифтааст. [Манбаиэлектронӣ]: United Nations Charter (full text) | United Nations https://www.un.org/en/about-us/un-charter/full-text?utm_source=chatgpt.com / (санаимуроҷиат: 07.07соли 2026







































































































































































