Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуалӣ ибни Сино - рамзи хирад

Фаромони Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон аз 23-юми майи соли 2026 дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб рӯйдоди муҳими илмӣ, фарҳангӣ ва миллӣ ба шумор меравад. Ин иқдом на танҳо барои рушди илми тиб, балки қадрдонии олимони барҷаста пос доштани хотираи яке аз бузургтарин фарзандони миллати тоҷик Шайхурраис Абӯалӣ ибни Синоро низ таъмин менамояд. Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ҳамчун ташаббуси навбатии Пешвои миллат як иқдоми муҳим дар самти муаррифии илми тибби тоҷик ва бузурдошти хотираи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик буда, бори дигар собит месозад, ки Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун бузургтарин файласуф, олим, табиб, нависанда ва шоири тоҷик дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузошта, илми ӯ равшанкунандаи алҳи башариат гардидааст.

Ин иқдом на танҳо барои Точикистон, балки барои тамоми кишварҳое, ки мероси илмии Абӯалӣ ибни Синоро гиромӣ медоранд, аҳаммияти бузург дорад. Он метавонад ба густариши ҳамкориҳои илмӣ, табодули таҷриба ва рушди лоиҳаҳои муштараки байналмилалӣ мусоидат намояд.

Ҳоло дар кишварамон яке аз Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва яке аз ноҳияи пойтахти азизамон шаҳри Душанбемайдону хиёбонҳо, маҳалаву ҷамоатҳо ва пайкараву нимпайкараҳо ба номи ин нобиға номгузорӣ шудааст.

Ҳамзамон, ҳар сол рузӣ 18-уми август тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи таваллуди Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб дар кишвар ҷашн гирифта мешавад.

Таърих нишон медиҳад, ки бузургии миллатҳо на аз шумораи аҳолии онҳо, балки аз саҳми онҳо дар пешрафти тамаддуни башарӣ муайян мешавад. Миллати тоҷик тули ҳазорсолаҳо шахсиятҳоеро ба ҷаҳон тақдим намудааст, ки мероси онҳо марзҳои миллӣ ва замони худро пушти сар карда, ба дороии инсоният табдил ёфтаанд. Дар сафи аввалини чунин чеҳраҳои дурахшон номи Абӯалӣ ибни Сино қарор дорад.

Абӯалӣ ибни Сино (980 –1037) яке аз бузургтарин олим, табиб ва файласуфи ҷаҳон буда, дар рушди илми тоҷик ва тамаддуни башарӣ саҳми беназир гузоштааст. Осори илмии ӯ садсолаҳо ҳамчун манбаи асосии дониш дар соҳаҳои тиб, фалсафа мантиқ, табиатшиносӣ, риёзиёт ва астрономия истифода мешавад.

Барои илми тоҷик, Абӯалӣ ибни Сино рамзи донишу маърифат ва ифтихори миллӣ мебошад. Осори ӯ ба ташаккули мактаби илмии минтақа мусоидат намуда, олимони баъдӣ аз андешаҳо ва кашфиёти ӯ баҳра гирифтаанд. Имрӯз низ дар муассисаҳои илмӣ ва ҷоизаҳои бонуфуз гузошта шудааст.

Мероси илмии Абӯалӣ ибни Сино ҷавононро ба омӯзиши илм, таҳқиқот ва ихтироъкорӣ ҳидоят мекунад. Андешаҳои ӯ оид ба аҳаммияти дониш, таҷриба ва мушоҳида дар таҳқиқот ва ихтироъкорӣ ҳидоят мекунад.

Саҳми Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илми тоҷик ниҳояд бузург аст. Абӯалӣ ибни Сино бо осори гаронбаҳои худ на танҳо фарҳанги илмии тоҷиконро бой гардонид, балки дар рушди илми ҷаҳонӣ низ нақши муҳим бозид. Мероси ӯ имрӯз ҳам ҳамчун сарчашмаи дониш, хирад ва пешрафти илм барои наслҳои оянда хизмат мекунад.

Абӯалӣ ибни Сино (Абуалӣ ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино) соли 980 милодӣ (370 ҳиҷрии қамарӣ) дар деҳаи Афшана, дар наздикии шаҳри Бухоро, ба дунё омадааст. Дар он давра Бухоро яке аз марказҳои бузурги илм, фарҳанг ва тамаддуни Шарқ ба шумор мерафт.

Падари Абӯалӣ ибни Сино, Абдуллоҳ, шахси донишманд ва аз аҳли илм буд. Модараш Ситора аз сокинони Афшана буд. Аз овони кӯдакӣ Абӯалӣ ба омӯзиши илм шавқу рағбати зиёд нишон медод. Ӯ аввал қуръони Карим, забон ва адабиёти арабӣ, мантиқ, риёзиёт ва дигар илмҳои замони худро омӯхт.

То синни 10 – солагӣ қуръонро пурра аз худ кард ва баъдан ба омӯзиши фалсафа, тиб, табиатшиносӣ ва дигар илмҳо машғул шуд. Бо истеъдоди фавқулодда ва меҳнати пайваста, ӯ дар ҷавонӣ ба яке аз донишмантарин шахсони даврони худ табдил ёфт.

Минбаъд Абӯалӣ ибни Сино лақаби Шайхро гирифт, зеро касе, ки Қуръонро аз худ мекард ӯро сарфи назар аз синну солаш Шайх мегуфтанд. Сипас Абдуллоҳ писари худро аз мактаби ибтидоӣ гирифта, назди муаллимони хусусӣ гузошт, ки онҳо асосҳои илмро ба ӯ омухтанд. Абӯалӣ ибни Сино аз ҷиҳати ҷисмонӣ бенуқс, дар ҳусну хулқ зебо буда, зеҳни бурро ва истеъдоди баланд дошт, ки аз ин омӯзгорон ба ҳайрат мемонданд. Дар он замон Ҳусайнро падараш назди Абдуллоҳи Массоҳ, ки аз донишмандони соҳаи ҳисобу ҳандаса (геометрия) буд, ба шогирдӣ гузошт. Ибни Сино аз устодаш дар андак вақт ҳисобу ҳандасаро омӯхта, дар омӯзиши ин илм муваффақ шуд.

Бар замми ин Абӯалӣ ибни Сино дар назди Исмоили Зоҳид ду сол ба омӯхтани тафсири Қуръон, ҳадиси пайғамбар ва фиқҳ мепардозад. Ба ҳамин тариқ, ӯ то 12 солагӣ дар тафсир, ҳадис ва фиқҳ маҳорат пайдо кард. Вай ҳамеша чун беҳтарин толибилм эътироф мегашт. Шеваи баҳс, одоби музокира, тарзҳои эътироф ба ҳариф ва ҳусни муҳовараро нағз омӯхта буд. Истиқлоли фикр, вусъати андеша ва бо далел сухан рондан хоси ин навҷавони дар роҳи илм пешрав буд. Дар масъалаҳои маслаку мафкура ӯ истиқлоли худро ҳатто аз падари хеш ҳам нигоҳ медошт. Баъди фаро гирифтани маълумоти миёна Ибни Сино аз пайи такмили донишу маърифат гашт.

Абӯалӣ ибни Синото 15 - солагӣ илмҳои табииёт, илоҳиёт, фалсафа, ҳикмати илоҳӣ, нуҷум, мусиқии назарӣ, геометрия, математика ва амалиро мустақилона омӯхта, дар 16 - солагӣ ба омӯхтани илми тиб машғул шуд.

Абӯалӣ ибни Сино илми тибро аз Абумансур Ҳасан Камарии Бухороӣ, ки табиби дарбори Нӯҳ ибни Мансур буд, омӯхт. Аслан омӯзиши илми тибро ӯ дар 12-солагӣ шурӯъ карда буд, вале ба маслиҳати Абусаҳли Масеҳӣ аз идомаи таҳсил худдорӣ намуда, чанде таваққуф намуд. Ба ҳамин тариқ, Абӯалӣ ибни Сино дар 16-солагӣ чун як табиби ҳозиқ дар тамоми Бухоро шинохта шуд. Ҳамчунин, ба такмили дониши худ дар соҳаи илми фиқҳ, мантиқ, фалсафа, табиатшиносӣ, риёзиёт ва илми Илохӣ баргашта, дар муддати якуним сол донишу малакаи худро дар ин самт мукаммал намуд.

Абӯалӣ ибни Сино шахси ниҳоят пуркор, ҷиддӣ ва меҳнатдӯст буд. Нафақат ақли расо ва қобилияти баландаш боиси пешрафти илми ва маънавии ӯ мешуд, балки кӯшиши амиқ, сабру тоқат ва ҷаҳду талошҳояш низ воситае буд, ки пирӯзӣ ва комёбиҳои маънавии ӯро таъмин мекард.

Абӯалӣ ибни Сино беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240 - ададаш боқи мондааст. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150 - тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40 - тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ «Китоб уш-Шифо» ва «Китобу-л-Қонун фит-Тибб» ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда ва дар донишгоҳҳои Аврупо то асри 19 истифода бурда шудаанд.

Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илми тиб саҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими юнонӣ Гален, метафизикаи Арасту (Сино яке аз тафсиргарони асосии Арасту буд), илми пизишкии Эрони бостон, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди бостон сарчашма гирифта, онҳоро якҷоя омӯхтааст. Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун падари пизишкии мудерн ва дорушиноси болинӣ шумурда мешавад.

Вай боз асосгузори мантиқи синоӣ, мактаби фалсафии синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Абӯалӣ ибни Сино ҳамчунин «падари геология» низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозитсияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Абӯалӣ ибни Сино парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буд. Вале қисми зиёди умри худро пас аз фурӯпошии давлати мутамаркази Сомониён дар гирдоби ҳодисаҳои мудҳиши нимаи аввали асри XI сипарӣ гардонидааст. Абӯалӣ ибни Сино гоҳ чун табибу файласуф, баъзан ба сифати фақеҳу (донишманд) вазир, ҳатто замоне чун маҳбуси зиндони ҳаёт умр ба сар бурд, чун надими хосси подшоҳону маликон низ рӯзгор гузаронидааст. Аммо ӯ лаҳзае аз омӯзиш ғафлат наварзида, аз пажӯҳиш ва корҳои илмӣ дур набуд.

Баръакс бисёр бузургони гузашта, ки аз зиндагии онҳо маълумоти аниқе дастрас нест, санаҳои зиёде аз рӯзгори Абӯалӣ ибни Сино маълум аст. Рӯзгор ва саргузашти Абуалӣ ибни Сино ба дасти шогирди вафодораш Абуубайди Фақеҳии Ҷузҷонӣ имло шудааст. Воқеаву ҳодисаҳои 25 соли охири умри Синоро Абуубайд, ки ҳамеша ҳамроҳи устод ва шоҳиди руйдодҳо буд, навиштааст, ки ин имло ва навишта бо номи «Рисолаи саргузашт» маълум буда, дар асли арабӣ ва тарҷумаҳо ба забонҳои гуногун чандин бор ба табъ расидааст.

Таваллуди Абуалӣ ибни Сино барои таърихи илм ва фарҳанги тоҷик аҳмияти бузург дорад. У минбаъд бо таълими садҳо асари илмӣ, аз ҷумла “Ал-қонун фи-т-тиб” ва “Китоб-уш-шифо”, ба рушди тиб, фалсафа ва дигар илмҳо саҳми бузург гузошт ва ҳамчун яке аз бузургтарин олимони ҷаҳон шинохта шуд. Имрӯз номи Абуалӣ ибни Сино рамзи дониш, хирад ва пешрафти илм дар Тоҷикистон ва ҷаҳон мебошад.


Омӯзгори кафедраи фанҳои

Ҷамъиятии факултети №2 Академияи

ВКДҶумҳурии Тоҷикистон

лейтенанти калони милитсия

Одиназода С.Р.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...