Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АВФ ИМТИЁЗЕСТ, КИ БО РИОЯИ ТАЛАБОТИ ҚОНУН ТАТБИҚ МЕГАРДАД

2026-07-09-18.48.11Қонуни авф санади меъёрии ҳуқуқие мебошад, ки нисбат ба категорияҳои номуайяни шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд ё маҳкум шудаанд, татбиқ карда мешавад. Авф ҳамчун иқдоми башардӯстона бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, ба шахсоне дахл дорад, ки то лаҳзаи қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҷиноят содир намудаанд ё барои содир кардани ҷиноят ба ҷазои ҷиноятӣ маҳкум гардидаанд.

Авф бо мақсади татбиқи принсипҳои инсондӯстӣ, таҳкими адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани имконияти ислоҳ ва бозҳамгироии шахсони ҷиноятсодирнамуда ба ҷомеа, инчунин, таъмини манфиатҳои давлат ва ҷомеа қабул мегардад. Одатан, ин санади меъёрии ҳуқуқӣ ба муносибати ҷашнҳои муҳими сиёсӣ ва миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, нишонаи сиёсати башардӯстона ва иҷтимоии кишвари азизамон арзёбӣ мегардад.

Авфи имсола, ки ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории маҳлиси қонунбарори кишвар қабул гардид, барои маҳкумшудагон имконияти бозгашт ба ҳаёти муқаррарӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеаро фароҳам овард.

Бо татбиқи ин санади ҳуқуқӣ онҳо метавонанд аз сабукиҳо ва имтиёзҳои пешбининамудаи қонун бархурдор шаванд. Ин иқдоми инсонпарварона ба таҳкими арзишҳои инсондустӣ, дастгирии оилаҳои маҳкумшудагон, мусоидат ба ислоҳи онҳо ва фароҳам овардани фазои мусоиди иҷтимоӣ барои таҷлили ҷашнҳои муҳими сиёсӣ ва миллӣ дар рӯҳияи шодиву ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат мекунад.

Бояд закр намуд, ки авф эҳсоси қадрдонӣ ва сипосгузории шаҳрвандонро нисбат ба сиёсати башардӯстонаи Президенти мамлакат тақвият бахшида, онҳоро барои зиндагии шоиста ва ҳамгироии дубора ба ҷомеа ҳавасманд месозад.

Ҳадафҳои асосии авф аз он иборатанд, ки давлат нисбат ба шаҳрвандоне, ки ҷиноят содир намудаанд, раҳму шафқат ва муносибати башардӯстона зоҳир менамояд. Дар баробари ин, аз шахсони мавриди авф қароргирифта тақозо мегардад, ки бо рафтору амали худ ислоҳ шудан ва пушаймонӣ аз кирдорҳои содиркардаашонро собит намоянд.

Моҳияти авф дар татбиқи чораҳои некхоҳона нисбат ба шахсони ҷиноятсодиркарда ифода меёбад, ки дар натиҷаи он онҳо метавонанд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё иҷрои ҷазо пурра ё қисман озод карда шаванд. Ҳамзамон, нисбат ба баъзе шахсон муҳлати ҷазои таъиншуда метавонад ихтисор гардида ё намуди ҷазо сабуктар карда шавад.

Асосан авф нисбат ба шахсоне татбиқ мегардад, ки ҷиноятҳои дараҷаи миёна ва начандон вазнин содир намудаанд. Тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, авф метавонад дар шаклҳои гуногун татбиқ гардад. Ин санад на танҳо нисбат ба гурӯҳи муайяни ашхос, балки вобаста ба категорияҳои алоҳидаи шахсон, бо назардошти хусусияти ҷиноятҳои содиршуда ва дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии онҳо татбиқ карда мешавад. Хусусияти асосии авф дар он ифода меёбад, ки он на танҳо шахсро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё иҷрои ҷазо пурра ё қисман озод менамояд, балки метавонад муҳлати ҷазоро ихтисор, намуди ҷазоро сабуктар, инчунин доғи судиро бекор кунад. Ҳамзамон, нисбат ба категорияи шахсоне, ки кирдорҳои содирнамудаи онҳо барои ҷомеа хавфи баланд доранд, санади авф метавонад ягон намуди сабукиро пешбинӣ накунад.

Мақсади авф аз он иборат аст, ки як гурӯҳи шахсони ҷиноятсодиркарда, ки бо назардошти кирдор ва рафторашон барои ҷомеа хавфи зиёд надоранд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё иҷрои ҷазо озод карда шаванд. Нисбат ба гурӯҳи дигаре, ки қисми муайяни ҷазои таъиншударо адо намудаанд, муҳлати боқимондаи ҷазо метавонад ихтисор карда шавад.

Аз ин рӯ, дар моддаҳои аввали санади авф ба категорияҳои алоҳидаи шахсон, аз ҷумла ноболиғон, занон, занони ҳомила, шахсони дорои маъюбият, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, пиронсолон ва дигар шахсони ба инҳо баробар, афзалият дода мешавад. Нисбат ба дигар категорияҳои шахсон масъалаи татбиқи авф бо назардошти хусусияти ҷинояти содиршуда, дараҷаи вазнинии он, хавфнокии ҷамъиятии кирдор, мавҷудияти ҳолати ретсидиви ҷиноят, маҷмӯи ҷиноятҳо, маҷмӯи ҳукмҳо ва дигар ҳолатҳо арзёбӣ карда мешавад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки 16 июни соли 2026 қабул гардид масоили озод намудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо, инчунин, ихтисор намудани муҳлати ҷазо бо дарназардошти меъёрҳо ва талаботи дар боло зикршуда ва бардоштани доғи судӣ ба миён гузошта шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки Қонуни авфи имсола ҳолатҳоеро муқаррар мекунад, ки дар баъзе санадҳои қаблии авф ба таври мушаххас танзим нагардида буданд ва ё мавриди баррасӣ қарор нагирифта буданд. Аз ҷумла, дар қонуни мазкур масъалаи вобаста ба ҷуброни зарари аз ҷониби шахси ҷиноятсодирнамуда расонидашуда пешбинӣ гардидааст. Тибқи талаботи он, шахс барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё иҷрои ҷазо озод шудан бояд зарари расонидашударо пурра ҷуброн намояд. Ҳамчунин, дар қонун мушаххас гардидааст, ки нисбат ба шахсоне, ки дар кофтуков қарор доранд, муқаррароти авф метавонад бе даъват ва огоҳ намудани пешакии онҳо татбиқ карда шавад. Дар сурати аз ҷониби чунин шахсон изҳори норозигӣ намудан, парвандаҳои онҳо тибқи тартиби умумии пешбининамудаи қонунгузорӣ баррасӣ карда мешаванд.

Дар баробари он, ки авф сиёсати раҳмдилона ва инсонпарваронаи давлатро нисбат ба ин гурӯҳи шаҳрвандон ифода мекунад, ҳамзамон, барои татбиқи он шартҳо ва меъёрҳои мушаххас пешбинӣ шудаанд, ки риояи қатъии онҳо иҷрои дурусту самараноки санади авфро таъмин менамояд.

Қонуни авфи имсола дар муҳлати ду моҳ аз ҷониби сохторҳои дахлдор пурра татбиқ карда мешавад. Ҳамзамон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо вазифадор мегарданд, ки ба ҳамаи маҳкумшудагоне, ки баъди татбиқи қонуни авф аз муассисаҳои ислоҳӣ озод мешаванд, кумаки иҷтимоӣ расонанд. Ба он шахсоне, ки бинобар маҳрум шудан аз озодӣ ҷойи кор ва манбаи даромади зиндагии худро аз даст додаанд, барои пайдо намудани ҷойи кор мусоидат карда мешавад. Шахсоне, ки шуғл надоранд, ба курсҳои касбомӯзӣ, бозомӯзӣ ва дигар чорабиниҳои мусоидаткунанда ба шуғл фаро гирифта мешаванд. Ин тадбирҳо барои мутобиқшавии иҷтимоии шахсони аз маҳбас озодшуда, пешгирии такроран содир намудани ҷиноят ва фароҳам овардани шароити мусоид барои бозгашти онҳо ба ҳаёти муқаррарӣ равона шудаанд.

Нисбат ба ноболиғон бошад, Қонуни авф муқаррар менамояд, ки ноболиғони аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё иҷрои ҷазо озодшуда ба падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда супорида мешаванд. Дар ҳолате, ки падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда имконияти дурусти тарбия ва назорати ноболиғро надошта бошанд ё эҳтимоли аз ҷониби ӯ такроран содир намудани ҷиноят вуҷуд дошта бошад, ҷиҳати ҷойгир намудани чунин категорияи ноболиғон дар мактаб-интернатҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Яке аз шартҳои муҳимме, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» пешбинӣ менамояд, ба пешгирии содир гардидани ҳуқуқвайронкуниҳои нав равона шудааст. Бо ин мақсад, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, раёсатҳо ва шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо вазифадор мебошанд, ки рафтор ва фаъолияти шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ дар асоси санади авф озодшударо таҳти назорат ва мушоҳида қарор диҳанд. Илова бар ин, вобаста ба рафтору кирдори чунин шахсон, мақомоти корҳои дохилӣ метавонанд мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда» ба суд ҷиҳати ҷорӣ намудани назорати маъмурӣ нисбат ба онҳо дархост пешниҳод намояд.

Дар маҷмӯъ, Қонуни авф дар баробари он ки намунаи равшани сиёсати башардӯстона ва ғамхории давлат нисбат ба шаҳрвандон ба ҳисоб меравад, аз шахсони мавриди татбиқи он қарордошта низ масъулият ва муносибати арзандаро талаб менамояд. Онҳо бояд дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ бо рафтору амали худ ислоҳ шудан ва эҳтиром гузоштан ба қонунро собит намуда, аз содир намудани ҳама гуна қонуншиканӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ худдорӣ намоянд. Маҳз ҳамин иродаи башардӯстона ва фароҳам овардани шароит барои ислоҳи шахсон яке аз ҳадафҳои асосии қабули Қонуни авф ба ҳисоб меравад.

Омӯзгори Академияи ВКД

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                          

Урфонзода Д.С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...