ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ – ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА НАҶОТИ АҲЛИ БАШАР
Маҳз ҳамин мушкилотҳои умумибашариро ба назар гирифта, дар оғози асри ХХI дар сатҳи байналмиллалӣ масъалаи истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таваҷҷӯҳи давлатдорони олам гузошта шуд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар симои СММ ба сиёсати созандаву хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ намуда, ташаббусҳои пешниҳоднамудаи Роҳбарияти Тоҷикистонро роҷеъ ба об хушнудона истииқбол намуд. Дар ин давра 5 ташаббусҳои глобалии зерини Тоҷикистон роҷеъ ба соҳаи об, бо Қатъномаи маҷмаи СММ қабул гардид:
- Соли байналмилалии оби тоза - соли 2003;
- Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт", солҳои 2005-2015;
- Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013;
- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028.
- Дар соҳаи обу иқлим «Соли 2025 ҳамчун Соли байналмилали ҳифзи пиряхҳо».
Соли 2016 бо Қатъномаи СММ ва ҷонибдории беш аз 190 кишвари ҷаҳон қабул гардидани ташаббуси нави башардӯстонаи Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018-2028” мақому манзалати Тоҷикистон ва обрӯю шуҳрати мардуми сарбаланди онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам бештар гардонид.
Моҳи марти соли 2016 Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ёнг Ким бо ирсоли нома аз интихоб ва пазируфта шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти “Панели сатҳи баланд роҷеъ ба об” хабар доданд. Қарор дар бораи таъсиси Панели мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои аъзои СММ моҳи сентябри соли 2015 дар Маҷмаи умумии СММ дар доираи 17 Ҳадафи Рушди Устувор ҳамчун идомаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола қабул гардида буд. Боиси ифтихору сарфарозӣ аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳму ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои ҷаҳонии об қадрдонӣ карда, ӯро аз байни роҳбарони 193 кишвари аъзои СММ ба Панели сатҳи баланди 15-нафара, ки ҳама роҳбарони кишварҳои ташаббускор дар масъалаҳои об мебошанд, интихоб намуд. Узвияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои дигари ин панел аз моҳи январи соли 2016 оғоз ёфта, ду сол идома хоҳад дошт. Ба узвияти ин панели сатҳи баланд пазируфта шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як далели пешсафии давлати мо ва Пешвои миллат дар ҳаллу фасли масоили ҷаҳонии об ва дар таҳкими эътибори байналмилалииТоҷикистонаст.
Дар идомаи ташаббускорӣ дар ҳалли масоили мубрами байналмилалии вобаста ба об моҳи августи соли 2016 дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт” баргузор гардид, ки дар кори он зиёда аз 700 нафар намояндаи воломақом аз 90 кишвари олам, 47 ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди СММ ва 17 сохтору ниҳоди зертобеи он, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Салиби Сурх ва дигарон иштирок намуданд. Моҳи ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Саммити оби Будапешт дар Венгрия иштирок ва бо нутқи пурмуҳтаво суханронӣ карда, таваҷҷуҳи ҷомеи ҷаҳониро бори дигар ба масоили доғи рӯз, яъне ҳалли саривақтии мушкилоти марбут ба об дар сайёраҷалбсохтанд.
Даҳсолаи дуюми байналмилалии амали «Об ба хотири рушди устувор», 2018-2028 ташаббуси чоруми ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон мебошад, ки бо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва ҷонибдории давлатҳои аъзои ин созмони муътабар қабул карда мешавад.
Тибқи маълумоти СММ, имрӯз тахминан 40 дарсади аҳолии ҷаҳон аз камбуди оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Вобаста ба мавзӯи мазкур дар мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маҷаллаи «Хроникаи СММ» моҳи марти соли 2018 таҳти сарлавҳаи «Об барои рушди устувор» чоп кардааст, чунин оварда шудааст: «Тибқи баҳогузории пажӯҳишгоҳҳои мухталиф ва коршиносон, то ҳоло зиёда аз 844 миллион одамон дар рӯи замин ба оби ошомидании безарар дастрасӣ надоранд, 1,8 млрд одамон аз обҳое менӯшанд, ки сарчашмаҳои онҳо олудаи ифлосӣ ҳастанд, 2,4 млрд. одамон ба шароити беҳтари санитарӣ дастрасӣ надоранд. Интизор меравад, ки то соли 2050 шумораи одамоне, ки дар минтақаҳои аз об танқисӣ дошта зиндагӣ мекунанд, то 2,3 млрд мерасад».
Имрӯз бисёре аз сиёсатмадорон ва роҳбарони мӯътабари ҷаҳонӣ ақидаву пешниҳодҳои Сарвари давлати тоҷиконро дарк карда, дар суханрониҳои худ ба он такя мекунанд. Яъне, онҳо низ дарк кардаанд, ки масъалаи норасоии оби нӯшокӣ проблемаи кишвар ё минтақаи алоҳида набуда, балки умумиҷаҳонӣ аст ва бетаваҷҷуҳӣ ба он пайомадҳои хатарнок ва мудҳиш, аз ҷумла, хатари муноқишаҳои бузурги низомиро метавонад ба миён орад.
Дар гузоришҳои вобаста ба об интишорнамудаи СММ низ дар мавриди хатари ба миён омадани муноқишаҳои ҷиддӣ ва низомӣ таъкид шудааст. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки муддати 50 соли охир 507 муноқиша маҳз дар масъали об ба қайд гирифта шуда, дар 21 ҳолат муноқишаҳои лафзӣ ба муноқишаҳои низомӣ расидаанд. Ҳоло ҳам баҳсҳои зиёд дар мавриди обу истифодаи он боқӣ монда, ҳар лаҳза хатари ба ҷанг мубаддал гаштани ин баҳсҳо вуҷуд дорад.
Мисолҳои равшан: соли 1994 неруҳои ҳарбии Миср барои зери идораи худ гирифтани оби дарёи Нил вориди давлати Судон шуданд. Ин дарё барои Миср аҳамияти хеле муҳими ҳаётӣ дорад, зеро аксари сокинони ин кишвар оби ошомиданиро маҳз аз ҳамин дарё мегиранд.
Дар Африқо низоъҳо барои об ба таври доимӣ рух медиҳанд. Давлатҳои Ботсвана, Ангола ва Намибия наметавонанд оби дарёи Окавангоро байни худ одилона ва оқилона тақсим намоянд. Эфиопия, Судон ва Миср низ дар мавриди нобаробар тақсим шудани оби дарёи дарозтарин – Нил вориди баҳсу кашмакашҳои дуру дароз гаштаанд.
Масъалаи норасоии оби тоза аз ба охир расидани захираҳои нафт ҳам муҳимтар шудааст. Аксари кишварҳои арабӣ, ки аз захираҳои фаровони нафт бархӯрдоранд, байни худ барои истифодаи захираҳои обии минтақа баҳсҳои шадид доранд ва баъзан ин баҳсҳо то ба муноқишаҳои ҷиддӣ мерасанд. Метавон аз Арабистони Саудӣ ва Яман мисол овард, ки барои истифодаи об баҳсу мунозираи шадид доранд.
Тибқи маълумотҳо ҳар сол зиёда аз 800 ҳазор нафар одамон, аз сабаби истифодаи оби носолим, набудани санитария ва гигиена мефавтанд. Аз ин шумора, тақрибан 502 ҳазор нафар аз бемориҳои дарунравӣ, ки мустақиман бо оби олуда алоқаманданд, ҷони худро аз даст медиҳанд, ки кӯдакони то 5-сола яке аз гурӯҳҳои бештар осебпазир мебошанд ва ҳамарӯза тақрибан 1000 кӯдак аз бемориҳои вобаста ба оби носолим, санитария ва гигиена аз олам мегузаранд.
Ин ҳам қобилияти дарки саривақтии ин мушкил ва пешниҳоди тадбирҳо ва талошҳои пайгирона дар роҳи ҳалли он аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Яъне Сарвари давлати тоҷикон ин мушкили глобалиро пештар ва бештар аз ҳама дарк кардаву ҷомеаи ҷаҳонро барои ҳалли он даъват намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни давлатҳои Осиёи Миёна аз нигоҳи захираҳои об бойтарин кишвар аст, ки ҳамасола дар қаламрави он 64 миллиард метри мукааб об ташаккул меёбад. Дар навбати худ, ин миқдор захираи об тақрибан 60 фоизи ҳаҷми оби дарёҳои минтақаро ташкил медиҳад, ки ин ба фоидаи кишвари мо хоҳад буд, аммо Тоҷикситон, ки дар ҳудуди минтақаи Осиёи Миёна ҷойгир аст, ягона давлатест, ки пайгири беҳтар намудани вазъияти захираи об дар минтақаи Осиёи Миёна маҳсуб аст.
Дар баробари ин, моро зарур аст ба як қатор масъалаҳое, ки дар назди мо вазифаҳои иловагӣ ва дастҷамъонаро мегузоранд, таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Дар ин замина, мо бояд омилҳоеро, ки чаҳорчӯб ва имконоти ҳамкории ояндаро дар соҳаи захираҳои об муайян мекунанд, дар назар дошта бошем:
Якум — тағйирёбии иқлим, ки ба миқдор ва сифати захираҳои об таъсиргузор аст ва кӯшишҳои моро барои ноил гардидан ба рушди устувор заиф месозад. Дар давоми якчанд даҳсолаи охири асри 20 мо дар Тоҷикистон зиёда аз 1000 пирях, яъне тақрибан 30 фоизи пиряхҳоро аз даст додем ва ин раванд босуръат идома дорад. Танҳо пиряхи аз ҳама бузурги қитъавии пиряхи Тоҷикистон (Федченко) дар ин муддат ба андозаи як километр хурд шуда, масоҳати он то 11 километри мураббаъ кам гардид ва ҳаҷми яхи худро беш аз 2 километри мукааб аз даст дод. Тайи солҳои охир таҳти таъсири тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, афзоиши офатҳои табиии марбут ба об мушоҳида мегардад, ки зарари моддиву маънавии зиёде ба бор меоранд.
Офатҳои табиӣ инчунин кӯшишҳои моро барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор заиф сохта, боиси ба вуҷуд омадани мушкилоти бештар дар самти паст кардани сатҳи камбизоатӣ мегарданд.
Дуюм – ин афзоиши аҳолӣ ва талабот ба захираҳои об мебошад, ки вазифаҳои нав ва мураккабро пеш меорад.
Дар ҷаҳон талабот ба захираҳои об бо суръати зиёд афзоиш меёбад, ки ин, дар навбати худ, боиси ба вуҷуд омадани муносибатҳои ҷиддии нигаронкунанда миёни соҳаҳои иқтисодиёт мегардад. Шиддати рақобат барои манобеи об дар шароити камбуди он метавонад ҳатто дар дохили як кишвар боиси пайомадҳои манфӣ гардад. Мо бовар дорем, ки ба таври васеъ ҷорӣ кардани равишҳои якҷояву алоқаманд дар идоракунии захираҳои об барои беҳтар намудани механизмҳои мавҷуда дар соҳаи ҳамкории байнисоҳавӣ ва байниҳукуматӣ имкониятҳои наверо ба вуҷуд меорад.
Сеюм – ин ҷанбаи гендерии масоили об аст, ки бояд дар назар гирифта шавад. Занон бояд ба раванди рушд бо тақвияти нақши онҳо дар идоракунӣ ва ҳифзи захираҳои об фаъолона ҷалб карда шаванд. Ҷалби самараноки занон ба ин ҷараён кафолати дастовардҳои моро дар ҳалли масоили об ва умуман, ноилшавӣ ба рушди устувор таъмин месозад.
Чорум – воситаҳои татбиқ, ки тавассути онҳо мо бояд нақшаҳо ва амалҳои худро таҳким бахшем. Манзури ман, аз ҷумла, захираҳои инсониву молиявӣ, сармоягузорӣ ва технологияҳои пешқадам мебошад.
Панҷум – ин унсури фаромарзии ҳамкорӣ дар соҳаи об мебошад, ки дар таъмини сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳо нақши меҳварӣ мебозад. Имрӯз беш аз 276 ҳавзаи дарёии байналмилалӣ бо фарогирии ҳудуди 148 кишвар, ки беш аз 40 фоизи аҳолии ҷаҳон дар онҳо маскун мебошад, вуҷуд дорад». [3].
20 июни соли 2018 дар Кохи Сомони Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба кори худ оғоз кард. Барои иштирок дар ин конференсия сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Покистон, Туркманистон, Афғонистон, беш аз 1500 коршинос аз зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ба Тоҷикистон ташриф овардаанд. Ҷараёни кори конференсия мустақиман тавассути ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизион ва радио пахш гардида, рафти кори онро шумораи зиёди хабарнигорони дохил ва хориҷ инъикос карданд. Соли 2018 дар айёми таҷлили Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об — 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии ҷумҳурии мо — Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 — 2028” расман оғоз гардид. Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва 9 таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода оғоз ёфт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи иштирокчиёни Конференсия, аз ҷумла, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, намояндагони ҳайатҳои кишварҳои олам ва роҳбарони воломақоми ташкилоту созмонҳои бонуфузи сайёраро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки аз рӯйи натиҷаҳои чорабинии имрӯза, ки дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон доир мегардад, ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ дар арсаи захираҳои об мувофиқашуда иқдомоти амалии муассир сурат хоҳанд гирифт. Ҳамчунин изҳори итминон карда шуд, ки конфронси имрӯза барои таҳияи тавсияҳои мушаххас роҷеъ ба мавзӯъҳои ҷаласаи дарпешистодаи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор, ки дар он Ҳадафи шашум оид ба захираҳои об муҳокима мегардад, имконоти мусоид фароҳам меорад. Таъкид гардид, ки мо ба пешбурди Даҳсолаи нав бо такя ба таҷрибаи бисёр муфиди дар ҷараёни амалисозии ташаббусҳои қаблии глобалии марбут ба об андӯхташуда шурӯъ менамоем. Мавриди зикр аст, ки дар ин самт тайи понздаҳ соли ахир Тоҷикистон саъю талошҳои муштаракро дар чаҳорчӯби татбиқи чунин ташаббусҳои глобалӣ, ба монанди “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт, солҳои 2005- 2015” ва “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” ҳамаҷониба тақвият бахшид. Ҳамаи ин ибтикорот дар масъалаи дарки амиқи нақши нодири об дар ҳаёти сайёраи мо саҳми арзишманд гузоштанд. Дар фарҷоми суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед карданд, ки иштирокдорони Конференсия бо истифода аз имконоти имрӯза дар таҳияи тавсияҳои мушаххасу амалӣ ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафҳои Даҳсолаи нав саҳми арзандаашонро хоҳанд гузошт. [4].
25 сентябри соли 2019 дар ҳошияи иҷлосияи 74- уми Маҷмаи Умумии СММ дар шаҳри Ню—Йорк бо ибтикори Тоҷикистон ҳамоиши канории сатҳи баланд таҳти унвони «Амалҳои муваффақ дар соҳаи об барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои марбут ба тағирёбии иқли » баргузор гардид. Ҳамоиши мазкурро Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Фиҷи, Канада, Марокаш, Португалия, Россия, Сингапур, Швейтсария, Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва СММ- ниҳоди Об баргузор намуд, ки дар он намояндагон ва мутахассисони кишварҳои аъзои СММ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. Қисми якуми ҳамоиш таҳти раисии Вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Муҳриддин доир гардид, ки дар он Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Сарвазири Фиҷи Ҷосиа Ворек Ваинимарама, Вазири корҳои хориҷии Португалия Огусто Сантос Силва, Директори генералии Агентстваи Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ сафир Мануэл Сагер, Муовини Дабири Кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ Лю Женмин ва дигар шахсони валомақом суханронӣ намуданд. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни суханронии хеш ҳозиринро аз саъю талошҳои Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баён намуд.[5]. 10-уми феврали соли 2020 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими сайёра: Об сарчашмаи ҳаёти инсонӣ» китоби илмӣ ба нашр расид. Китоби мазкур аз натиҷаи Конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ, ки моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Алмаато доир гардид, ба табъ расида, дар он маҷмӯи мақолаҳои илмии олимон ва муҳаққиқони тоҷику қазоқ оид ба ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», тайғийрёбии иқлими сайёра ва дигар масъалаҳои ҷаҳонӣ дар ин самт гирд оварда шудааст.[6.]
Дар маҷмӯ ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028”-ро метавон мухтасаран чунин баён намуд:
1. Баланд бардоштани сатҳи донишу огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ, миллӣ, ҳамкории байни сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҷалби занон, ҷавонон, намояндагони илму маориф ва соҳибкорон дар раванди баррасӣ ва ҳалли мушкилоти марбут ба идоракунии захираҳои об;
2. Ба назари эътибор гирифтани дастоварду комёбиҳои даҳсола, инчунин, тазоду норасоиҳои раванди иҷрои вазифаҳои он;
3. Зарурати такмили усули гендерӣ дар идоракунии захираҳои об;
4. Тавсеаи ҳамкории илмиву технологӣ вобаста ба василаҳои сарфакорӣ ва кам намудани талафоти об;
5. Таъмини ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об, ки яке аз омилҳои сулҳу субот ба ҳисоб меравад.
6. Истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои об ҷиҳати тавсеа бахшидани рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки омили коҳиш додани камбизоатӣ мебошад.
7. Идораи захираҳои об ба мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва саноат.
Мақсадҳои Даҳсолаи байналмилалии нав зиёд намудани таваҷҷуҳ ба рушди устувор ва идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об барои ноил гаштан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва ҳифзи табиат, рушди ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳама сатҳҳо барои мусоидат дар татбиқи ҳадаф ва вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқгардонидашудаи рушди устувор дар давраи то соли 2030 мебошад, ки ба захираҳои об вобастаанд.
Ҳамин тариқ, натиҷаҳои талошҳои Тоҷикистон бо дигар кишварҳо дар ин ҷода боз як омили муассири комёб гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор хоҳанд шуд. Тоҷикистон мақсад дорад, ки ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадафҳо ва татбиқ намудани ташаббусҳо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода барад.
Султонзода Вамариҷ Иброҳим - омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2, подполковники милитсия.







































































































































































