«ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА»
Ҷаҳони имрӯза дар марҳалаи хеле ҳассос ва печидаи таърихӣ қарор дорад. Рушди босуръати технология, ҷаҳонишавӣ ва табодули фарҳангҳо дар баробари эҷоди имкониятҳои беназир, инсониятро бо таҳдидҳои наву бесобиқа низ рӯ ба рӯ кардаанд. Дар ин миён, сулҳ на танҳо ҳамчун ҷанг ё низоъ, балки ҳамчун заминаи асосии зиндагӣ, рушдиустувор ва кафолати ояндаи дурахшони башарият арзёби мешавад.
Эълон гардидани «даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» як ташаббуси саривақти ва ҳаётан муҳим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Мутаҳид аст. Ин даҳсола даъватест ба тамоми давлатҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳар як фарди сайёра, то бовари эҷоди як ҷаҳони орӣ аз зӯроварӣ,таҳаммулгаро ва амн муттаҳид шаванд. Қарзи инсонии мо дар назди наслҳои оянда аз он иборат аст, ки ба онҳо на ҷангҳову харобиҳо, балки замини обод ва фазои осоиштаро ба мерос гузорем. Барои таҳкими сулҳ, пеш аз ҳама зарур аст, ки таҳдидҳои асри ХХI-ро дуруст дарк ва таҳлил кунем.
Имрӯзҳо сулҳи байналмилалӣ зери фишори омилҳои гуногун қарор дорад:
Низоҳои геопалитикӣ ва минтақавӣ: Тӯли солҳои охир мо шоҳиди ҷангҳои маҳаллӣ дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон шудем, ки боиси фавти ҳазорҳо нафар ва овора шудани миллионҳо мардуми бегуноҳ мегарданд.
Терроризм ва экстремизми байналмилалӣ: Ин зуҳуроти номатлуб ба амнияти миллии давлатҳо таҳдид карда, мафкураи ҷавононро заҳролуд месозад.
Тағйирёбии иқлм ва камбуди захираҳо: Хушксолӣ, обшавии пиряхҳо камшавии оби ошомиданӣ метавонанд дар оянда ба манбаи низоъҳои нав дар байни давлатҳову минтақаҳо табдил ёбад.
Ҷангҳои иттилоотӣ ва киберӣ: Фазои маҷозӣ имрӯз майдони нави муборизаҳо табдил ёфтааст, ки метавонад суботи сиёсии давлатҳоро ба ҳам занад.
Дар асри технология, амнияти киберӣ ва истифодаи дурусти интеллекти сунъӣ муҳим аст. Даҳсола ба он равона шудааст, ки фазои рақамӣ барои тарғиби сулҳ ва муколама истифода шавад, на барои паҳн кардани кинаю адоват ва ҷангҳои иттилоотӣ.
Ҳеҷ як давлат новобаста аз қудрати иқтисодӣ ва ҳарбиаш, наметавонад дар танҳои бо ин таҳдидҳо мубориза барад. Танҳо таввасути дипломатияи бисёрҷониба ва ҳамкории байналмилалӣ метавонад ба сулҳи пойдор даст ёбад.
Бо роҳбарии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои пешоҳанг ва ташаббускор дар соҳаи таҳкими сулҳ ва рушди устувор дар сатҳи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта нуқта гузошт ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун як модели беназири ҳалли низоъҳо ва таъсиси муколамаи миллӣ эътироф шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот кард, ки ҳатто дар печидатарин ваъиятҳо низ метавон аз тариқи гуфтушунид ва гузаштаҳои дуҷониба ба сулҳу ваҳдат расид. Тағйирёбии иқлим ва камшавии захираҳои табиӣ (хусусан об) яке аз сабабҳои асосии муноқишаҳои оянда ба шумор меравад. Ташаббусҳои байналмилалии кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон дар соҳаи об ва пиряхҳо, қисми ҷудонашавандаи ин стратегияи сулҳ мебошанд. Илова бар ин, ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, аз ҷумла:
«Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003»
«Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015»
«Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»
Эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»
Ҳамаи ин ташаббусҳо мустақиман ба таҳкими сулҳ нигаронида шудаанд, зеро дастрасии одилона ба захираҳои об заминаи пешгирии низоъҳо дар асри муосир мебошад.
Мақсади асосии Даҳсолаи байналмилалӣ – ин таъмини ояндаи бехатар барои наслҳои баъдӣ мебошад. Насли оянда бояд аз хурди дарк кунад, ки сулҳ арзиши олӣ аст ва онро бояд ҳифз кард. Ин масъулият ба души се ниҳоди асосӣ меафтад: оила, маориф ва ҷомеа.
Маориф бояд на танҳо донишҳои техникӣ, балки «Фарҳанги сулҳ»-ро низ таълим диҳад. Ин маънои онро дорад, ки дар барномаҳои таълимӣ бояд ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад:
Ҳуқуқи инсон ва эҳтироми гуногунии фарҳангӣ;
Санъати гуфтушунид ва ҳалли осоиштаи мушкилот;
Таҳаммулгароӣ ва эҳтироми андешаи дигарон.
Ҷавонон бояд аз ғояҳои экстремистӣ ва радикалӣ эмин нигоҳ дошта шаванд. Вақте ки ҷавонон бо илму дониш ва фарҳанг мусаллаҳ мешаванд онҳо ба осонӣ фирефтаи гӯруҳҳои манфиатҷӯ намегарданд ва худашон ба созандагони сулҳ табдил меёбад.
Сулҳи пойдор бе рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва аз байн бурдани нобаробарӣ имконнопазир аст. Сулҳ амре нест, ки онро сиёсатмадорон ё созмонҳои байналмилалӣ таъмин кунанд. Сулҳи ҳақиқи аз хонадони ҳар як инсон аз муносибати мо ба ҳамсоягон ва ҷомеа оғоз меёбад. Мо насли имрӯз уҳдадорем, ки ба онҳо заминеро ба мерос гузорем, ки дар он садои хандаи кӯдакон ҷойи садои тиру тупҳоро бигирад.
Сармоягузорӣ ба сулҳ – ин сармоягузорӣ ба ояндаи фарзандони мост. Партофтани аслиҳа ва рӯ овардан ба китобу қалам, илму фанноварӣ ва созандагӣ ягон роҳи наҷоти башарият аст. Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки таҷрибаи беназири сулҳофариро дорад, ин даҳсола аҳамияти хос дорад:
Мустаҳкам кардани суботи минтақавӣ: Пешгирии таҳдидҳои терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир дар марзҳо.
Дипломатияи об: Идомаи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон барои табдил додани масъалаи об аз манбаи ихтилоф ба воситаи ҳамкорӣ ва сулҳ.
Муаррифии таҷрибаи миллӣ: Ба ҷаҳониён нишон додани модели сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи муваффақи мусолиҳаи миллӣ.







































































































































































