Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз дипломатияи сулҳ то дипломатияи об: нақши Тоҷикистон дар татбиқи ду омили асосии ҳастӣ, субот ва рушди устувори башар

Дар ҷаҳон ҳеҷ нерӯе қавитар аз сулҳ вуҷуд надорад. Агар об омили табиии сарсабзӣ ва идомаи ҳаёт бошад, пас сулҳ омили маънавии бақо, пешрафт ва саодати инсоният ба ҳисоб меравад. Маҳз дар фазои сулҳу субот инсон метавонад дониш омӯзад, ҷомеа рушд кунад, иқтисодиёт пеш равад ва барои наслҳои оянда шароити шоистаи зиндагӣ фароҳам оварда шавад. Аз ҳамин ҷиҳат, сулҳ ва об ҳамчун ду арзиши бузурги умумибашарӣ дар таъмини ояндаи устувори ҷаҳон нақши калидӣ доранд.

Фарҳанги тоҷикон аз қадимулайём фарҳанги сулҳпарварӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоишта мебошад. Мероси гаронбаҳои ниёгони мо саршор аз андешаҳои сулҳҷӯёна буда, мутафаккирон ва адибони тоҷик ҳамеша мардумро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳрубонӣ ва дурӣ аз хушунат даъват намудаанд. Дар фарҳанги ирфонӣ низ сулҳ, муҳаббат ва таҳаммулпазирӣ ҳамчун арзишҳои волои инсонӣ пазируфта мешаванд.

Маҳз ҳамин арзишҳои таърихӣ ва фарҳангӣ имрӯз дар сиёсати созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассуми худро пайдо намудаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияти сиёсии худ сулҳу ваҳдат ва суботи ҷомеаро ҳамчун омили асосии рушди давлатдорӣ муайян намуданд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки баъди солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ ба даст омад, намунаи равшани он аст, ки тавассути муколама, ҳамдигарфаҳмӣ, гузашт ва иродаи қавии сиёсӣ метавон ба сулҳи пойдор ноил гардид.

Бо дарназардошти таҷрибаи таърихии худ ва масъулияти байналмилалӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ пайваста ташаббусҳоеро пешниҳод менамояд, ки ба таҳкими сулҳ, амният ва рушди устувор равона шудаанд. Яке аз чунин иқдомҳои муҳими байналмилалӣ пешниҳоди ташаббуси «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мебошад.

Ин ташаббус бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи сентябри соли 2024 пешниҳод гардид. Баъдан, 25 июни соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро қабул намуда, солҳои 2027–2036-ро ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» эълон кард.

Қабули ин қатънома нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳаммияти сулҳро ҳамчун шарти асосии рушди устувор, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини зиндагии шоистаи мардум эътироф менамояд. Ин санад ба таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо тавассути дипломатия ва муколама, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда равона шудааст.

Имрӯз масъалаи сулҳ на танҳо ба набудани ҷанг маҳдуд намешавад. Сулҳи воқеӣ бо рушди иқтисодӣ, амнияти экологӣ, дастрасӣ ба захираҳои ҳаётан муҳим ва имконияти зиндагии арзанда пайванди ногусастанӣ дорад. Яке аз чунин захираҳои муҳими ҳаётӣ об мебошад, ки дар асри XXI ба яке аз масъалаҳои стратегии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Дар шароити тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолии ҷаҳон, рушди босуръати саноат ва шаҳрнишинӣ масъалаи истифодаи оқилона ва идоракунии устувори захираҳои обӣ аҳаммияти махсус пайдо кардааст. Об имрӯз танҳо масъалаи экологӣ нест, балки ба омили муҳими амнияти байналмилалӣ, рушди устувор ва ҳамкориҳои байнидавлатӣ табдил ёфтааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги обӣ буда, дар ташаккули қисми зиёди захираҳои обии Осиёи Марказӣ нақши муҳим дорад, аз солҳои аввали истиқлолият масъалаи обро ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати байналмилалии худ муайян намуд. Бо ташаббуси Пешвои миллат масъалаҳои вобаста ба об, ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим ба рӯзномаи ҷаҳонӣ ворид гардида, Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори фаъоли дипломатияи об эътироф гардид.

Дар давоми зиёда аз ду даҳсолаи охир ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ гардида, дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун иқдомҳои муҳим барои ҳалли масъалаҳои глобалии об пазируфта шудаанд. Аз ҷумла, эълон гардидани «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005–2015), «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», инчунин ташаббусҳо вобаста ба ҳифзи пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим далели равшани нақши Тоҷикистон дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии об мебошанд.

Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи обро танҳо ҳамчун мушкилоти як минтақа ё як давлат баррасӣ намекунад, балки онро ҳамчун масъалаи умумибашарӣ, ки ба ҳаёт, саломатӣ, иқтисодиёт, амният ва муносибатҳои байнидавлатӣ таъсири мустақим дорад, арзёбӣ менамояд. Маҳз ҳамин муносибати созанда боиси он гардид, ки ташаббусҳои Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон ҷонибдорӣ ёфта, барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Таҷрибаи Тоҷикистон дар масъалаҳои об ва сулҳ нишон медиҳад, ки ин ду мафҳум бо ҳамдигар робитаи амиқи мантиқӣ доранд. Дар шароите, ки захираҳои табиӣ, аз ҷумла об, метавонанд ба омили рақобат ва ихтилоф табдил ёбанд, истифодаи оқилона ва одилонаи онҳо метавонад баръакс, воситаи таҳкими ҳамкорӣ, эътимод ва сулҳи пойдор гардад. Аз ин рӯ, дипломатияи обии Тоҷикистон бар асоси ғояи ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти муштараки давлатҳо дар назди наслҳои имрӯз ва оянда ташаккул ёфтааст.

Идомаи мантиқии сиёсати байналмилалии Тоҷикистон дар самти об эълони Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об мебошад. Ин иқдом марҳилаи нави рушди дипломатияи об ба ҳисоб рафта, ҳадафи он қадрдонии шахсиятҳо, олимон, муассисаҳои илмӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ниҳодҳое мебошад, ки дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, татбиқи сиёсати устувори об ва пешниҳоди роҳҳои муассири ҳалли мушкилоти ҷаҳонии вобаста ба об саҳми арзанда мегузоранд.

Аҳаммияти ин ҷоиза дар он ифода меёбад, ки он танҳо як воситаи қадршиносӣ нест, балки метавонад ба механизми муҳими таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва байналмилалӣ табдил ёбад. Дар замоне, ки ҷаҳон бо мушкилоти тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, камшавии захираҳои оби тоза ва афзоиши талабот ба об рӯ ба рӯ мебошад, ҳавасманд намудани фаъолияти илмӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави идоракунии захираҳои обӣ аҳаммияти стратегӣ дорад.

Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об метавонад ба рушди таҳқиқоти илмӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, мубодилаи таҷриба байни давлатҳо ва ташаккули фарҳанги нави истифодаи устувори захираҳои об мусоидат намояд. Ин иқдом ҳамзамон мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии экологӣ ва рушди устувор боз ҳам тақвият мебахшад.

Нақши Пешвои миллат дар ташаккули чунин мавқеи байналмилалии Тоҷикистон махсусан назаррас мебошад. Маҳз бо ташаббус ва роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои марбут ба об, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим ба сатҳи баланди сиёсати байналмилалӣ бароварда шуданд. Ин раванд намунаи равшани дипломатияи созанда мебошад, ки ҳадафи он на танҳо ҳифзи манфиатҳои миллӣ, балки саҳм гузоштан дар ҳалли мушкилоти умумибашарӣ мебошад.

Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об ва сулҳ аз як ҳадафи умумӣ – таъмини зиндагии осоишта ва устувори наслҳои оянда сарчашма мегиранд. Зеро бе сулҳ имкони рушди устувор ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ вуҷуд надорад ва бе идоракунии дурусти захираҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла об, таъмини амнияти дарозмуддати ҷомеа ғайриимкон аст.

Дар ин раванд ҷавонон ҳамчун нерӯи асосии ояндаи ҷомеа нақши муҳим доранд. Тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи сулҳпарварӣ, ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои инсонӣ, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ яке аз шартҳои муҳими пойдории сулҳ ва рушди устувор мебошад. Маҳз ҷавонон метавонанд ғояҳои сулҳ, ҳамкорӣ ва масъулияти экологиро ба наслҳои оянда интиқол диҳанд.

Ҳамин тавр, сулҳ ва об ҳамчун ду арзиши бузурги умумибашарӣ дар таъмини ояндаи устувори инсоният нақши муҳим доранд. Сулҳ барои рушди ҷомеа, пешрафти давлатҳо ва зиндагии шоистаи мардум замина фароҳам меорад, об бошад, ҳамчун манбаи ҳаёт барои идомаи ҳастии инсон ва тамоми мавҷудоти зинда аҳаммияти бунёдӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб мераванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва ҷонибдори ҳалли осоиштаи масъалаҳои глобалӣ мавқеи устувор пайдо кардааст. Ташаббуси «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об идомаи як сиёсати ягонаи созанда мебошанд, ки ба таъмини амният, субот, ҳамкорӣ ва рушди устувори башар равона шудаанд.

Қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» бори дигар собит месозад, ки сулҳ арзиши волои умумибашарӣ буда, ҳифзи он масъулияти муштараки тамоми давлатҳо ва ҷомеаҳои ҷаҳон мебошад. Ин ташаббус аҳаммияти муколама, дипломатия, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмиро дар ҳалли низоъҳо таъкид намуда, роҳҳои расидан ба ҷомеаи осоишта ва устуворро муайян менамояд.

Ҳамзамон, ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти об нишон медиҳанд, ки масъалаҳои экологӣ ва амнияти инсонӣ бо сулҳу субот робитаи ногусастанӣ доранд. Истифодаи одилона ва оқилонаи захираҳои об метавонад ба таҳкими эътимод байни давлатҳо, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва пешгирии низоъҳои вобаста ба захираҳои табиӣ мусоидат намояд. Аз ин лиҳоз, дипломатияи обии Тоҷикистон на танҳо ба ҳифзи муҳити зист, балки ба таҳкими сулҳ ва амнияти байналмилалӣ низ хизмат мекунад.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ намунаи арзишманди ҳалли низоъҳо тавассути гуфтушунид ва созиш мебошад. Миллати тоҷик, ки оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, аҳаммияти воқеии сулҳ ва ваҳдатро хуб дарк мекунад. Аз ҳамин ҷиҳат, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон аз таҷрибаи таърихӣ ва арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик сарчашма гирифта, ба манфиати тамоми инсоният равона шудаанд.

Дар маҷмӯъ, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сулҳ ва об ифодакунандаи сиёсати башардӯстона, созанда ва дурбинона мебошанд. Онҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон на танҳо ҷонибдори сулҳу суботи дохилӣ, балки иштирокчии фаъол дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ мебошад. Таҳкими сулҳ, ҳифзи захираҳои обӣ, мубориза бо тағйирёбии иқлим ва таъмини рушди устувор бояд ҳамчун ҳадафҳои муштараки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шаванд.

«Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об метавонанд ҳамчун саҳифаҳои муҳими дипломатияи муосири кишвар арзёбӣ гарданд. Ин иқдомҳо баёнгари он мебошанд, ки дар ҷаҳони имрӯз танҳо тавассути ҳамкорӣ, эҳтироми ҳамдигар, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва талошҳои муштарак метавон барои наслҳои оянда ҷаҳони орому осуда ва зиндагии шоиста фароҳам овард.

Хулоса, сулҳ заминаи зиндагӣ ва об сарчашмаи ҳаёт аст. Ҳифзи ин ду неъмати бузург вазифаи умумии башарият буда, саҳми Тоҷикистон дар пешбурди ин арзишҳо намунаи равшани сиёсати масъулона ва сулҳпарварона дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Муаллими калони кафедраи

мурофиаи ҷиноятии факултети №2, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

капитани милитсия

Сулаймонзода Рустами   Неъматуло

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...