Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАБУЛИ ҚОНУНИ АВФ ҲАМЧУН СИЁСАТИ ИНСОНДӮСТОНАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Таҷрибаи таърихии инсоният гувоҳ аст, ки ҳеҷ ҷомеа бидуни таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва татбиқи фарҳанги авфу гузашт ба пешрафту рушди устувор ноил шуда наметавонад. Авф ҳамчун арзишҳои олии ахлоқӣ на танҳо дар муносибатҳои байни инсонҳо, балки дар сиёсати давлатӣ низ нақши муҳим мебозад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи ҳуқуқи инсон ва сиёсати инсонмеҳвар диққати махсус зоҳир менамояд. Дар низоми давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, эҳтироми шаъну шарафи шаҳрвандон ва татбиқи принсипҳои инсондӯстӣ аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба ҳисоб мераванд.

Авф маънои аз гуноҳ гузаштан, аз баҳри интиқом гузаштан ва бахшидани шахсеро дорад, ки нисбат ба инсон, ҷомеа ва давлат хато ва ҷинояте содир кардааст. Ба маънои ахлоқӣ афв нишонаи бузургӣ, хирадмандӣ, сабру таҳаммул ва камолоти маънавии шахс мебошад. Дар таълимоти исломӣ афву гузашт ҳамчун яке аз беҳтарин сифатҳои инсонӣ эътироф шудааст. Қуръони карим ва ҳадисҳои Паёмбарону пешвоёни дин инсонҳоро ба бахшиш, меҳрубонӣ ва дурӣ аз қасос даъват мекунанд. Зеро интиқомҷӯӣ оташи кинаву душманиро бештар мегардонад, аммо афв метавонад дилҳоро нарм, муносибатҳоро хубтару беҳтар ва муҳити ҷомеаро ором созад.

Ҳар як маҳкумшудагон, сарфи назар аз вазнинии ҷинояти содирнамудааш, ҳатто нафарони якумра аз озодӣ маҳрумшуда, дар қалби худ умед доранд, ки рӯзе давлат нисбат ба онҳо меҳрубонӣ зоҳир намуда, аз механизми авф ё бахшиши ҷазо истифода бурда, ҷазои онҳоро сабук ё аз адои ҷазо озодашон мекунад. Маҳз ҳамин умед ба раҳму шафқат ва имконияти дубора ба зиндагии шоиста баргаштан яке аз омилҳои муҳими ислоҳи маҳкумшудагон ба ҳисоб меравад. Институти авф на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки эътимоди давлат ба қобилияти ислоҳшавии инсон мебошад.

Дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 21-уми декабри соли 2021 зикр шуда буд, ки “дар даврони истиқлол 17 маротиба қонун дар бораи авф қабул ва нисбат ба 170 000 нафар татбиқ гардида, онҳо аз адои ҷазо озод карда шуданд. Аз ҷумла 7-уми сентябри соли 2021 ба муносибати ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ қонуни авф қабул карда шуд, ки тибқи он 11 500 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гардиданд”. Ин нишондиҳанда далели равшани он аст, ки сиёсати ҳуқуқӣ-ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба ҷазодиҳӣ равона набуда, балки ба ислоҳ, азнавтарбиякунӣ ва фароҳам овардани имконияти дубора барои иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷомеа низ нигаронида шудааст.  Аз нуқтаи назари сиёсати ҳуқуқӣ, бахусус ҳуқуқӣ--ҷиноятӣ, қабули мунтазами қонунҳои авф шаҳодати он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва татбиқи принсипи инсондӯстӣ содиқ ва устувор мебошад. Ҳамон тавре ки зикр намудем, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати инсондӯстона ва ғамхорӣ нисбат ба инсон ҳамчун яке аз самтҳои асосии фаъолияти давлат эътироф гардидааст. Намунаи равшани ин сиёсат пешниҳод ва қабули Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 16 июни соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Баъд аз қабули қонун аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он имзо гузошта шуд.

Мувофиқи муқаррароти меъёрҳои қонуни мазкур, он нисбат ба 18038 нафар маҳкумшуда татбиқ мегардад. Аз ин шумора 11305 нафар аз адои ҷазо озод шуда, нисбат ба 6733 нафар муҳлати адонагардидаи ҷазо кам карда мешавад. Ин нишондиҳандаҳо гувоҳи онанд, ки давлат ба масъалаи ислоҳ ва ҳамгироии иҷтимоии шаҳрвандон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Қонун имконият медиҳад, ки ҳазорон нафар ба назди оила ва пайвандони худ баргашта, дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳмгузор бошанд.

Яке аз хусусиятҳои муҳимми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 16-уми июни соли 2026 таваҷҷуҳи махсус ба ҳифзи манфиатҳои занон ва ноболиғон мебошад. Аз 507 нафар заноне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо менамоянд, 248 нафар аз адои минбаъдаи ҷазо озод гардида, нисбат ба 259 нафар муҳлати ҷазо кам карда мешавад. Ҳамчунин аз 134 нафар ноболиғе, ки ҷазо адо менамоянд, 99 нафар пурра аз адои ҷазо озод шуда, нисбат ба 35 нафар муҳлати ҷазо коҳиш дода мешавад.

Қайд кардан зарур аст, ки дар асоси қонуни авф  санаи 10.07.2026 озодшавии беш аз 2075 нафар зиндонӣ дар вилояти Суғд аз зиндонҳои шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан. Инчунин дар муассисаи ислоҳии 3/3 низомаш сахт 506 нафар, муассисаи ислоҳии 3/5 низомаш пурзур 892 нафар, муассисаи ислоҳии 9/2 яъне (сизо) 60 нафар, муассисаи ислоҳии 9/5 яъне (сизо) 28 нафар, муассисаи ислоҳии сукунат 3/11 589 нафар ба озодӣ баромаданд.

Ин тадбирҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки давлат ба масъалаи ҳифзи оила, тарбияи насли наврас ва фароҳам овардани имконияти дубора барои ислоҳи ҷавонон аҳаммияти махсус медиҳад. Бояд гуфт, ки авф ин танҳо як амали ҳуқуқӣ нест, он дорои аҳаммияти иҷтимоӣ ва тарбиявӣ низ мебошад. Зеро, шахс имконияти дубора пайдо мекунад, бештар кӯшиш менамояд, ки дар ҷомеа мавқеи муносибро соҳиб гардад ва дигар ба роҳи ҷинояткорӣ барнагардад. Аз ҷониби дигар, татбиқи Қонуни авф барои коҳиш додани шиддати иҷтимоӣ, таҳкими робитаҳои оилавӣ, беҳтар намудани вазъи иқтисодии оилаҳо ва мутобиқшавии иҷтимоии шаҳрвандон мусоидат менамояд. Қонун мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдорро вазифадор менамояд, ки барои бо ҷойи кор таъмин намудани шахсони озодшуда, фаро гирифтани ноболиғон ба таҳсил ва баҳисобгирии онҳо чораҳои зарурӣ андешанд. Ин тадбирҳо барои мутобиқшавии иҷтимоии онҳо аҳаммият доранд. Таҷриба ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Қонунҳои авф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (зиёда аз 17 маротиба қабул шудаанд) танҳо санади ҳуқуқӣ нестанд, балки таҷассумгари фарҳанги миллӣ, арзишҳои башардӯстона ва сиёсати иҷтимоии давлат мебошанд. Онҳо нишон медиҳанд, ки давлат ба ҳар инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ (м. 5 Конститутсия Тоҷикистон) муносибат намуда, барои ислоҳ ва бозгашти ӯ ба зиндагии муқаррарӣ имконият фароҳам меорад. Албатта, дар давлату ҷомеае, ки бахшиш, инсондӯстӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон ҳукмфармост, фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод бештар мегардад ва маҳз чунин фазо метавонад заминаи воқеии таҳкими ваҳдати миллӣ бошад.

Қабули ин Қонун идомаи мантиқии сиёсати инсондӯстонаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар охир хулоса чунин аст, ки  ҳадафи асосии он фароҳам овардани имконият барои ислоҳи шахсони маҳкумшуда, бозгашти онҳо ба ҳаёти муқаррарии ҷамъиятӣ ва таҳкими арзишҳои инсонпарварӣ дар ҷомеа мебошад.

Сардори кафедраи ҳуқуқи

ҷиноятӣ ва мурофиавии

факултети №4 Академияи ВКД

Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ.,

майори  милитсия,                                          Азимзода Шуҳрат. Ҷӯрамурод.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...